Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабари ғасби истгоҳи оби Узбакистон рад шуд


Мақомоти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва ҳукумати ноҳияи Конибодом хабари вуруди гурӯҳи шаҳрвандон ба истгоҳи обтақсимкунии Узбакистонро рад карданд.

Ба навиштаи нашрияҳои интернетии русизабони Регнум бо истинод сарчашмаҳои мақомоти Узбакистон, бегоҳи рӯзи гузаштаи 12–юми август як гурӯҳ шаҳрвандони Тоҷикистон бо пуштибонии марзбонон вориди сохтмони пойгоҳи мазкур гашта, кормандони он – шаҳрвандони Узбакистонро аз он берун рондаанд. Ҷавобан ба эътирози шаҳрвандони Узбакистон онҳо гуфтаанд, ки пойгоҳ дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир буда, моли ин кишвар маҳсуб меёбад ва касе ҳаққи ба он дастдарозӣ надорад.

Мавзеи наздимарзии Работ дар ноҳияи Конибодом, тахминан 80-километрии Хуҷанд, яке аз минтақаҳои баҳсноки байни Тоҷикистону Узбакистон маҳсуб меёбад ва сари моликият ба порае аз заминҳои кишти он миёни ин ду давлат баҳсу талошҳое вуҷуд дорад.

Вале оё хабари ғасби пойгоҳи обрасонии ин мавзеъ, ки гӯиё ба ҷониби Узбакистон тааллуқ доштааст, аз ҷониби гурӯҳи шаҳрвандону марзбонони тоҷик то куҷо воқеият дорад ?

Полковник Муслиҳ Имомқулов, навбатдори идораи сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар суҳбат бо радиои Озодӣ хабари ҳамла ба пойгоҳи обрасонии Работро бепоя хонд. Ӯ гуфт, ки нафаре аз марзбонони тоҷик вориди ин гуна муноқиша нагаштаанд ва дар маҳали наздимарзии мазкур оромӣ аст.

Рустам Қодиров, муовини аввали раиси шаҳри Конибодом, дар суҳбат бо радиои Озодӣ дар бораи ҳамла ба пойгоҳи обрасони маҳали Работ аз ҷониби гурӯҳи мазбонону шаҳрвандони тоҷик гуфт, «ин хел кор нашудааст, ман хабар надорам».

Зарифҷон Шарифов, сардори хоҷагии оби ноҳияи Конибодом, ба Радиои Озодӣ гуфт, пойгоҳи деҳаи Равот барои ҷамъ овардани оби рӯди Исфара ва обёрӣ кардани қисмате аз заминҳои кишти ноҳияи Конибодом истифода мешавад. Пойгоҳи обрасони ҷониби Узбакистон поёнтар аз пойгоҳи Тоҷикистон, дар дурии 500-600 метр ва дар он сӯи марз, ҷойгир аст. Дар он ҷо шаҳрвандони Узбакистон кор мекунанд.

Оқои Шарифов, «мо барои гузаштан ба тарафи онҳо ва онҳо - ба тарафи мо иҷозат надорем. Агар ягон кору хабар мешуд, ҳатман ман дар ҷараёни он мешудам». Вай изофа кард, ки обронҳои тоҷику узбак дар ҷамъоварӣ ва тақсиму истифодаи об ҳамкориҳое ба роҳ мондаанд ва гоҳ–гоҳ бо ҳам мулоқот мекунанд.

Дар мавзеи Работи ноҳияи Конибодом ҳудуди 60 гектар зардолузор замини баҳснок миёни Тоҷикистону Узбакистон ба ҳисоб меравад. Ҷонибҳо сари тақсими он то ба ҳол ба мувофиқа нарасидаанд.

Сокинони деҳаи Работ аз он замин баҳрабардорӣ мекунанд ва мегӯянд, ки он аз даҳсолаҳо қабл ба онҳо тааллуқ дорад. Вале ҷониби Узбакистон онро ҷузъи қаламрави худ меҳисобад. Дар баҳори соли равон марзбонҳои узбак атрофи он заминҳои баҳнок хандақ канда, посгоҳҳои марзбонӣ гузоштаанд ва равуои шаҳрвандони Тоҷикистонро ба заминҳои зардолузори худ душвор гардониданд.

Коршинос Тилав Расулзода мегӯяд, вале ба ҳар васила ва ошкору ниҳон баҳсу талошҳо сари ба даст овардани ҳаққи соҳибият ба заминҳои баҳсноки марзӣ миёни Тоҷикистону Узбакистон дар минтақаи Работи Конибодом вуҷуд дорад. Ба ин далел ва ин, ки тақсими обу замин аз қабл як мушкили ҳассос миёни сокинони наздимарзӣ дар минтақаи водии Фарғона ҳисоб меёбад, ӯ эҳтимоли рухдоди муноқиша сари пойгоҳи обрасон миёни шаҳрвандони тоҷику узбакро рад намекунад.

Вале Ҳанифа Юсуфова, раиси ҷамоати Пӯлодони ноҳияи Конибодом, ки деҳаи Работ низ таллуқ ба он дорад, мегӯяд, дар ҳоли кунунӣ сари истифодаи он барои сокинон мушкилии ҷиддие вуҷуд надорад. Вай афзуд, «обтақсимкун аз они мост. Сари он ҳеҷ гуна мушкил нест».

Вай гуфт, ҷонибҳои Тоҷикистону Узбакистон сари истифода аз заминҳои баҳсноки наздимарзӣ то замони муайян намудани хати марз ба мувофиқа расидаанд ва дар ҳоли кунунӣ сокинони деҳаи Работ ба заминҳои худ бемалол равуо доранд. Ба гуфтаи хонум Юсуфова, аз ҷониби марзбонони узбак барои рафтуомади шаҳрвандони тоҷик монеаҳои ҷиддие эҷод намешавад.
XS
SM
MD
LG