Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фоҷеаи 11 сентябр ва таъсири он ба Осиёи Марказӣ


Ҳашт соли пеш даҳшатафканон бо ҳавопаймоҳои рабудшуда ба Амрико ҳамла карданд, ки дар паи он низоми ҷаҳонӣ ва сиесатҳои байналмилалӣ тағйир кард.

Эътилофи байнулмилалии алайҳи терроризм ба раҳбарии ИМА ва муттаҳидонаш амалиёти густурдаеро ба хотири нобуд кардани Ал–Қоида ва гурӯҳи Толибон дар Афғонистон оғоз кард.

Тоҷикистон, ки аз ҳамсояи наздики Афғонистон аст, аз ин амалиёт пуштибонӣ намуд ва то кунун низ бо кишварҳои Ғарб дар ин замина ҳамкорӣ дорад.

Парвиз Муллоҷонов, коршиноси масоили сиёсӣ бар ин назар аст, ки ҳодисаи 11-уми сентябр ва ба хусус оғози амалиёти зидди терроризм пеш аз ҳама ба Тоҷикистон таъсири хешро расонд. Зеро, ба эътиқоди оқои Муллоҷонов, истиқрори сулҳу субот дар Тоҷикистон ба вазъияти сиёсӣ ва низомии Афғонистон вобаста аст.

Коршинос таъсири мусбати пайомади ҳаводиси 11-уми сентябр ба Тоҷикистонро дар он медонад, ки ин кишвар аз ҳамлаи гурӯҳҳои террористии воқеъ дар қаламрави Афғонистон раҳо ёфт ...
Оқои Муллоҷонов мегӯяд, Русия ва кишварҳои Осиёи Миёна аз эҳтимоли ҳамлаи гурӯҳи Толибон, дар охирҳои даҳаи 1990 ва аввалҳои соли 2000–ум ба шиддат нигарон буданд. Ба ин далел ин коршиноси масоили сиёсӣ таъсири мусбати пайомади ҳамалоти 11-уми сентябр ва оғози фаъолияти Эътилофи байнулмилалии зидди терористӣ дар тирамоҳи 2001 ба раҳбарии Амрико ба Тоҷикистонро дар он медонад, ки ин кишвар аз ҳамлаи гурӯҳҳои терористӣ, воқеъ дар қаламрави Афғонистон раҳо ёфт.

Аммо Исмоил Раҳматов, коршиноси дигари тоҷик, бар ин назар аст, ки Амрико ва НАТО бо баҳонаи мубориза зидди терроризм ҳадафи тақвияти нуфузи хеш дар минтақа, ба хусус Тоҷикистон аст. Оқои Рахматов гуфт, «амалиёти байнулмилалии зиддитерористӣ бо раҳбарии Амрико ва муттаҳидонаш ҳузури низомӣ ва сиёсии ин кишварҳо дар минтақаро густариш бахшид. Ҳамзамон ин кишварҳо бо ҳузури худ тавонистанд ба ҳадафи хеш дар заминаи хориҷ шудани марзбонони Русия аз марзҳои Тоҷикистон муваффақ шаванд. Аммо натиҷаи ин нигаронкунанда аст. Зеро муддати чаҳор соли ахир нишон дод, ки талошҳои марзбонони тоҷик дар ҳифзи марзу буми кишвар муассир набудааст».

Ба гуфтаи оқои Раҳматов, Амрико ва кишварҳои узви эътилоф дар муддати чанд соли ахир кумакҳоеро ҷиҳати тақвияти марзи давлатӣ ва мубориза бар зидди тероризм ба сохторҳои қудратии Тоҷикистон ироа кардаанд, аммо ба иллати зиёд муваффақ набудани фаъолияти Эътилофи байнулмилалии алайҳи тероризм дар Афғонистон ва муқовимати сарсахтонаи ошӯбгарон вазъият дар ин кишвар ба шиддат муташшаниҷ шуда ва ҳамакнун гурӯҳҳои терористӣ ба Тоҷикистон низ таҳдид мекунанд.

Абдулғанӣ Маҳмадазимов, раиси Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон, низ мегӯяд, бо гузашти 8 сол аз оғози мубориза зидди терроризм дар Афғонистонро мушкилоти амниятӣ, ба хусус эҳтимоли хатароти гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро барои Тоҷикистон ҳамчунон боқӣ мондааст.

Воҳидхон Косиддинов, муовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, воқеоти Тавилдараро баҳонае барои муборизаи давлат алайҳи мухолифони собиқаш медонад. Вай мегӯяд, «мушкил он аст, ки давлати Тоҷикистон дар муқобили собиқ мухолифонаш сангар гирифта ва онҳоро саркуб мекунад».

Оқои Қосиддинов мегӯяд, дуруст аст, ки фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ, назири Толибон, Ҳаракати Исломии Узбакистон ва ғайра дар қаламрави Афғонистон таҳдиде барои вазъи амниятии Тоҷикистон дорад, аммо беҳтар аст, то давлат аз саркӯбии собиқ мухолифонаш даст бардорад ва дар заминаи ҷилавгирӣ аз вуруди гурӯҳҳои террорист ва ифротгаро тавасути марз иқдомоти лозимро рӯи даст бигирад.

Ин дар ҳолест, ки Раҳмон Улмасов, устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистон ва Русия бар ин назар аст, ки Тоҷикистон дар танҳоӣ
Коршиносон пешниҳод мекунанд, ки Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо кишварҳои абарқудрат барои мубориза зидди терроризми байналхалкӣ барномаи мушаххасеро рӯи даст бигирад, ки дар ниҳоят «ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад.»
имкони муқобила бо терроризмро нахоҳад дошт. Ин аст, ки ба кумаки низомии кишварҳои абарқудрати ҷаҳонӣ, назири Амрико ва Русия ниёз дорад.

Аммо таҳлили раванди воқеот муддати 8 соли ахир нишон дод, ки дар чорчуби мубориза алайҳи терроризм, рақобати кишварҳои абарқудрат дар минтақа ба хусус Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст, ки ба эътикоди соҳибназарон чунин самти фаъолият мушкилоти амниятӣ дар минтақаро боз ҳам душвортар хоҳад кард.

Ба ин далел соҳибназарон мегӯянд, кишварҳои Ғарбро лозим аст, то сиёсати худро дар қиболи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва қабл аз ҳама дар нисбати Тоҷикистон, ки бо Афғонистон марзи муштараки тӯлонӣ дорад, тағйир бидиҳанд. Зеро ин соҳибназарон муътақиданд, ки идомаи чунин фаъолият на танҳо терроризмро аз минтақа аз байн хоҳад бурд, балки нуфузи ин кишварҳоро низ коҳиш хоҳад дод.

Ҳамзамон ин коршиносон пешниҳод мекунанд, ки Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо кишварҳои абарқудрат барои мубориза зидди терроризми байналхалкӣ барномаи мушаххасеро рӯи даст бигирад, ки дар ниҳоят «ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад.»
XS
SM
MD
LG