Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳои Зарифӣ ба сафари маскавиии Раҳмон


Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе иброз дошт, ки Тоҷикистону Русия шароити ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар ин кишварро баррасӣ доранд.

Вай гуфт: “Ин гуфтушуниди якрӯза ё дурӯза нест. Ва ин гуфтушунид то соли 2014 идома мекунад. Дар ин гуфтушунид чанд масъала, аз ҷумла бе музд ва ё музднок будани базаи ҳарбии Русия дар кишвари мо баррасӣ мешаванд. Бояд гӯям, ки аз ҳарду ҷониб сӯҳбатҳо хеле ҳам дипломатӣ ва бо эътирофи мусбати манфиатҳои ин ду ҷониб идома меёбад. Фикр мекунам, то соли 2014 вақт зиёд аст ва мо имкон дорем, ки мавзӯъҳоро амиқ омӯхта ба як қарор биёем”.

“Даст аз талаб надорам…”

Мавзӯи то соли 2014 бидуни пардохти маблағе боқӣ мондани пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ҳангоми сафари давлатии Раҳмон ба Маскав дар охири ҳафтаи гузашта садо дод. Аммо тавре ишора шуд, Душанбе ҳанӯз аз шарти худ барои идомаи ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, яъне пардохти маблағ даст накашидааст. Қаблан, хабаргузориҳо менавиштанд, ки гӯё мақомоти расмии кишвар аз Русия барои идомаи ҳузури пойгоҳи низомиаш беш аз 300 миллион доллар хоста бошанд.

Созишнома дар бораи будубоши низомиёни рус дар кишвар ҳанӯз моҳи октябри соли 2004 аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ва Владимир Путин, собиқ раиси ҷумҳури Русия, имзо шуда буд. Ва танҳо дар моҳи июли имсол Медведев ва Раҳмон дастур додаанд, ки шароити ҳузури ин пойгоҳ баррасӣ шавад.

Ҳамроҳхон Зарифӣ ҳам гуфт, ҷониби Русия ва Тоҷикистон бо назардошти манофеи миллии худ иловаҳояшонро ба ин созишнома пешниҳод кардаанд ва ин масъаларо комиссиони байнидавлатӣ баррасӣ мекунад: “Ин гуфтушунид дар зери сарпарастии ду раиси ҷумҳур мебошад ва мо тайи чанд вақт ба раиси ҷумҳурон дар бораи мавзӯъҳое, ки дар байни ин ду комиссион баррасӣ мешавад, иттилоъ медиҳем. Ягон масъалаи душворе дар гуфтушунидҳои мо вуҷуд надорад. Чунки ҳарду ҷониб ҳамчун шарикони стратегӣ аз мавқеъҳои якдигар ба таври мусбат дастгирӣ мекунанд”.

Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳаш берун аз марзи ин кишвар будааст. Ва он дар соли 2005 дар заминаи дивизияи 201, ки дар Тоҷикистон мустақар буд, ташкил шудааст. Ҳоло, гуфта мешавад, ҳафт ҳазор низомии рус дар қисмҳои ин пойгоҳ дар Душанбеву Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб хидмат мекунанд.

Русия ба Роғун сармоягузорӣ мекунад

Дар ин сӯҳбаташ бо хабарнигорон Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, ҳамчунин сафари давлатии Раҳмон ба Маскавро самарнок унвон дод. Вай гуфт, дар ин гуфтугӯҳо ҷониби Русия бори дигар изҳори омодагӣ кардааст, ки дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун сармоягузорӣ кунад. Аммо, ба гуфтаи Ҳамроҳхон Зарифӣ, ин сармоягузориҳои Русия танҳо дар доираи консорсиюми байнулмилалии Роғун, ки бо кӯмаки Бонки Ҷаҳонӣ омода мешавад, анҷом хоҳад гирифт:

“Баъд аз омода шудани консорсиюм Русия ба пуррагӣ дар кори сохтмони ин нерӯгоҳ ширкат мекунад. Ҳамчун мамлакати мустақил ва ҳамчун мамлакате, ки мехоҳад дар сохтмони он ширкат кунад. Албатта, ин сохтмон ба таври дуҷониба ва ё сеҷониба сохта намешавад. Ин консорсиюми байнулмилалӣ аст. Аз ин лиҳоз, дар ҳамин шакл Русия ҳам дар он ширкат мекунад”.

Фоидаи молӣ аз нерӯгоҳҳои хурд

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои хабарии Русия иттилоеро пахш кардаанд, ки Сергей Шматко, вазири энержии Русия гуфтааст, ин кишвар омодааст, дар сохтмони нерӯгоҳҳои хурд дар Тоҷикистон саҳм бигирад. Вале оқои Шматко гуфтааст, ин тасмим ба шарте иҷро мешавад, ки Тоҷикистон ба ивази сармоягузориҳои Русия контроли ин нерӯгоҳҳои кӯчакро ба ӯҳдаи онҳо гузорад.

Ин чӣ маъно дорад? Манзур аз назорат бар нерӯгоҳҳои хурд дар оянда фоидаи молӣ аст ё чизи дигар? Исмоил Талбаков, вакили мардумӣ дар Маҷлиси Намояндагон ва муовини раиси ҳизби коммунист, ба радиои Озодӣ гуфт, аз рӯйи қонунгузориҳои Тоҷикистон ин шарти Русия набуда, балки як қоидаи сармоягузорӣ аст.

То ин муддат бо сармоягузории Русия дар Тоҷикистон сохтмони нерӯгоҳи барқи “Сангтӯда -1” дар ҷануби кишвар анҷом шудааст. Дар ҷараёни сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Русия иттилоъ пахш шуда буд, ки Русия дар кашфу коркарди чор кони гази табиӣ ва сохтмони се нерӯгоҳи хурди Обу барқ саҳм гирад.
XS
SM
MD
LG