Ин санади ҳамкори, дар ҷараёни дидори Мартин Мармӣ, Дабири кулли Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ аз Тоҷикистон ба имзо расид.
Манзура Рустамова, раиси Идораи равобити байналмилалии Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон имзои ин санадро заминаи ҳуқуқӣ барои раҳоӣ аз бунбасти иртибототии кишвар талаққӣ кард. Вай гуфт, «ба ин манзур иқдом гирифта шуд ва имзои ин санад имкон хоҳад дод, то тарҳҳои марбут ба берун шудан аз бунбасти комуникатсионии Тоҷикистон амалӣ шаванд».
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулони Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон акнун давлат тарҳҳои стратегиеро ба манзури раҳонидани ин кишвар аз бунбасти иртибототӣ мавриди иҷро қарор додаст.
Ин масъулон бозсозӣ ва таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе –Кӯлоб –Хоруғ – Кулма –Қароқурум, Душанбе - Ваҳдат – Ҷиргатол - Сари Тош ва Душанбе – Хуҷанд – Чаноқро ки Тоҷикистонро бо Чин, Қирғизистон ва Узбакистон пайванд мекунанд, аз талошҳои муҳим дар ин замина медонанд. Аммо суоли матраҳ низ ин аст, ки оё роҳҳои заминӣ бо Чин ва Қирғизистон метавонанд Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳонад?
Исмоил Талбаков, вакили порлумони Тоҷикистон гуфт, ин ду роҳ барои Тоҷикистон тақдирсоз хонда ва мӯътақид аст, ки на танҳо дар чиҳати берунрафт аз бунбасти коммуникатсионӣ, балки ба кишвари тронзитӣ табдил шудани Тоҷикистон дар минтақа нақши калидӣ хоҳанд дошт. Вай афзуд, «аслан таъмини рафтуомад ва интиқоли бор дар ин ду роҳ дар чорчӯби мавозини байналмилалӣ сурат гирифта, ин роҳҳо на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тронзити нақлиёти байналмилалӣ анҷом хоҳад шуд, ки ҳам аз лиҳози иқтисодӣ ва ҳам аз лиҳози сиёсӣ муҳим хоҳад буд.»
Ҳамакнун Тоҷикистон низ пешниҳод дорад, ки дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии тронзити нақлиётӣ дар Осиёи Марказӣ таъсис дода шавад.
Аммо Фирӯз Саидов, корманди Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки роҳ бо Чин ва Қирғизистон омили раҳоии Тоҷикистон аз вобастагии Узбакистон хоҳад буд, «93 дар сади маҳсулоти Тоҷикистон тариқи роҳ ба дигар манотиқи кишвар бурда мешавад ва иртибот бо роҳҳои Чин ва Қирғизистон омили кам шудани харҷи нақлиётӣ хоҳад шуд.
Агар мо битавонем роҳи нав бо Қирғизистон боз кунем, таъсири кишвари ҳамсоя – Узбакистон ва вобастагии мо кам хоҳад шуд».
Зеро ба гуфтаи коршиносон Тоҷикистон дар заминаи иртиботи заминӣ бо кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ беш аз 90 дар сад бо Узбакистон вобаста аст.
Аммо ба иллати ба сардӣ гароидани муносиботи ду кишвар дар чанд соли ахир Узбакистон дар заминаи убуру мурури шаҳрвандон ва нақлиёти мусофирбар ва боркаш маҳдудиятҳои зиёдеро барои Тоҷикистон эҷод кардааст.
Чунин вазъ дар ҳолест, ки роҳ бо Чин ва Кирғизистон бештар барои ҳамлу нақли нақлиёти боркашонӣ мавриди истифода карор мегирад ва танҳо теъдоде андаке аз тоҷирони тоҷик имкони истифода аз ин роҳро доранд.
Қурбон Аламшоев, коршиноси маҳаллӣ бар ин назар аст, ба иллати маҳдудият дар убуру мурур ва ҳамлу нақли бор, роҳ бо Чин истиқлоли коммуникатсионии Тоҷикистонро таъмин карда наметавонад, «мутаассифона то ба ҳол ин роҳ мавсимӣ аст, яъне на дар тамоми моҳҳои сол фаъол аст ва танҳо дар шаш моҳи гармои сол мошинҳои боркаш метавонанд убуру мурур кунанд. Тоҷирони Бадахшон, ки бо Чин ҳаммарз аст, барои фаъол будани ин роҳ дар тамоми сол ба Ҳукумати вилоят муроҷиат кардаанд, аммо то ба ҳол ин мушкил ҳалли худро наёфтааст. Аз сӯи дигар мушкили раводид барои убуру мурур низ мояи нигаронӣ дар ин роҳ аст. Танҳо дар сурати ҳалли мушкилоти мавҷуд метавон аз ин роҳ ба таври самаранок истифода кард».
Ин дар ҳолест, ки Чин аз кишварҳои муҳими сармоягузор дар иқтисоди Тоҷикистон, ба хусус сохтмон ва тармими роҳҳои ин кишвар маҳсуб мешавад ва мизони сармояи Чин дар иқтисоди Тоҷикистон низ маблаги 560 миллион доллари амрикоист.
Ҳамчунин бо таваҷҷӯҳ ба ҳузури Чин дар Тоҷикистон, бештари соҳибназарон иддао мекунанд, ки Чин аз тариқи иҷрои тарҳҳои иқтисодӣ ба хотири раҳонидани Тоҷикистон аз бунбасти комуникатсионӣ бештар дар андешаи манофеи иқтисодии хеш аст, ки албатта, як амри маъмулист.