Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикон истироҳатро фаромӯш кардаанд


Дастмузди кам, нархҳои дастнорас ва шароити бади моддии осоишгоҳҳо имкон намедиҳад, одамон ба истироҳат раванд.

Омӯзгор Саидмоҳ Абдуллоева мегӯяд, ки беш аз 13 сол собиқаи корӣ дорад ва ҳарчанд борҳо талош кардааст, ки ҳаддди ақал барои ду ҳафта ба осоишгоҳҳои кишвар роҳҳхат гирад, аммо имкон нашудааст.

Ҳамсӯҳбатам, ҳарчанд мехоҳад, як моҳи таътили тобистонаро, ки ҳамагӣ соле як бор насиб мешавад дар истироҳатгоҳҳо ба таҳкими тану рӯҳ сарф кунад, баракс дар корҳои хонаводагӣ мегузаронад. Вай мегӯяд:

«Омӯзгори бисёр касби заҳматталаб аст. Вале чӣ кор кунем, ҳамон роҳхат ба истироҳатгоҳҳоро ба одамони худӣ мефурӯшанд ва ё бо нархи баланд моро медиҳанд, ки тавони мо бо ин нарх намерасад. Умуман, вақтҳои охир ман надидам, ягон ҳамкасбамро, ки даъвои ба истироҳат рафтан дошта бошад ва аз иттифоқҳои касабаи мактаб роҳхат талаб кунад.»

Хайригул Сафарова як зани тоҷир мегӯяд, дар осоишгоҳҳои Тоҷикистон истироҳат кардан намешавад.

Зеро агар аз як тараф шароити модии истироҳатгоҳҳо ба талабот ҷавобгӯ набошад, аз тарафи дигар он нархи дам гирифтан дар онҳо хеле баланд аст.

Ба гуфти хонум Хайригул, ӯ як писари маъюб доштааст ва ҳарчанд талош кардааст, ки ҳадди ақал барои ҳамин як писари маъюбаш аз имтиёзҳои давлатӣ истифода барад, талошҳояш бенатиҷа мондаанд.

«Ман назди раиси корхонаамон даромада, гуфтам, ки писарам бемор аст, як роҳхатам диҳед надоданд, бо замми ин маро аз кор пеш карданд. Ман барои ин то ба ҳукумат мактуб навишта, шикоят кардам, наход барои ҳуқуқи худатро талаб кардан аз кор пеш кунанд.»

Феълан дар истироҳатгоҳҳои Тоҷикистон арзиши истироҳат барои як нафар барои 12 рӯз аз 520 сомонӣ то 600 сомонӣ муайян шудааст.

Бино ба иттилои Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, айни ҳол дар осоишгоҳҳои табобатии Шоҳамбарӣ арзиши 12 рӯзи истироҳат 520 сомонӣ, Истаравшан 450 сомонӣ, Оби Гарм 600 сомонӣ, Қайроққум 580 сомонӣ мебошад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки маоши ҳади ақал дар кишвар 60 сомониро ташкил медиҳад. Ва аксаран мардум бо ин маош тавони дар як ва ё ду сол ба истироҳатгоҳҳо рафтанро надоранд.

Бино ба маълумоти Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, ки маҳз ин ниҳод шарт ва масъулияти шаҳрвандонро барои ба истироҳатгоҳҳо рафтан ба ӯҳда дорад, солҳои охир аксарияти осоишгоҳҳои замони шӯравӣ хусусӣ шудаанд ва онҳо дар алоҳидагӣ фаъолият намуда, нархи истироҳатгоҳҳоро муайян мекунанд.

Гуфта мешавад, ки солона аз ҳисоби буҷаи давлат ба Иттифоқи касабаи Тоҷикистон беш 1 миллион сомонӣ ворид мешавад. Раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илм Абдурозиқ Исмоилов мегӯяд, ки солона барои бо истироҳат фаро гирифтани омӯзгорон ҳамагӣ 150 ҳазор сомонӣ ҷудо мешавад, ки ин ночиз аст.

Феълан дар Кумитаи мо 211 000 омӯзгор аъзо мебошанд, мегӯяд ҷаноби Розиқов, ки барои як нафар омӯзгор ҳатто дар 20 сол эҳтимол аст, ки барои ба истироҳат рафтан соҳиби роҳхат шавад.

«Он маблағе ки омӯзгор мегирад, танҳо барои харҷи ҳаррӯзааш басанда нест. Бар замми ин имкон надорад, ки ба истироҳатгоҳҳо равад. Давлат дастгирӣ мекунад, вале миқдори ками омӯзгорон аз дастгириҳои модии давлат дар ин бахш бархӯрдор мешаванд. Масалан, як омӯзгор барои соҳиб шудан ба роҳхати 12-рӯза бояд 560 сомонӣ пардохт кунад, 80 дарсади инро Кумитаи итифоқҳои касаба аз ҳисоби буҷаи давлат пардохт мекунад ва ҳамагӣ 20 дарсадашро худи омӯзгорон."


Дар Тоҷикистон теъдоди онҳое, ки солҳо боз ба истироҳатгоҳҳо намераванд, бо суръат зиёд мешавад. Ва онҳое, ки як каме дар бораи истироҳат кардан ва ё ба истироҳат рафтан аз замони собиқ шӯравӣ маълумот дошта бошанд, ҳам шароити бади моддии осоишгоҳҳо ва нархҳои дастнорас ба онҳо имкон намедиҳад, ки ба истироҳат раванд.

Маъмулан дар Тоҷикистон истироҳатгоҳҳои табобатии Зумрад, Хоҷаобигарм, Шоҳамбарӣ бештар муштарӣ доштанд. Ва ҳамаи инҳо дар замони шӯравӣ сохта шудаанд.

Истироҳатгоҳҳо ва бӯҳрон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:00 0:00
XS
SM
MD
LG