Ҷиа Ҷиншенг, гуфт, ки ин мавзӯъро дар сӯҳбаташ бо Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, дар Душанбе дар миён гузоштааст.
Аммо ҷаноби Ҷиншенг аз шеваи кӯмакаш ба рафъи ихтилоф миёни ин ду кишвари Осиёи Марказӣ ҳарфе нагуфт ва онро ба фаъолияти коршиносон бастагӣ дод: “Бовар дорам, ки мо метавонем, миёнҷигарӣ кунем ва ҳам ҳалли беҳтари ин мушкилро пешниҳод намоем. Мо хуб медонем, ки масъулони мақомоти кишвари шумо дар ин бора дониш ва ахбороти муфассал ва соҳавӣ доранд. Албатта, ҳар як тарҳи бузурги энержӣ барои ҷамъият ва муҳити зист хатари муайянеро дар пай дорад. Вале бояд ҳукуматҳо бо ҳам кор кунанд, то ин зарар ба андозае поин бурда шавад”.
Ин дар ҳолест, ки қаблан иддае аз масъулон, аз ҷумлаи Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳурӣ, пешниҳод карда буданд, ки тарҳҳои бузурги энержии Тоҷикистон, аз қабили “Роғун” бидуни миёнҷигарии созмону кишварҳои хориҷӣ сохта шавад.
Бархе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба хусус Узбакистон, бо тасмими Тоҷикистон ва Қирғизистон дар масъалаи бунёди нерӯгоҳҳои бузург мухолифат дорад. Узбакистон ба Тоҷикистону Қирғизистон пешниҳод мекунад, ки аз сохтмони сарбандҳои бузург дар рӯдхонаҳои фаромарзӣ даст кашанд, вале таври маълум, ба ивази он чизи дигаре пешниҳод намекунад.
Вале Ҷиа Ҷиншенг мегӯяд, кишварҳои минтақа метавонанд ба сари ҷузъиёти чунин тарҳҳо бо ҳам тавофуқ кунанд. Ба гуфтаи вай, одатан кишварҳо дар мавриди ҷузъиёти ин тарҳҳо бо созмонҳои байналмилалӣ мувофиқат мекунанд. Ҷониби Узбакистон ҳам ба зарурати баррасии байналмилалии тарҳҳои бунёди нерӯгоҳҳо дар Тоҷикистону Қирғизистон борҳо таъкид кардааст.
Агарчӣ давлати Тоҷикистон ҳам барои баррасии байнулмиллаии тарҳҳои энержияш изҳори омодагӣ кардааст, вале то ҳоло ин ҳама ба дардҳои кӯҳнаи ин ду ҳамсояи наздик марҳам нашудааст. Гуфта мешавад, ҳоло Бонки Ҷаҳонӣ машғули баррасии тарҳи сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” аст ва баъд аз эъломи натоиҷи он, марҳилаи мувофиқат бо кишварҳои ҳамсоя дар мавриди ин тарҳ фаро мерасад.
Аммо Ҳомидҷон Орифов, котиби Кумитаи миллии сарбандҳои бузург, мегӯяд, ки ихтилофи Тоҷикистону Узбакистон, бахусус дар бахши истифода аз оби минтақа собиқа дорад ва он бештар аз баҳсҳои фанниву муҳитзистӣ ба як баҳси сиёсӣ табдил шудааст.
Вай мегӯяд, дар ҳоле ки ҷониби Узбакистон хуб медонад, ки бунёди сарбандҳои бузург барои обёрии даҳҳо ҳектор заминҳои ин кишвар аз манифат холӣ нест, аммо аз рӯйи хостаҳои сиёсиаш хатари зистмуҳитиро баҳона ва монеъи иҷрои тарҳҳои бузурги энержии Тоҷикистон мешавад: “Онҳо аз мо беҳтар медонанд, ки саддҳои мо, обанборҳои мо назар ба мо ба онҳо манфиати бештар дорад. Аммо ин масъала сиёстаолуда шудааст. Ин ки мегӯянд, гӯиё саддҳои мо ба муҳити зисти минтақа хатар дорад, баҳонаҳои сохтаанд. Давлати Чин, ки ҳудудан 25 ҳазор чунин саддҳо дорад, таҷруба кардааст, ки ин садҳо то куҷо ба манфиатанд. Ин садҳо солҳост, ки ин кишварро аз ҳар гуна офоти табиӣ эмин нигоҳ медоранд.”
Бо вуҷуди ин ҳама ихтилофоти назар, як сол пештар Тоҷикистон ба таври мустақил сохтмони бузургтарин нерӯгоҳаш “Роғун”-ро дар рӯдхонаи Вахш оғоз кардааст.
Садди обанбори ин нерӯгоҳ, ки қарор аст 335 метр баландӣ дошта бошад ва мушкили Тоҷикистону Узбакистон ҳам рӯйи он сар задааст, аз бузургтарин саддҳо дар ҷаҳон хоҳад буд. Ва Узбакистон борҳо изҳор кардааст, ки сохтмони ин нерӯгоҳ бо чунин садди бузург ба кишварҳои поёнобе чун Узбакистону Қазоқистон асароти манфӣ дар пай дорад.
Ҳарчанд Ҷиа Ҷиншенг аз ин мавқеи ҳукумати Узбакистон комилан пуштибонӣ накард ва аммо гуфт, ки чунин таъсисот бидуни зарар буда наметавонанд. Вай гуфт, мафодде, ки аз чунин тарҳҳои бузурги энержӣ ба даст меоянд, шояд барои ҷуброни хатароти онҳо масраф шаванд.
Ҷиа Ҷиншенг, раҳбари Комиссияи байнулмилаллии саддҳои бузург, ки як созмони ғайридавлатист, барои ширкат дар ҳамоиши байналмилие дар робита бо вазъи кӯли Сарез дар шарқи Тоҷикистон вориди кишвар шудааст.
Қарор аст дар ин ҳамоиш масоили амнияти садди ин кӯл, ки дар пайи як зилзила дар соли 1911 ба вуҷуд омадааст ва ҳам истифода аз захоири оби он дар ин ҳамоиш баррасӣ шавад.