Ширкаткунандагони дави марафонӣ шоми рӯзи шанбе ба шаҳри Душанбе расиданд. Субҳи имрӯз, 22-юми ноябр, Дави марафонӣ аз Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар оғоз ёфт. Баъдан ширкаткунандагони дави марафонӣ дар майдони «Дӯстӣ» ба пояи ҳайкали асосгузори Давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд.
Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ширкаткунандагони дави марафониро пазироӣ намуда, ба онҳо барори кор ва роҳи сафед орзу кард.
Ба иттилоъи оқои Неъматов дави марафонӣ, ки масофаи 176 километрро ташкил медиҳад, дар роҳи мошингарди самти Турсунзода – Шаҳринав – Душанбе – Ваҳдат – Файзобод – Обигарм - Роғун баргузор мешавад.
Дар дави марафонӣ 23 варзишгари бошгоҳи дӯстдорони дави «Ағба»-и Ширкати алюминии тоҷик иштирок доранд ва дар ҳар як шаҳру навоҳӣ садҳо ҳаводорони варзиш ба онҳо пайваста, масофаи муайянро тай мекунанд.
Ширкаткунандагони дави марафониро, ки бо асбобу анҷоми зарурӣ таъминанд, кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва духтурон ҳамроҳӣ мекунанд.
Ширкаткунандагони дави марафонӣ то зӯҳри имрӯз ба шаҳри Ваҳдат мерасанд. Шоми 22-юми ноябр онҳоро дар маркази ноҳияи Файзобод истиқбол хоҳанд кард. Рӯзи 23-юми ноябр онҳо ба шаҳраки Обигарм ворид мешаванд ва 24-уми ноябр ба охирин нуқтаи марафон - шаҳри Роғун мерасанд.
Пас аз мулоқот бо бинокорони нерӯгоҳи барқи обии Роғун Парчами миллии Тоҷикистон дар яке аз баландиҳои ин сохтмони бузурги аср барафрошта хоҳад шуд.