Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниш ба суханони Э. Раҳмон дар СММ


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбари СММ гуфт, бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ бар суди кишварҳоиин минтақа хоҳад буд.

Эмомалӣ Раҳмон ин ҳафрҳоро бо забони сирф тоҷикӣ баён медошт, ки инро ҳам таҳлилгарон аз ҷуръати дигари ӯ дар амри дифоъ аз манофеи Тоҷикистон медонанд.

Шореҳони тоҷик паёми Эмомалӣ Раҳмондар СММ-ро хуш пазируфта, мегӯянд, ки бо чунин шева мавқеъгирии Раҳмон дар қиболи сиёсати кишвари ҳамсоя қадами аввал аст.

Раъно Охунова, роҳбари ташкилоти ғайридавлатии «Зан ва интихобот» гуфт, ки мавқеъгирии Раҳмон то ҷое аз ҷуръати сиёсии ӯ дар қиболи сиёсати пешгирифтаи кишвари ҳамсоя дарак медиҳад. Ба гуфтаи хонум Охунова, дар ҳоле ки Ӯзбакистонро як мансабдори сатҳи поёнӣ дар СММ намояндагӣ мекард, мавқеи Тоҷикистон таваҷҷӯҳи бештареро ҷалб намуд.

Сӯҳроб Шарифов, раиси маркази стротежии назди раисиҷумҳур, бо ишора ба мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳилларӣ Клинтон, вазири корҳои хориҷи Амрико, гуфт, роҳбари давлати Тоҷикистон бо муваффақият манфиатҳои давлативу иқтисодии кишварро муаррифӣ кард.

Вай афзуд, «он вохӯриҳое, ки раисиҷумҳури мо бо роҳбарони намояндагони давалатҳои иштирокчӣ дошт, суханрониҳое, ки дар ин минбар дошт, ба он равона шудааст, ки манфиатҳои давлатиро ҳам муаррифӣ ва ҳам ҳимоя кунанд».

Ба гуфти Сӯҳроб Шарифов, нуқтаҳои ҷолиби дигари суханронии раисиҷумҳури Тоҷикистон ин мустаҳкам намудани таъмини амният дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, мубориза бар зидии терроризми байнулмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ба кишвар мебошад. Вай афзуд, ҳамаи ин гувоҳи он аст, ки Тоҷикистон ба марҳилаи нави сиёсати байналмилалӣ расидааст, яъне Тоҷикистон як ғалабаи хурдро дар сиёсати байнулмилалӣ ба даст овард.

Абдулло Ҳабибов, раиси ҷамъияти «Дӯстони Русия», меафзояд, ки дар чунин як минбари бонуфузи ҷаҳонӣ ва таъсиргузор дар сиёсатҳои байнулмилалӣ суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар қиболи сиёсатҳои Ӯзбакистон аз аҳамияти масъалаҳои минтақавӣ огоҳӣ медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, даъвати раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди аъмини суббот дар Афғонистон аз роҳҳои иқтисодӣ, худ далели равшании сиёсати Тоҷикистон аст.

Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти СММ гуфт, талоши ҳалли мушкилҳое, ки бо бӯҳрони энержӣ иртибот доранд, чандон муваффақона нестанд. Ӯ пешниҳод кард, ки масъалаи дастрасии барқ дар радифи ҳадафҳои рушди ҳазорсола бояд ба яке аз афзалиятҳои муҳим табдил ёбад.
XS
SM
MD
LG