Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори ҳайати низомии Бритониё аз Тоҷикистон


Ҳайати пажӯҳишии низомии Шоҳигарии Бритониёи Кабир тасмим дорад, кишварҳои мухталифи ҷаҳонро бо вазияти Тоҷикистон ошно созад.

Ин тасмим дар поёни сафари ин ҳайат ба Тоҷикистон ва дидору гуфтугӯ бо мақомоти баландпояи ин кишвар эълон шудааст. Ин нахустин дидори як ҳайати низомии Шоҳигарии Бритониёи Кабир аз Тоҷикистон аст. Дар ҷараёни сафар, ки муддати се рӯзи ахир идома дошт, ҳайат бо мақомоти Вазорати дифоъ ва хориҷаи Тоҷикистон дидорҳое анҷом дод.

Ҷон Бирче, раҳбари ин ҳайат, зимни натиҷагирӣ аз сафар дар сӯҳбат бо хабарнигорон вазъ дар Тоҷикистон ва масоили амниятӣ дар Афғонистонро, бо таваҷҷӯҳ ба таҳаввулоти ахир аз мавзуоти мавриди назари ин ҳайат гуфт, «бо вазири хориҷаи Тоҷикистон мулоқоти судманде доштем, ки масоили назири ҷанг дар Афғонистон, муносиботи Тоҷикистон бо Русия, Чин ва ҳатто Эрон ва ҳамчунин вазъияти Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳадафи мо бештар ҷанбаи ошноӣ бо вазъияти Тоҷикистонро дошт. Ҳарчанд ваколати мо таҳияи барнома ва тасмимгирӣ нест, аммо бо он чӣ мо ошноӣ пайдо кардем, дар гуфтугӯ бо мақомоти кишварҳои мухталифи ҷаҳон матраҳ хоҳем кард».

Кишварҳои Ғарб, ба хусус Бритониё, дар муносибат ва ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ мавзуи амниятиро омили ҳалкунанда медонанд ...
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон, ҳайат дар мулоқот бо Рамил Нодиров, муовини аввали вазири дифоъ, бештар аз вазъ дар Афғонистон нигаронӣ кардаанд. Вай афзуд, «ҷониби ҳайати муассисаи низомии Шоҳигарии Бритониёи Кабир дар мавриди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, тероризми байнулмилалӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб нигаронӣ карда ва сӯҳбатҳоеро дар ҷиҳати ҷилавгирӣ аз ин падидаҳо матраҳ карданд».

Бо ин ҳам чунин ба назар мерасад, ки мақомоти давлати Тоҷикистон бештар алоқаманди густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо кишварҳои Ғарб, аз ҷумла Бритониёи Кабир ҳастанд ва талош мекунанд дар музокирот бо намояндагони ҳайатҳои ин кишварҳо дурнамои ҳамкориҳоро матраҳ кунанд.

Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, низ дар дидори худ бо ҳайати муассисаи пажӯҳишии низомии Шоҳигарии Бритониёи Кабир бо матраҳ кардани самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷӣ, бештар ба дурнамои ҳамкориҳои минтақаӣ ва тиҷоратӣ, обу энержӣ ва амниятӣ бо кишварҳои хориҷиро таъкид кардааст.

Аммо Сафари Абдулаҳад, устоди бахши муносиботи байнулмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мӯътақид аст, ки кишварҳои ғарбӣ, ба хусус Бритониё дар муносибот ва ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ мавзӯи амниятиро омили ҳалкунанда медонанд.

Вай мегӯяд, «давлатҳои Аврупоӣ, кишварҳои пешрафта ҳастанд ва дар сурати сармоягузорӣ хоҳони кафолати сармояи худ хоҳанд шуд. Давлати Тоҷикистонро лозим аст, то шароити сармоягузориро барои кишварҳои Аврупоӣ фароҳам созад ва ин кишварҳо битавонанд дар бештари бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон маблағ ворид созанд».

Тибқи иттилои масъулони сафорати Бритониё, дар Тоҷикистон низ дар чанд соли ахир беш аз панҷ ширкати биритониёӣ, аз ҷумла «Avocet Mining PLTd» Тоҷикистонро тарк карданд. Ин дар ҳолест, ки бар асоси гузориши кумитаи давлатии сармоягузории Тоҷикистон дар чанд соли пеш Бритониё аз кишварҳои муҳими сармоягузор дар иқтисоди Тоҷикистон маҳсуб меёфт.

Аммо ҳамакнун ҷойгоҳи Бритониё дар ин феҳраст ба сатҳи поинтаре табдил кардааст. Дар ҳар сурат бархе аз соҳибназарон ибрози умедворӣ мекунанд, ки дар пайи ифтитоҳи сафорати Тоҷикистон дар Бритониё, дар соли гузашта ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни ду кишвар рӯ ба афзоиш пайдо кунад.
XS
SM
MD
LG