Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ақаллиятҳои миллии Тоҷикистон ва забони тоҷикӣ


Cергей Романов, ки муддати 26 сол аст, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад, мегӯяд, аз мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ мояи нигаронӣ надорад.

Ба гуфти ӯ, чанд сол дар Тоҷикистон зиндагӣ карда, забони тоҷикиро то қадри имкон омӯхтааст. Вай мегӯяд, «оянда кӯшиш мекунам, ки забони тоҷикро бештар ёд гирам. Ҳангоми сӯҳбат бо ҳамкорон, бо мардум. Қонуни забони тоҷикӣ хуб аст. Хуб мешавад, ки баъди мақоми давлатӣ гирифтани забон давлатдорон онро назорат кунанд. Чунки на ҳама русзабонҳо ин забонро медонанд».

Ба гуфти ҳамсӯҳбатам, дар як кишваре, ки миллаташ аксарияти аҳолиро ташкил медиҳанд ва мақоми давлати додани забони он миллат маънои онро надорад, ки ба дигар забонҳо маҳдудият ҷорӣ карда мешавад ва ё ин ки ин забонҳои ақаллияти аз байн меравад. Зеро дар ҷаҳони мутамаддин ҳатто кӯчактарин давлатҳо, ки аҳолиашон аз се миллион ҳам кам аст, забони миллати хешро давлатӣ эълон кардаанд. Аммо, агар аз ин мақом ҳолатҳои сӯйистифода сурат гирад, дар он сурат ҷои баҳс хоҳад шуд.

Бахтиёр Муъминов, истиқоматкунандаи ноҳияи Рудакӣ, ки миллаташ ӯзбак аст, гуфт, ки забони тоҷикиро дар қатори забони модарии худаш медонад. Вай афзуд, ки ҳарчанд бо хонавода бо забони ӯзбакӣ сӯҳбат мекунанд, донистани забони тоҷикиро низ барои худ ва хонаводаҳояшон муҳим медонанд. Ҳатто аз овони кӯдакӣ ба фарзандонашон таъкид мекунанд, ки донистани забони тоҷикиро муҳим донанд.

Ҳамсӯҳбатам нисбати он, ки аз ин пас тамоми ҳуҷҷатгузориҳои расмӣ дар сохторҳои давлатӣ бо ғайридавлатӣ бояд бо забони тоҷикӣ коргузорӣ шавад, мегӯяд, чун дар Тоҷикистон зиндагӣ доранд, барояшон донистани ин забон муҳим аст, дар коргузорӣ низ танқисӣ нахоҳанд кашид.

Вай гуфт, «барои ман донистани ҳарду забон муҳим аст. Бояд ки ҳар як шаҳрванди тоҷикистон новобаста аз миллат забони тоҷикиро донад ва нависад. Аммо, вале ҳам аст. Ба ин маъно қонунӣ давлатӣ гуфта, ба ташаккули забонҳои дигар миллатҳо фишор наоранд».

Дар ҳоле ки Бахтиёр Муъминов қабули қонунро маҳдудият намедонад, аммо Салимҷон Шамсиддинов, ки худро раиси ҷамоати узбактаборони вилояти Хатлон муаррифӣ кард, мегӯяд, ки қонуни нав ҳуқуқи онҳоро маҳдуд намуда, барояшон мушкил эҷод мекунад.

Холназар Маҳмадалиев, як нафар шаҳрванд, ки миллаташ тоҷик аст, афзуд, аз ин ки давлат Тоҷикистон забони миллаташро мақоми давлатӣ додааст набояд, ҷойи шакку тардид бошад. Зеро аксарияти кишварҳои ҷаҳон новобаста аз он, ки дар ҳоли рушд қарор доранд ва ё баръакси ин, забони хешро давлатӣ мақом додаанд. Тамоми санадҳои коргузории хешро бо забони давлатӣ ба роҳ мондаанд.

Аммо Сергей Романов шак надорад, ки эҳтимол дар баъзе сохторҳо намояндаҳои ақаллиятҳои миллӣ дар санади коргузориҳо ба монеаҳои зиёд рӯ ба рӯ нашаванд. Зеро ки донистани забони тоҷикӣ аз тарафи ақаллиятҳои миллӣ ин маънои онро надорад, ки забонро куллан донанд ва талаботи санадгузориҳоро хуб фаҳманд.

Ҳамсӯҳбатам бар он назар аст, ки бояд ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ки миллаташ ғайритоҷик аст, ҳатман забони тоҷикиро дар қатори забони модарии хеш омӯзад. Чун дар ин сарзамин зиндагӣ мекунад, хоҳ нохоҳ ба фазои ҷомеаи ин миллат ва донистани забони тоҷикӣ эҳтиёҷ дорад.
XS
SM
MD
LG