Иди мазҳабии мусалмонон, ки пас аз 30 рӯзи рӯза доштан ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз кӯдакон ба манзили мардум мешитобанд ва аз фарорасии иди фитр мужда мерасонанд ва ҳадяҳо мегиранд.
Мардони калонсол ва бархе наврасону кӯдакон ибтидо ба масоҷид мераванд ва намози иди фитр мегузоранд. Дуо ва тиловати порае аз ояҳои Қуръони шариф аз ҷумлаи суннатҳои иди шарифи моҳи Рамазон аст.
Бар изофаи таътилӣ расмӣ дар ин рӯз тақрибан касе ба ягон кор машғул намешавад ва танҳо аз ид мегӯянду ид мекунанд. Имрӯз наворгири радиои Озодӣ дар пойтахти Тоҷикистон аз таҷлили иди саиди Фитр навор бардошт.