Тоҷикистон дар панҷ соли пеш нисбати ҷазои ҳукми қатл маратория эълом кард ва ҳабси абад болотарин ҳукми ҷазо дар системи додгоҳии ин кишвар дониста шуд. Аммо дар бештари мавридҳо ҷабрдидаҳо ба ҳукми додгоҳ эътироз мекунанд ва мехоҳанд фарди айбдор ба қатл маҳкум шавад.
Маҳмадсаид низ як тан сокини шаҳри Душанбе аст, ки ҳамзамон бо эътироз аз ҳукми додгоҳ хоҳони он аст, ки қотили бародаронаш ҳукми қатл бигирад. Вай бар ин бовар аст, ки танҳо дар ин сурат ҳақ ба ҳақдор хоҳад расид.
Файзи Олӣ, вакили мудофеъ, низ мегӯяд, таҷрибаи баррасии парвандаҳои марбут ба ҷиноятҳои вазнин собит мекунад, ки аксарияти ҷабрдидаҳо дар нисбати ҷинояткорон хоҳони ҳукми қатл тавассути додгоҳ ҳастанд.
Вай афзуд, «ҷабрдидаҳое ҳастанд, ки дигар намуди ҷазоро қабул надоранд ва бар инанд, ки чун пайванди онҳо қатл шудааст, пас ҷинояткор низ бояд ба қатл расад. Онҳо тавони бахшидани ҷинояткорро надоранд ва ба ҳамин тариқ мехоҳанд қатли пайвандашон ҷуброн карда шавад».
Ба гуфтаи Файзи Олӣ, дар чандин муҳокимаи додгоҳ баробари он ки қозӣ ба фарди гунаҳкор ҷазои вазнинтарин – ҳабси абадро ҳукм мекунад, аммо ҷабрдидаҳо ба иллати он, ки пайвандашон кушта шудаанд, ба он розӣ намешаванд ва дубора ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят мебаранд. Аммо бо он ки рӯҳияи бештари афроди ҷабрдидаи тоҷик бар ин аст, ки барои қатл бояд ҷазо низ ҳукми қатл бошад,
Нусратулло Абдуллоев, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, мегӯяд, ин кишвар дигарбора ба ин навъи ҷазо бар нахоҳад гашт. Вай меафзояд, «дар ҷомеаи навини Тоҷикистон, ки аз соли 2004 ба қонуни ҷиноии кишвар тағйирот ворид шуд ва ҳукми қатл манъ шуд, на имрӯз ва на оянда ба ин навъи ҷазо барнамегардем. Мо ҷомеаи шаҳрвандӣ сохта истодаем ва тарафи башардӯстӣ рафта истодаем, тарафи сабукии ҷазо. Ба ин хотир, фикр мекунам, дигар ҷазои қатл мувофиқи мақсад нест».
Ин дар ҳолест, ки бо манъи иҷрои ҳукми қатл дар Тоҷикистон аз 17 маи соли 2004 гузоришҳо ҳокист, ки мизони содиршавии ҷиноятҳои вазнин, ба хусус куштор, коҳиш наёфтааст. Ду рӯзе қабл Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли Тоҷикистон, низ эълом кард, ки аз авdали соли ҷорӣ то кунун дар қаламрави кишвар 105 куштор содир шудааст, ки дар муқоиса ба соле пеш ҳудуди 13 дарсад зиёд аст.
Додгоҳи Олии Тоҷикистон низ дар соли ҷорӣ нисбати нӯҳ нафар ҳукми ҳабси абадро содир кардааст ва ба гуфтаи масъулони ин ниҳод, дар қиёс ба соли гузашта бештар аст.
Ҳамакнун бархе аз намояндагони порлумони Қирғизистон вуҷуди ҷазои қатлро омили ҷилавгирӣ аз ҷиноятҳои вазнин дар ин кишвар дониста ва хоҳони дубора мавриди иҷро гузоштани ин ҷазо дар низоми додгоҳии кишварашон шудаанд.
Аммо Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик ва раиси созмони ҷамъиятии «Переспектива плюс», бар ин бовар аст, ки ҷазои ҳукми қатл ё ҳабси абад ба вазъи ҷинояткорӣ, ба вижа ҷиноятҳои вазнин, таъсир намерасонад.
Вай мегӯяд, «вақте шахсе фардеро ба қатл мерасонад, вай дар он лаҳза фикр намекунад, ки ба вай ҳукми қатл медиҳанд ё ҳабси абад. Ба ин хотир ҷазо ҳеҷ вобастагӣ ба мизони ҷиноят надорад. Аммо агар шахсе фикр кунад, ки абадӣ ин ҷазои осон аст, баръакс ин вазнин аст. Мо ҳамаамон як рӯз не як рӯз мемирем. Ин амри табииаст».
Хонум Бобоназарова мегӯяд? созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон аз мубтакирони аслии маратория эълом шудани ҳукми қатл дар ин кишвар буданд ва ҳамакнун талош хоҳанд кард, то таълиқи он комилан бекор карда шавад ва Тоҷикистон аз ҷазои ҳукми қатл даст бикашад.
Дар ҳамин ҳол бо он ки Иттиҳоди Аврупо дар остонаи Рӯзи ҷаҳонии мубориза алайҳи ҳукми қатл аз иқдомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи ҷорӣ кардани маҳдудият дар нисбати ҷазои ҳукми қатл истиқбол кардааст, вале ҳамзамон хоҳони комилан аз байн бурдани ин ҷазо дар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон шудааст.
Ҳарчанд Қирғизистон, Узбакистон ва Туркманистон комилан аз ҷазои ҳукми қатлро дар низоми додгоҳии хеш лағв кардаанд, аммо дар Тоҷикистон мараторияи ҷазои ҳукми қатл ҳамчунон ҷорист.
Маҳмадсаид низ як тан сокини шаҳри Душанбе аст, ки ҳамзамон бо эътироз аз ҳукми додгоҳ хоҳони он аст, ки қотили бародаронаш ҳукми қатл бигирад. Вай бар ин бовар аст, ки танҳо дар ин сурат ҳақ ба ҳақдор хоҳад расид.
Файзи Олӣ, вакили мудофеъ, низ мегӯяд, таҷрибаи баррасии парвандаҳои марбут ба ҷиноятҳои вазнин собит мекунад, ки аксарияти ҷабрдидаҳо дар нисбати ҷинояткорон хоҳони ҳукми қатл тавассути додгоҳ ҳастанд.
Ҷабрдидаҳое ҳастанд, ки дигар намуди ҷазоро қабул надоранд ва бар инанд, ки чун пайванди онҳо қатл шудааст, пас ҷинояткор низ бояд ба қатл расад ...