Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро Тоҷикистон дар ҷанг бо фасод 158-ум шуд?


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, мубориза бо фасодро густариш додаанд, вале созмони Шаффофияти байнулмилал бар ин аст, ки кишвар фасодзадагтар шудааст.

Ҳар сол нашри шохиси фасодзадагӣ дар кишварҳое, ки баҳои бад мегиранд, вокуниши манфӣ ба бор меорад ва Тоҷикистон ҳам истисно набудааст. Аммо ин дафъа саволе ҳамаро ба андеша гузоштааст, ки бо чӣ сабабҳое номи Тоҷикистон, ки соле пеш дар ҷои 151-ум буд, акнун ба ҷойи 158-ум фуромадааст.
Шохиси вазъи фасод як шохиси ҷамъбастист. Аслан, ин як навъ назарсанҷист...


Қарор буд, дар ин бора раиси Агентии мубориза бо коррупсия, Фаттоҳ Саидов изҳори назар кунад. Вале бо сабаби серкорӣ ҳанӯз вокуниши ӯ ба дасти мо нарасидааст. Аммо метавон вокуниши ӯро ҳадс зад, махсусан аз рӯи гуфтугӯи интернетияш бо хонандагони сомонаи "Озодӣ", ки як моҳ пеш баргузор гашта буд.

Вай он вақт гуфта буд: "Умуман коррупсияро комилан аз байн бурда намешавад, вале роҳҳои паст кардани сатҳи он вуҷуд дорад. Мо рӯз аз рӯз муборизаро дар ин самт пурзӯр карда истодаем. Коррупсия фақат хоси кишвари мо нест, балки дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон мушоҳида мешавад. Сатҳи он дар Тоҷикистон аз бисёр кишварҳои дигар пасттар аст."

Ба гузориши созмони Шаффофият, сатҳи фасод дар Тоҷикистон ҳамагӣ аз 22 кишвари дигар пасттар аст, аммо аз 157 кишвар дида баландтар.

Тазод ин аст, ки дар ҳақиқат ахиран сӯҳбатҳо аз мубориза бо фасод дар Тоҷикистон бештару бештар шудаанд. Натиҷаҳо низ ба даст меоянд. Чунончӣ, худ шоҳидам, ки агар се сол пеш дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Хуҷанди Тоҷикистон намояндагони гумрук ошкоро аз мусофирон пул талаб мекарданд, имсол чунин ҳолатро надидам.

Афзоиши диёнати мардум низ то андозае ба коҳиши фасоду ришват муосидат кардааст, аммо иқтисодшиносони тоҷик мегӯянд, пешрафти умумӣ танҳо зоҳирист, амалан вазъ тағйир накарда, балки бадтар шудааст.

Чанде аз коршиносони тоҷик гуфтаанд, муассиртарин роҳи мубориза бо фасод на дар тақвияти ниҳодҳои вижа, балки дар ислоҳоти амиқи идорист. Агар вазорату муасиссаҳо аз тарафи афроди шоиста, мутахассис ва покдаст идора шуда, ба кормандон музди кори ба зиндагияшон басанда дода шавад, фасод тадриҷан коҳиш хоҳад ёфт. Дар акси ҳол, вазъ ба самте ҳаракат дорад, ки фасод метавонад, ба яке аз хатарҳои умда барои мамлакат табдил ёбад.

Дар робита ба 7 зина поён фуромадани Тоҷикистон дар ҷадвали созмони Шаффофияти байнулмилал бархе аз коршиносони дигар мегӯянд, моҷарои марбут ба натиҷаҳои аудити Бонки миллии Тоҷикистон дар давраи сарварии Муродалӣ Алимардонов ва гумонҳои марбут ба натиҷаҳои бозрасии пинҳонмондаи корхонаи Талко низ нақши муҳим доштаанд.

Аслан, баҳои созмони Шаффофияти байнулмилал чӣ гуна ҷамъбаст мешавад?

Дар посух ба ин суол раиси дафтари Созмони Шаффофияти байнулмилал дар Брюссел, Яна Миттермайер гуфт: "Шохиси вазъи фасод як шохиси ҷамъбастист. Аслан, ин як навъ назарсанҷист. Мо маълумот ва арқому адади марбут ба фасодро аз 17 пажӯҳиши коршиносон ва соҳибкорон, ки ба таври мустақилона ва ҷудо аз ҳам аз тарафи ниҳодҳои боэътимод ҷараён мегирад, як ҷоҷамъ меорем. Ва натиҷаҳои 17 назарсанҷӣ дар баҳои ниҳоии Созмони Шаффофияти байнулмилал ҷамъбандӣ мешаванд."

Ва дар охир як илова. Агентии мубориза бо фасод дар сомонаи интернетии худ шумораҳои 4 телефони тамос ё бовариро эълом доштааст. Ба онҳо занг задем, то бипурсем дар як рӯз чанд нафар бо агентӣ дар тамос мешавад ва аз ҳолатҳои фасод хабар медиҳад.

Аммо талошҳои мо барои сӯҳбат бо намояндагони он самар надод. Дар шумораи аввал садои моро намешуниданд. Шумораи савум, кайҳо аз шабака қатъ шудааст ва гӯшии ду телефони дигарро касе намебардошт.

Бояд умедвор буд, ки ин ҳолат баёнгари сатҳи мубориза бо фасод буда наметавонад.
XS
SM
MD
LG