Вале барои кӯмак ба шумори афзояндаи муҳоҷирони афғон ба Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR), ки бевосита бо ин бахши мардум кор мекунад, кӯмаку пуштибонии бештари молӣ лозим аст. Чунин гуфт дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ раиси намояндагии ин созмон дар Тоҷикистон Иля Тодорович. Вай гуфт, аз соли гузашта ба ин сӯ шумори муҳоҷирони афғон дар Тоҷикистон ду баробар афзоиш ёфта, ҳоло тақрибан 4000 нафарро ташкил медиҳанд. Қисме аз ин мардум муҳоҷирон ва қисми дигар паноҳандагоне мебошанд, ки аз ҳукумати Тоҷикистон ва UNHCR дархости кӯмак ва таъмини амнияташонро кардаанд. Оқои Тодорович афзуд, ки ҳар моҳ шумори онҳое, ки кишвари худро тарк карда аз мақомоти Тоҷикистон кӯмак дархост мекунанд, афзоиш меёбад:
“Онҳо Афғонистонро бо сабабҳои мухталиф, асосан бо сабаби бад шудани вазъи амниятии ин кишвар тарк мекунанд. Онҳо аз ҳама қисматҳои Афғонистон меоянд: аз Кобул, Ҳилманд, Қандаҳор, Ҷалолобод, инчунин аз манотиқи шимолии Мазори Шарифу Қундуз. Дар аризаҳои онҳо гуфта мешавад, ки вазъи амниятӣ бадтар шуда Толибон ба онҳо таҳдид мекунанд. Онҳо худро амн эҳсос намекунанд. Аксари онҳо дар солҳои гузашта ва дар хушунатҳои ахир аъзои хонаводаҳои худро аз даст додаанд”.
Мушоҳидаҳои созмонҳои имдодрасон нишон медиҳад, ки Эрону Покистон, ду ҳамсояи дигари Афғонистон, дигар муҳоҷирони ин кишварро бо оғӯши боз қабул карда наметавонанд. Эрон, ки солҳои зиёд аст ба макони зисту паноҳандагии ҳудудан ду миллион муҳоҷири афғон табдил шудааст, вақтҳои охир ҳар афғони бидуни санадҳои муназзамро аз қаламраваш ихроҷ мекунад. Покистон бошад худ вақтҳои охир бо далели афзоиши хушунатҳои Толибон дар чашми паноҳандагон худ ба як кишвари дигари ноамн табдил шудааст. Аз ин рӯ, аксар фирориён Тоҷикистонро чун маҳалли доимӣ ё муваққати зиндагии худ ихтиёр мекунанд, мегӯяд оқои Тодорович. Вале дар ин ҷо ҳам мушкили онҳо хеле зиёд аст:
“Муҳоҷироне, ки бо умеди дарёфти паноҳандагӣ ин ҷо меоянд, эҳтиёҷи зиёд доранд. Онҳо ба хонаву сарпаноҳ ниёз доранд, ба кӯмаки молӣ ва баъзеашон ба ёриҳои тиббӣ эҳтиёҷ доранд. Бaрои бачаҳое, ки мактаб мераванд, синфхонаҳои таълими ҳарфи сириллик зарур аст. Бисёри онҳо бар асари ҷангу хушунатҳо аз Афғонистон бо осеби рӯҳӣ бармегарданд. Хулоса, мушкили онҳо хеле зиёд аст. Инчунин, масъалаи дарёфти ҷои кор барои аксари онҳо хеле шинос аст. Ва ин дар ҳолест, ки сокинони бумии Тоҷикистон худ аз мизони баланди бекорӣ азият мешаванду, беш аз як миллион нафар дар Русияву Қазоқистон ҷӯёи кор мегарданд. Яъне, ин кишвар дар баробари мушкилоти худӣ, боз бояд ба афғонҳои муҳоҷир дар ҳалли айнан ҳамин масъалаҳои таъмини рӯзӣ мусоидат кунад”.
Дар заминаи афзоиши эҳтимолии мавҷи муҳоҷирони афғон, ки бо фирор аз хушунатҳои кишварашон дар Тоҷикистон мехоҳанд паноҳ меёбанд, вазири корҳои хориҷии ин кишвар Ҳамроҳхон Зарифӣ гуфт, ҳарчанд ҳоло наметавонад шумори онҳоро аз ҳад зиёд арзёбӣ кунад, вале Тоҷикистон омода аст, ҳамаи онҳоро қабул кунад.
Бино ба маълумоти Вазорати кори Тоҷикистон, ҳарчанд имкониятҳои молии ин кишвар барои расондани кӯмаки ҳамаҷониба ба муҳоҷирони афғон маҳдуд аст, вале дар миёни солҳои 2007-2008 онҳо тавонистанд 180 паноҳандаро бо касбҳои сартарошӣ, дӯзандагӣ, ронандагӣ, корбарии компютер ва ошпазӣ тамрин бидиҳанд.
Раҳбари UNHCR Иля Тодорович гуфт, ҷиҳати мусбати масъала ин аст, ки кӯдакони афғон имкони таҳсил дар мактабҳои маҳаллиро доранд ва мушкили умдаи онҳо норасоии адабиёти дарсиву маводи таълим аст. Аз ҳамин ҷиҳат, бархе бо сабаби набуди китобу дафтару қалам дар синни хурд аллакай ба бозор барои кор мебароянд. Ба хотири ҳалли ин ҳама масъалаҳову мушкилоти афзояндаи мавҷи тозаи муҳоҷирони афғон, гуфт Иля Тодорович, UNHCR дар муроҷиат ба донорҳову сармоягузорони калон мехоҳад мизони маблағгузории ин бахши паноҳандагонро афзоиш диҳад, то ки кӯмаки онҳо ба ҳама бирасад.
Аксар паноҳандагони афғон, ки аз оташи ҷанги ватанашон фирор карда, дар хоки Тоҷикистон барои худ макони амне пайдо мекунанд, пеш аз ҳама бо нияти дарёфти кӯмак аз ҳукумати Душанбе ва ҳам СММ ба ин ҷо меоянд. Марҳилаи дигари кӯмакхоҳиҳои онҳо ба машварати ҳуқуқиву қонунӣ вобаста аст, ки барояшон дар дарёфти ҳаққи паноҳандагӣ ва дар ниҳоят сафар ба кишвари сеюми аврупоӣ ё ғарбӣ бо нияти зиндагиву кор кӯмак мекунад.
Иля Тодорович афзуд, ки ҳанӯз низоми паноҳандагии Тоҷикистон барои шаҳрвандони хориҷӣ хеле заъиф ва номустаҳкам аст, ҳарчанд солҳои 2000-2001-ум ба як шакли муайян дароварда шуда буд. Вале, гуфт ӯ, низоми бақайдгирии муҳоҷирон хеле боз асту, мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳоло, мегӯяд Тодорович, кори зиёде барои муассирияти кор бояд анҷом шаваду, ҳаҷму шакли кор бояд дурусттар танзим шавад. Ходимоне, ки бояд бо муҳоҷирон сару кор мегиранд, бояд пайваста тамрин бубинанд, то ки сифати кори худро бо меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонанд.