Ин шӯро бо ташаббуси Анҷумани миллии расонаҳои мустақил ва Итиҳоди журналистони Тоҷикистон ва бо пуштибонии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо фаъолият хоҳад кард.
Рӯзи ҷумъа дар як ҳамоиши Душанбе намояндагони нашрияҳо ва телевизиону радиоҳои давлативу мустақили Тоҷикистон низомномаи ин шӯроро, ки аз 17 банд ва 4 боб иборат аст, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Сардори Анҷумани миллии расонаҳои электронии Тоҷикистон Мӯсо Асозода дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ аҳамияти фаъолияти чунин як шӯроро муҳим хонд.
Вай гуфт, вақтҳои охир мавридҳои бархӯрди ғайриҳирфаии журналистон ба матлаб зиёд мушоҳида мешаваду гоҳо ин баҳсҳо ба даъвоҳои додгоҳӣ бо ширкати намояндаҳои васоити ахбори умум бадал мешавад. Дар чунин ҳолатҳо, оқои Асозода мегӯяд, шӯро метавонад ба кӯмаки журналистон шитофта аз ҳуқуқи онҳо ҳимоят кунад ва дар ҳолатҳои дигар дар таҳияи матолиби ботавозун ва бархурди ҳирфаӣ ба мавзӯъ ба журналистон кӯмак кунад.
«Ба ҳамин эътимод дорам, ки ҳуҷҷатҳое.ки дар ин конфаронс қабул шуданд, ба беҳбуди фаъолияти журналистон дар дохил ва хориҷ кӯмак мекунад мақому манзалати журналистони тоҷикро болотан мебарад.Худо кунад, ки ҳамин тавр бошад»
Ба гуфтаи муассисони ин шуро, ба ҳайати шурои мазкур журналистони ҳам расонаҳои давлатӣ ва ҳам мустақиле ҷалб мешаванд, ки меъёрҳои ахлоқии журналистикаро эҳтиром мекунанд ва ба тарғиби пешбурди касбии кор, бо ташвиқи озодии сухан ва васоити озоди ахбори умум дар Тоҷикистон машғул хоҳанд шуд.
Вале ба амалиашвии идеяҳои ин шӯро на ҳама журналистони ботаҷрибаи тоҷик эътимод доранд.
Раҷаби Мирзо журналисти шинохта мегӯяд, ки замоне ба тавонмандии ин шӯро эътимод ҳосил мекунад, ки он тавона кӯмаки амаливу воқеии худро дар мавридҳои мушкилтарини кори матбуот ва журналистони тоҷик намоиш диҳад: «Агар ин шӯро тавонад, ки дар ҳимояи журналистон ва расонаҳои хабарӣ иқдом кунад ва ҳар он гуфтаҳои муаассисони он амалӣ гардад ва баҳсҳои додгоҳии журналистон камтар шавад, он гоҳ ин шӯро қобили қабул хоҳад буд.»
Ин дар ҳолест, ки ташаббускорони таъсиси чунин як шӯро ба таъсири кори он эътимод доранд. Нуриддин Қаршибоев-раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон, яке аз муассисони ин шуро мегӯяд, ки дастур ва низомномаи он аз таҷрибаи созмонҳои журналистии Тоҷикистон ва ҷаҳон гирифта шудааст ва арзи ҳастӣ кардани чунин як ниҳод дар шароити кунунӣ танҳо ба манфиати хабарнигорони кишвар аст.
Вай гуфт: «Меъёри ахлоқии журналист, ки ҳамчун як кодекс қабул шудааст, тамоми хостаҳо ва розу ниёзи ҷомеаи журналистонро фаро хоҳад гирифт. Ва мо, албатта, ҳангоми таҳия ва баррасии ҳуҷҷатҳои шуро аз таҷрибаи ҳамкасбонамон аз Булғористон, Олмонӣ, Швесария ва Русия ва дигар мамолики Шарқу Ғарб истифода кардаем.»
Бар тибқи оинномаи шӯро, он аз нӯҳ узву як раис иборат хоҳад шуд, ки бояд бар тибқи раъйдиҳии ширкатдорони ҳамоиши муассисон интихоб шаванд.
Таҳлилгарон мегӯянд, ки баъди чандин ҳодисаи пурсарусадои баҳсҳои додгоҳии журналистони ҳафтаномаҳои «Овоза», «Нигоҳ», шикояти ахири идораи Тоҷикстандарт аз болои ҳафтаномаи «Пайкон», ки бо ҷариманбандии ин нашрия анҷомид, зарурати таъсиси шӯрои васоити ахбори умуми Тоҷикистон ба миён омад.
Роҳ надодан ба таҳқири журналистон дар саҳифаҳои матбуот, дастрасӣ ба маълумот, ҷилавгирӣ аз асардуздӣ ё плагиат, даъват ба ҳамраъйи журналистон ва масоили дигар, ки фаъолияти матбуотро муассиру беғараз нигоҳ медорад, дар низомномаи шурои нави васоити ахбори умуми Тоҷикистон ҳамчун принсипҳои аслии ахлоқи журналистӣ дарҷ шудааст.
«Агар ин шӯро тавонад, ки дар ҳимояи журналистон ва расонаҳои хабарӣ иқдом кунад ва ҳар он гуфтаҳои муаассисони он амалӣ гардад ва баҳсҳои додгоҳии журналистон камтар шавад, он гоҳ ин шӯро қобили қабул хоҳад буд...