Хонуми Садбарг, ки дар кӯчаи марказии Душанбе ҳамроҳи кӯдаконаш сайр мекард, дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, ки онҳо бо вуҷуди мушкилоти афзуни зиндагӣ аз истиқлолият ҷашн мегиранд.
Дар қатори хонуми Садбарг даҳҳо давлатмардони кишварро ҳам метавон дид, ки чун сокинони одӣ саёҳат мекарданд. Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳурро мо дар рӯ ба рӯи порлумони кишвар вохӯрдем. Чеҳраи ӯ мисли чеҳраи садҳо сокинони дигар болида буд ва худи ӯ ҳам дар сӯҳбат ба мо гуфт, ки хушҳолияшро наметавонад бо чанд ҷумла баён кунад.
Оқои Сафаров мегӯяд, ӯ ва ҳамсолонаш аз ҷумлаи онҳоеанд, ки барои мустақилияти Тоҷикистон аз ҳар сӯ талош кардаанд: “Барои ман ҳамин ид бузургтарин ид дар миёни идҳои давлатӣ аст. Мо насле ҳастем, ки барои истиқлолият ҷон кандем. Чунки он ҷо масъалаи забон ҳам буду истиқлолият ҳам. Ва ҳамаи он барномаҳое, ки мо ҷавонҳои он солҳо доштем акнун амалӣ мешавад”.
Сайфулло Сафаров ҳамчунин ба 18 соли истиқлоли Тоҷикистон назар андохт ва онро дар бахшҳои ҷудогона баарои давлати кившар муҳим хонд. Вай ба бозкушоии роҳҳо ва нерӯгоҳҳои нав ишора кард, ки ба гуфтаи худи ӯ, ба мустақилияти Тоҷикистон рӯз то рӯз нерӯ мебахшад.
Мақомоти Душанбе дар рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон дар чаҳор боғи бузурги пойтахт, аз ҷумла боғи ба номи устод Айнӣ, “Дӯстии халқҳо”, “Ҷавонон” ва “800-солагии Маскав”, сайругашти ҳамгонӣ, консертҳои идона ва намоишу фурӯши маҳсулоти хӯровкориии корхонаҳои пойтахтро ташкил кардааст.
Аммо чун идҳои пешин дар ҳар канори шаҳр садои баланди мусиқӣ ба гӯш намерасид. Ҳатто онҳое, ки дар сари роҳ хӯрданиву нӯшиданӣ мефурӯхтанд, кам ба назар мерасиданд. Сокинон мегӯянд, рост омадани истиқлолият ба моҳи шарифи Рамазон ба ин ҳама сабаб шудааст. Бо ин вуҷуд мегӯянд онҳо Рамазон ва рӯзаи ин моҳи шариф ба табъи идонаи онҳо асари манфӣ нагузоштааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар як назарпурсии ғайрирасмӣ дар сомонаи интернетии Радиои Озодӣ аз 181 назардиҳанда 56 дарсади онҳо гуфтаанд, ки аз ҷашни истиқлол таҷлил намекунанд. 35 дарсади онҳо гуфтаанд, ки аз ин ид ҷашн хоҳанд гирифт ва танҳо ҳудуди нӯҳ дарсади онҳо гуфтаанд, ки намедонанд ин идро ҷашн гиранд ё нагиранд.
Вале Абдураҳмон ном як сокини Душанбе мегӯяд, чӣ гуна метавонад ин ҷашнро, ки солҳо орзуяш мекард, ҷашн нагирад. Абдураҳмон мегӯяд, ҷашни рӯзи истиқлол барои ӯ як ҷашни озодӣ ва ворастагист.
Ҳангоми тамошо дар боғи “Ҷавонон”-и пойтахт мо ҳамчунин бо чанд нафар аз намояндагони касбу кори гуногун ҳамсӯҳбат шудем. Онҳо низ рӯзи истиқлолиятро ба хушӣ ҷашн мегирифтанд ва мегӯянд, танҳо оромӣ ва осоиштагӣ ба зиндагии онҳо кифоят мекунад.
Аз ҷумлаи ҳамсӯҳбатони мо онҳое ҳам буданд, ки ҳанӯз бӯйи коммунизм аз димоғашон нарафтааст. Як ҳамсӯҳбати мо, ки зани рус буд, гуфт, агар дар Иттиҳоди Шӯравии пешин мардум мушкили барқу обу газ надоштанд, вале ин мушкил, ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар Тоҷикистони соҳибистиқлол сари ҳар қадам мушоҳида мешавад.
Ҳамасола нӯҳуми сентябрро сокинони Тоҷикистон ҳамчун рӯзи истиқлолият таҷлил мекунанд. Ҳаждаҳ сол пеш аз ин дар нишасти Шӯрои Олии Тоҷикистон Эъломияи истиқлолияти давлатии ин кившар қабул шуд.