Ҳайдар Бобомуродов, марди 55-солаи боздоштшуда, ки аз ӯ ҳамчун узви гурӯҳи ғайриқонунии Маҳмуд Худойбердиев ном бурда мешавад, гуфтааст, ба ӯ амр додаанд, то мошини раиси шаҳри Турсунзодаро битарконад.
Муҳаммадҷон Нарзиев, корманди дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт, аз ин мард 770 грамм маводи тарканда ва ду телефони мобил, ки барои тарконидан истифода мешудааст, мусодира гардид. Гуфта мешавад, ин ҳама ашё ҳамроҳ бо лавозимоти дигар барои анҷоми як амали террористӣ аз Узбакистон ба Тоҷикистон ғайриқонунӣ ворид шудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парванди ҷиноӣ боз шудааст. Намояндаи дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз ироаи ҷузъиёти бештари ин ҳодиса ба далели халал науфтодан дар кори таҳқиқи он худдорӣ кард. Ҳамчунин, дар ҳоли ҳозир рӯшан нашудааст, ки ангезаи сӯиқасд ба ҷони раиси ноҳияи Турсунзода Баракатулло Аҳадов, ки узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон низ мебошад, чӣ будааст. Аммо як манбаъи наздик ба мақомот, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, шаҳри Турсунзода, ки дар он бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон воқеъ аст ва як ноҳияи ҳаммарз бо Ӯзбакистон низ мебошад, аз ноҳияи муҳимми кишвар ба шумор меравад ва ноором кардани он барои доираҳои муайян хориҷӣ бе ҳадаф нест.
Аз сӯи дигар, ин ноҳия дар гузашта ба майдони фаъолиятҳои афроде чун Ибод Бойматов ва Маҳмуд Худойбердиев, фармондеҳони пешини Фронти халқӣ табдил ёфта буд, ки баъдтар бо ҳукумати марказии Тоҷикистон дар мухолифат қарор гирифта, яке кушта ва дигаре фирорӣ шуданд. Зимнан, дар солҳои пеш бархе аз масъулони ҳукуматӣ дар ин ноҳия ба шумули яке аз раисони он кушта шуданд, ки мақомот дар содир шудани ин ҷинояёт Маҳмуд Худойбердиев ва нафарони ӯро муттаҳам мешуморанд.
Сӯиқасди охирине, ки Тоҷикистонро такон дода буд, куштори Ҳокимшо Ҳафизов, раиси вақти Донишкадаи ҳарбии Тоҷикистон дар моҳи январи соли 2006 дар шаҳри Душанбе буд. Мақомот гурӯҳи Маҳмуд Худойбердиевро дар ин куштор муттаҳам карда, ду нафар сокини Қубодиёнро бо ин ҷурм ба зиндон фиристоданд. Аз аввали сол дар Тоҷикистон 8 нафар бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи Маҳмуд Худойбердиев дастгир шудаанд.
Сарҳанг Маҳмуд Худойбердиев аз фармондеҳони собиқи Фронти халқист, ки дар рӯи кор омадани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон саҳм доштааст. Вале ӯ баъдан алайҳи ҳукумат ошӯб бардошт ва соли 1997 аз кишвар фирор кард.Дар тирамоҳи соли 1998 Маҳмуд Худойбердиев ва тарафдоронаш ба вилояти Суғд ҳамла оварданд, вале дар задухӯрдҳо бо нирӯҳои давлатӣ шикаст хӯрда, дубора фирор карданд. Душанбе ба таври мукаррар аз Узбакистон истирдоди Худойбердиевро тақозо кардааст, вале Тошканд дар қаламрави Узбакистон ба сар бурдани ӯву тарафдоронашро эътироф намекунад.
Дар ҳамин ҳол, як моҳ қабл генерал Абдулло Назаров, муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, гуфт, полковники ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев ва ҳамроҳони ӯ барои Тоҷикистон хатари мустақим надоранд, балки танҳо мехоҳанд гоҳ-гоҳ исми худро матраҳ ва реклама бикунанд. Аммо генерал Назаров изҳори нигаронӣ кард, ки одамони Маҳмуд бо ал-Қоида ва ҲИУ робита барқарор кардаанд.
Имсол дар Тоҷикистон қариб 30 узви гурӯҳҳои террористии Ҷиҳоди исломӣ ва ҲИУ ва 5 узви ал-Қоида боздошт гардидаанд.
Дар охири моҳи июли ҳамин сол дар байни як ҳафта дар шаҳри Душанбе се таркиши хурд рух дод. Ҳар сеи ин таркиш бидуни ҳеҷ қурбонӣ дар маҳаллае наздик ба фурудгоҳи Душанбе, дар назди меҳмонхонаи «Тоҷикистон» ва дар назди бозори «Корвон» ба вуқӯъ пайваста буданд. Таркиши охирӣ дар «Корвон» дар мошини подполковник Довудов, муовини раиси шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсии пойтахт шуд ва соҳиби мошинро захмӣ кард.