Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навои Шашмақом дар фазои Ню Йорк


Фирдавс Ниёзовро бори нахустин дар як маҳфиле дар Амрико дидам, ки моҳирона менавохту сурудҳои Шашмақомро иҷро мекард.

Вақтҳои охир теъдоди сокинони Осиёи Марказӣ дар Амрико рӯ ба афзоиш ниҳодааст, ки бо аҳли хонаводаашон дар ҷӯстуҷӯи зиндагӣ ва даромади беҳтар ба ин кишвар кӯч мебанданд.

Мардум ки зиёд шуд, албатта тӯю маърака ҳам бештар мешавад ва ба ин маъракаву маросимҳо навозандагону овозхонҳоро даъват мекунанд. Қаблан ҳам мардум дар пайдо кардани овозхонони тоҷику узбак барои ширкат дар тӯю сур мушкиле надоштанд, зеро дар Амрико ва ба вижа дар шаҳри Ню Йорк ҷомеаи бузурги яҳудиҳои бухороӣ ҳаст ва миёнашон ҳунармандони боистеъдоду шинохта ҳам кам нест.

Хонаводаҳои саршиноси яҳудиҳои бухороӣ анъанаҳои шашмақомхонии тоҷикони Бухорову Самарқанд, Хуҷанду Истаравшан, Фарғонаву Исфараро даҳҳо ҳазор километр дур аз сарчашмаҳои ҳунари волояшон ҳифз мекунанд ...
Хонаводаҳои саршиноси яҳудиҳои бухороӣ, назири Толмасофҳо, Аминовҳо ва Мулоқандовҳо, анъанаҳои шашмақомхонии тоҷикони Бухорову Самарқанд, Хуҷанду Истаравшан, Фарғонаву Исфараро даҳҳо ҳазор километр дур аз сарчашмаҳои ҳунари волояшон ҳифз мекунанд ва бо як меҳру эҳтиром аз як насл ба насли дигар интиқол медиҳанд.

Бо афзоиши теъдоди тоҷикону узбакҳо ҳунармандони ин миллатҳо низ вориди Амрико шудаанд ва ҳамакнун дар маъракаҳои ҳамшаҳронашон хизмат мекунанд.

Фирдав Ниёзов мегӯяд, ки аз зиндагӣ дар Амрико розӣ аст, аммо бурдани рӯзгори зиндагӣ дар инҷо осон нест ва бояд ду баробар бештар кор кунӣ.

Фирдавс хатмкунандаи донишгоҳи тиббии Самарқанд аст ва аммо баъд аз панҷ соли кор ба ҳайси пизишк ба хулоса омад, ки дилаш бештар ба ҳунари овозхони ва оҳангсозӣ майл дорад.

Фирдавс ба мо гуфт, ки худаш аз хонаводаи ҳунармандон аст ва нахустин устодаш тағояш Аминҷонака Шарипов буд. Махз тағояш истеъдоди ӯро дида, машварат дод, ки бештари вақти худро ба мусиқӣ бахшад ва Фирдавс пизишкиро канор гузошта, бо ҳунармандӣ машғул шуд. Вай мегӯяд, ҳунари овозхониро аз бисёриҳо омӯхтааст, аз ҷумла аз ҳунарманди маъруф тоҷик Ҷӯрабеки Мурод.

Фирдавс мегӯяд, бо вуҷуди он ки ҳамагӣ чанд моҳ пеш ба Ню Йорк омадааст, самарқандиҳои муқими ин ҷо ӯро зуд-зуд ба ҷашнҳои зодрӯзу тӯйҳо даъват мекунанд. Дар ин маъракаҳо вай бо овозхонони дигар низ шинос шуд, аз ҷумла бо София Сафтарова, ровӣ Баҳодур Тилляев, Рустам Ҳоҷимамедов, Дилшод, Комил ва дигарон.

Аммо, вай мегӯяд ӯ, дар чунин нишасту ҷашнҳо ғолибан сурудҳои эстрадӣ иҷро мекунаду фақат дар сурати дархости ҳаводорон ва алоқамандони сурудҳои классикӣ ӯ барояшон Шашмақом менавозад. Чунки на танҳо иҷроиши он сангин аст, балки дарки он ҳам ба ҳар кас муяссар намешавад.

Фирдавс ба мо гуфт, ки ҳар се фарзандаш дар ин ҷо дар мадраса мехонанду вай бо ҳамсараш кор мекунанд. Дар ҳоле ки ӯ торҳоро барои иҷрои таронаи машҳури “Ушшоқи Самарқанд” ҷур мекард, ба мо иқрор шуд, ки агар дар Узбакистон кори муносиб медошт, ҳеҷ гоҳ тарки ватан намекард.
XS
SM
MD
LG