Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақоми зан дар ҷомеаи имрӯзи Тоҷикистон


Раъно Абдураҳмонова ягона занест, ки дар ҳукумати феълии Тоҷикистон ба симати вазирӣ таъин гашта, вале бо фармони президент аз вазифа барканор шуд.

Хонум Абдураҳмонова дар сӯҳбат бо мо аз шарҳ додани сабаби барканор шуданаш худдорӣ кард. Вай гуфт, ки «намехоҳам, ки дар ин бора чизе бигӯям. Дар ин муддати кӯтоҳи кори чӣ ҳам гуфта метавонам?». Хонум Абдураҳмонова дар асоси иҷрои барномаи давлатии занон вазир таъин шуда буд.

Имсол аз қабули барномаи давлатии баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа панҷ сол сипарӣ мегардад. Дар ҳоле ки қабули ин санадро давлатмардони Тоҷикистон яке аз тадбирҳои баланд бардоштани мақому манзалати зани тоҷик дар арсаи сиёсат маънидод мекунанд, аммо имрӯз сабабҳои зарурати қабули он ва иҷрои ҳатмии он маънои дигарро бозгӯ мекунад.

Як падидаи дигар, ки вазифаҳои роҳбарӣ барканор мондани занон мешавад, танҳоии баъзе занон, яъне муҷаррад будани онҳо мебошад. Ҳарчанд дар ин бора баҳсҳо ошкоро сурат намегирад, вале чунин назар вуҷуд дорад, ки занони муҷаррад аз ӯҳдаи роҳбарӣ дар ҷомеа намебароянд ...
Ба гуфти Гулҷаҳон Бобосидиқова, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Занони маълумоти олидори Тоҷикистон», ин санад дар замимаи Конвенсияи СММ оид ба барҳам додани нақзи ҳуқуқи занҳо қабул шудааст Тоҷикистон онро соли 1993 пазируфтааст. Ва мазҳ дар асоси талаботҳои ин Конвенсия Тоҷикистон як қатор ӯҳдадориҳоро дар бахши ба порлумон роҳ ёфтани хонумон, ба мақоми ҷонишинии вазирони сохторҳои давлатӣ ва раисони шаҳру навоҳиҳо баргузидани занон ба гунае ба иҷро расонд.

Тоҷикистон оид ба натиҷаи татбиқи талаботи Конвенсия ба Созмони Милали Муттаҳид бояд маълумот пешниҳод кунад. Хонум Бобосидиқова мегӯяд, ки «қабули ин барномаи давлатӣ қадами аввал дар иҷрои ӯҳдадориҳои Конвенсияи СММ аст. Ҳисоботи давлатии мо ба СММ пешниҳод шудааст. Вақте барои занҳо квота доданд, атрофи ин масъала афкори зиддунақиз аз тарафи мардон пайдо шуд. Гуё ҳама баробар аст, чаро ба занҳо квота дода мешавад».

Гулҷаҳон Бобосидиқова меафзояд, ки дар сурати иҷро шудани ӯҳдадориҳои Созмони Милали Муттаҳид аз тарафи давлат дар мавриди мақом ва ҷойгоҳи занон дар умури давлатдорӣ, рисолаи ин санад анҷом меёбад ва занҳо дигар метавонанд, бидуни тадбирҳои махсуси муваққатӣ ва ё худ квота вориди ҷомеаву сиёсат шаванд.

Давлати Тоҷикистон давоми се моҳ бояд оид ба натиҷаи иҷрои ӯҳдадориҳо ин санад ба Созмони Миллали Муттаҳид маълумот пешниҳод намояд. Эҳтимол аст, ки СММ ин маълумотро мунфисона қабул кунад, зеро натиҷаҳои ин тадбирҳо чандон назаррас нест.

Вале Сураё Олимова, корманди Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон, ин нуқтаро рад карда, мегӯяд, ки феълан дар мақоми ҷонишинии вазирон, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, порлумон, квотаҳо дар мактабҳои олӣ худ далели равшани иҷрои ӯҳдадориҳои СММ аст. Кумитаи кор бо занон низ дар мавриди иҷрои ин тадбирҳои махсуси мувақати то ҷое талош кардааст.

Гулҷаҳон Бобосидиқова, ки дар замони шӯравӣ котиби идеологии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон буд, меафзояд, ки назорати иҷрои ин ӯҳдадориҳо набояд танҳо дар зимаи Кумитаи кор бо занон, балки дигар сохторҳои давлатӣ, инситутҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, васоити ахбори омма, ҳизбҳои сиёсӣ ҳам бошад, то маълумот ва сифати иҷрои он як тараф баҳо дода нашавад.

Розия Табарова, роҳбари ташкилоти ғайридавлатии «Орзу», ки дар вақти қабули ин Конвенсия дар ҳукумати навташкили Эмомалӣ Раҳмон кор мекард. Ӯ бар ин назар аст, ки дар доираи ҳамин талабот ба порулмон роҳ ёфтани 11 бону дар қиёс бо кишварҳои ИДМ ва ҷаҳон беҳтар аст. Аммо иллат дар сифат аст, яъне теъдод зиёд мешавад ё не ва кадом занҳои арзандаи дар ҷоме матраҳшуда бо талошии хеш вакил мешаванд. Хонум Табарова мегӯяд, ки бояд ҳамин тадбирҳои махсуси муваққати ва ё худ квота бештар шавад ва сафи занон дар ин мақомоти олии қонунбарор то 30-33 дарсад расад.

Ба гуфтаи Розия Табарова, бо назардошти вазъияти солҳои навадум дар кишвар мегӯяд, ки қабули санади ёдшудаи СММ аз тарафи давлати Тоҷикистон аз иродаи сиёсии Эмомалӣ Раҳмон ва вакилони онвақтаинаи Шӯрои олӣ дарак медиҳад. Вале як зуҳуроти дигар, ки боиси аз мақом барканор мондани занон мешавад ва мардон аз он сӯйистифода мекунанд, ин танҳоии баъзе занон, яъне муҷаррад будани онҳо мебошад, мегӯяд ҳамсӯҳбатам. Ва илова мекунад, ки ҳарчанд ошкоро дар ин бора баҳсҳо сурат намегирад, вале чунин назар вуҷуд дорад, ки гӯё занони муҷаррад аз ӯҳдаи роҳбарӣ дар ҷомеа намебароянд.

Райҳона Ҳақбердиева, роҳбари созмони ҷамъиятии «Дилафрӯз», ки дар ин маврид таҳқиқот гузаронидааст, меафзояд, ки ҳолати мазкурро дар аксарияти минтақаҳои Тоҷикистон мушоҳида кардааст. Вай мегӯяд, дар ҳоле ки 54 дарсади занҳои Тоҷикистон бешавҳар мебошанд ва худашон дар хонавода ӯҳдадориҳои шавҳарро аз лиҳози таъминоти иқтисодии оилавиро бар дӯш доранд ва ҳам рисолати модариро ба ҷо меоранд.

Аслан талош барои баланд бардоштани мақоми ҳуқуқи занон дар ҷаҳон ҳанӯз дар аввали асри бист шурӯъ шуда буд ва бовуҷуди он ки он замон Тоҷикистон чун дигар кишварҳои шӯравии собиқ аз таъсири ин кӯшишҳо дарканор намонд. Соли 1946 дар назди СММ Комиссияи оид ба вазъи занон ташкил шуд ва дар пайи ин иқдом аз соли 194 9 то соли 1962 якчанд конвенсияҳо оид ба вазъи ҳуқуқии ва сиёсии занони ҷаҳон тартиб шудааст.

Соли 1967 декларасия дар бораи пешгири кардани ҳолаҳои поймол кардани ҳуқуқи занон аз соли 1979 Конвенсияи СММ оид ба барҳам додани ҳамагуна поймолкуни ҳуқуқи занҳоро қабул кард. Ин санадро 85 кишвари дунё эътироф кардаанд ва ӯҳдадориҳои онро иҷро мекунанд. Ва имсол ба қабули ин санад сӣ сол пур мешавад ва қарор аст, ки дар маҷмаи СММ иҷлоси васеъ оид ба натиҷаи татбиқи ӯҳдадориҳои он баргузор гардад.


XS
SM
MD
LG