Оқои Муродов узвияти фарзандаш дар Ҷамоаи таблиғро рад намекунад, аммо мегӯяд, ҳукме, ки алайҳи писараш баромад, ҷурму ҷинояти ӯро ошкор накардааст.
Зимнан дар ҳукме, ки Додгоҳи олӣ баровард ва ахиран рӯяш таҷдиди назар накард, аъзои Ҷамоаи таблиғ танҳо бар пояи ҳалномаи Додгоҳи олии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2006 муҷозот шудаанд. Додгоҳ дар феҳристи созмонҳои тундраву террористӣ дар ҳудуди Тоҷикистон, дар қатори «Ал-қоида», ҲИУ, ҲИТ, «Тоҷикистони Озод» ва ғайраҳо Ҷамоаи таблиғро низ зикр кардааст.
Дар ҳукмномаи додгоҳ аз 10 августи соли равон аъзои Ҷамоаи таблиғ шаҳодат додаанд, ки аз ҳамчунин ҳалнома ва тундрав будани созмон хабар надоштанд.
Аммо дар ин санад омадааст, фаъолияти пинҳонӣ, масҷид ба масҷид тағйири ҷойи машварат кардани аъзои Ҷамоаи таблиғ далели бебаҳси хабардор будани онҳо аз тундрав будани гурӯҳашон аст.
Дар ду ҳуҷҷате, ки Наҷмиддин Муродов ба мо нишон дод, хонаи кӯдакони бепарастори Душанбе аз писари ӯ барои кӯмаки молӣ ва хонаи солмандони бесаробон барои кӯмаки молӣ ва амри маъруф изҳори миннатдорӣ кардаанд.
Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва хориҷ аз масҷид бурдани таблиғ манъ шудааст.
Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи вазорати дохилаи Тоҷикистон гуфт, Ҷамоаи таблиғ мисли Ҳизбуттаҳрир аст, яъне ҳоло таблиғ мебарад ва фардо даст ба ҷиноятҳои вазнин мезанад.
Аммо Насриддин Муродов, ба таъйиди худаш дар ҳуҷҷатҳои мақомоти тафтишотӣ ва низ падараш ба Радиои Озодӣ, дар яке аз марказҳои Ҷамоаи таблиғ дар Зоҳидон – минтақаи суннинишини Эрон таълим гирифтааст.
Коршиносон мегӯянд, Ҷамоаи таблиғ дар Эрон як созмонест, ки ба нақзи ҳуқуқи сунниҳо дар ин кишвар ҳассосияти баланд нишон медиҳад.
Ғаффор Мирзоев, коршинос дар улуми дин мегӯяд, таъкиди таблиғиён бар мазҳаби ҳанафия дар як кишвари ҳанафимазҳаб шубҳаангез аст, зеро бидуни узвияти ин созмон низ онҳо метавонистанд ба ҳадафҳои хеш бирасанд. Оқои Мирзоев гуфт, салафиҳо ҳам дар оғоз аз таблиғи арзишҳои исломӣ шурӯъ карда буданд.
Вай меафзояд, «аммо оҳиста-оҳиста баъзе масъалаҳоро матраҳ намуданд, ки муҳити диниро носозгор ва авзои мазҳабиро ногувор карданд, масалан, муносибати онҳо ба мазҳаби аҳли ташайюъ, мазҳаби расмии кишвари дӯсти Тоҷикистон – Эрон ва ҳам шиаҳои исмоилӣ, ки ҷузъи таркибии мардуми Тоҷикистон ҳастанд. Аз Ҷамоаи таблиғ ҳам шояд ҳамин гуна тарсу нигаронӣ буд, ки дар оянда муҳити диниро метавонистанд ба ҳам зананд».
Коршиносон мегӯянд, фаъолияти Ҷамоаи таблиғ дар Тоҷикистон бахусус, баъд аз пайдо шудани баҳси салафиҳо дар кишвар рӯшантар шуд.
Юсуф Кавраков, вакили дифоъи Насриддин Муродов мегӯяд, вақте мақомот аз ҳалномаи соли 2006 вақте дарак ёфтанд, ки тасмим гирифтанд, салафиву таблиғиҳоро баробар боздошт ва муҷозот кунанд: «Ҳалнома дар як гӯша хоб буд. Ба салафиҳо таблиғро ҳамроҳ карданӣ шуданд, аммо ҳалнома баромад ва инро рӯйи даст гирифта, ба ҷамъу гир кардан даромаданд».
Ҷамоаи таблиғ дар феҳристи созмонҳои террористии Амрико ва Русия нест. Аммо тибқи тавофуқот ҳар кишвари Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ё ОДКБ ҳар созмонеро, ки тундрав ё террористӣ эълон кунад, бидуни баҳс тамоми аъзо онро қабул хоҳанд дошт. Аммо «Тоҷикистони озод», созмони ӯзбактаборони Тоҷикистон, ки аз сӯйи Душанбе тундраву террористӣ эълом шудааст, ба таъйиди мақомоти ин кишвар дар Ӯзбакистон паноҳ бурдааст ва инро ахирӣ рад мекунад.
Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, тундрав ё террорист будани таблиғиёни Тоҷикистон собит нест, аммо тасмим сари онҳо сиёсӣ гирифта шудааст. Шокирҷон Ҳакимов, коршинос дар умури ҳуқуқ мегӯяд, шояд додгоҳ дар бораи Ҷамоаи таблиғи Тоҷикистон иттилои дигар дорад.
Вай мегӯяд, «бидуни ҳалли масъала дар додгоҳи Олӣ метавонад ин мавқегирии раҳбарияти сиёсии кишвар дар робита ба ӯҳдадориҳои байнулмилалии он бошад, зеро аснод ва маводи конфронсҳои байнулмилалӣ қисми таркибии низоми ҳуқуқии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Ва агар моҳиятан масъала баррасӣ шуда бошаду аз ҷониби созмон ба амнияти Тоҷикистон хатар таҳдид кунад, пас Додгоҳи Олӣ тариқи мурофиа онро баррасӣ карда, мамнӯъ эълон мекунад».
Қаблан мақомоти Тоҷикистон мегуфтанд, адабиёте, ки таблиғиёни Тоҷикистон ёфтаанд, монандии онҳо бо таблиғиёни Ҳиндустону Покистонро собит мекунад, ки дар амалиёти террористӣ даст доштаанд.
Аммо дар ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳарфе аз таблиғи зиддиҳукуматӣ ва омоли тундгароиву террористӣ нест. Дар ин ҳукм омадааст, бояд тибқи қонунгузорӣ онҳо ҷаримаи пулӣ мешуданд, аммо азбаски бекор ҳастанд, аз 3 то ба 6 сол зиндонӣ мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, Наҷмиддин Муродов, падари Насриддин Муродов ҳукми додгоҳро ғайривоқеӣ медонад. Вай афзуд, агар воқеан ин ҳукмро писараш барои хизмат дар роҳи Худо гирифтааст, 60 сол ҳам ҳукм гирад, аз писараш розӣ хоҳад буд ва ӯро аз роҳаш нахоҳад гардонд.
Зимнан дар ҳукме, ки Додгоҳи олӣ баровард ва ахиран рӯяш таҷдиди назар накард, аъзои Ҷамоаи таблиғ танҳо бар пояи ҳалномаи Додгоҳи олии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2006 муҷозот шудаанд. Додгоҳ дар феҳристи созмонҳои тундраву террористӣ дар ҳудуди Тоҷикистон, дар қатори «Ал-қоида», ҲИУ, ҲИТ, «Тоҷикистони Озод» ва ғайраҳо Ҷамоаи таблиғро низ зикр кардааст.
Дар ҳукмномаи додгоҳ аз 10 августи соли равон аъзои Ҷамоаи таблиғ шаҳодат додаанд, ки аз ҳамчунин ҳалнома ва тундрав будани созмон хабар надоштанд.
Аммо дар ин санад омадааст, фаъолияти пинҳонӣ, масҷид ба масҷид тағйири ҷойи машварат кардани аъзои Ҷамоаи таблиғ далели бебаҳси хабардор будани онҳо аз тундрав будани гурӯҳашон аст.
Дар ду ҳуҷҷате, ки Наҷмиддин Муродов ба мо нишон дод, хонаи кӯдакони бепарастори Душанбе аз писари ӯ барои кӯмаки молӣ ва хонаи солмандони бесаробон барои кӯмаки молӣ ва амри маъруф изҳори миннатдорӣ кардаанд.
Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва хориҷ аз масҷид бурдани таблиғ манъ шудааст.
Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи вазорати дохилаи Тоҷикистон гуфт, Ҷамоаи таблиғ мисли Ҳизбуттаҳрир аст, яъне ҳоло таблиғ мебарад ва фардо даст ба ҷиноятҳои вазнин мезанад.
Додгоҳи олӣ як моҳ қабл панҷ нафар аъзои Ҷамоаи таблиғро ба муддати аз се то шашмоҳӣ равонаи зиндон кард
Қаблан мақомот мегуфтанд, таҳририён аз Шарқи Миёнаву Аврупо ва таблиғиён аз Ҳиндустону Покистон идора мешаванд. Аммо тавре аз ҳукмномаи Додгоҳи Олии Тоҷикистон бармеояд, ҳеҷ як аз панҷ маҳкумшуда дар кишварҳои фавқуззикр набудааст. Аммо Насриддин Муродов, ба таъйиди худаш дар ҳуҷҷатҳои мақомоти тафтишотӣ ва низ падараш ба Радиои Озодӣ, дар яке аз марказҳои Ҷамоаи таблиғ дар Зоҳидон – минтақаи суннинишини Эрон таълим гирифтааст.
Коршиносон мегӯянд, Ҷамоаи таблиғ дар Эрон як созмонест, ки ба нақзи ҳуқуқи сунниҳо дар ин кишвар ҳассосияти баланд нишон медиҳад.
Ғаффор Мирзоев, коршинос дар улуми дин мегӯяд, таъкиди таблиғиён бар мазҳаби ҳанафия дар як кишвари ҳанафимазҳаб шубҳаангез аст, зеро бидуни узвияти ин созмон низ онҳо метавонистанд ба ҳадафҳои хеш бирасанд. Оқои Мирзоев гуфт, салафиҳо ҳам дар оғоз аз таблиғи арзишҳои исломӣ шурӯъ карда буданд.
Вай меафзояд, «аммо оҳиста-оҳиста баъзе масъалаҳоро матраҳ намуданд, ки муҳити диниро носозгор ва авзои мазҳабиро ногувор карданд, масалан, муносибати онҳо ба мазҳаби аҳли ташайюъ, мазҳаби расмии кишвари дӯсти Тоҷикистон – Эрон ва ҳам шиаҳои исмоилӣ, ки ҷузъи таркибии мардуми Тоҷикистон ҳастанд. Аз Ҷамоаи таблиғ ҳам шояд ҳамин гуна тарсу нигаронӣ буд, ки дар оянда муҳити диниро метавонистанд ба ҳам зананд».
Коршиносон мегӯянд, фаъолияти Ҷамоаи таблиғ дар Тоҷикистон бахусус, баъд аз пайдо шудани баҳси салафиҳо дар кишвар рӯшантар шуд.
Юсуф Кавраков, вакили дифоъи Насриддин Муродов мегӯяд, вақте мақомот аз ҳалномаи соли 2006 вақте дарак ёфтанд, ки тасмим гирифтанд, салафиву таблиғиҳоро баробар боздошт ва муҷозот кунанд: «Ҳалнома дар як гӯша хоб буд. Ба салафиҳо таблиғро ҳамроҳ карданӣ шуданд, аммо ҳалнома баромад ва инро рӯйи даст гирифта, ба ҷамъу гир кардан даромаданд».
Авзои мазҳабиро ногувор карданд, масалан, муносибати онҳо {Ҷамоаи таблиғ} ба мазҳаби аҳли ташайюъ, мазҳаби расмии кишвари дӯсти Тоҷикистон - Эрон ва шиаҳои исмоилӣ, ки ҷузъи таркибии мардуми Тоҷикистон ҳастанд ...