Ин бону 22 сол қабл шаҳри ободу зебо ва соҳилии Севастополро ба ин деҳаи оддии Тоҷикистон иваз кардааст. Ва тамоми ин муддат сарфи назар аз сангинии кори деҳа, дигар будани одату анъана, забон ва расму русум, мушкилоти зиндагӣ ин деҳаро тарк накардааст.
Лариса Ҷабборова, ҳамсари собиқ хидматчии нерӯҳои баҳрии Иттиҳоди Шӯравӣ Абдулҳалим Ҷабборов, мегӯяд, Тоҷикистон барояш Ватан аст. Ҷое, ки се писару як духтараш таваллуд шудаву, дар пеши чашмаш ба воя расидаанд.
Дар ин муддат танҳо як бор ба дидорбинии модараш рафта будааст – 11 сол пеш. Имсол ният доштаанд, боз ба Севастопол сафар бикунанд, вале Ларисахонум афзал донистааст, маблағи роҳкироро ба таҳсили писараш сарф бикунанд.
Наворгири Радиои Озодӣ рӯзе ба меҳмонии ин хонадон рафт, то мисоле аз ҳаёти оилаҳои омехта биорад.