Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоби дубораи Масъуд Собиров


Анҷумани Ҳизби демократи Тоҷикистон барои ширкат дар интихоботи порлумонии ин кишвар дар моҳи феврали соли 2010, бо ширкати сад тан аз вакилон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Бо қарори анҷуман асомии даҳ нафар аз номзадҳои ҳизб, ки дар раъси он Масъуд Собиров, раҳбари ҳизб, қарор дорад, барои ширкат дар интихоботи қарибулвуқӯъ аз тариқи феҳрасти ҳизбӣ ба Комиссияи марказии интихобот пешниҳод гардид. Ҳарчанд, раёсати ҳизб номи даҳ номзадро муаррифӣ карда буд, вале Муродҳусайн Мирҳасанов, раиси созмони вилоятии ҳизби демократ дар вилояти Бадахшон , номзадии худро довталабона пас гирифт.

Саида Муҳиддинова, раиси созмони минтақавии Қурғонтеппаи ҳизби демократ танҳо зане аст, номаш вориди феҳраст шудааст. Ҳамчунин, Саидқосими Қиёмпур, хабарнигори Радиои Озодӣ дар мақоми саввум ва Ҷумъахон Темурзода, яке дигар аз хабарнигорони тоҷик дар ҷои нӯҳум қарор доранд, ки ба гуфтаи Ҳайдулло Абдуллоев, муовини раҳбари ҳизби демократи Тоҷикистон, афроди ғайриҳизбӣ мебошанд. Абдуллоев афзуд, «раёсат ин мавзӯъро баррасӣ кард ва ду нафар ғайриҳизбиён низ ба рӯйхат ворид карда шуданд. Чун оиннома ва қонунҳои мо ин ҳақро додаанд. Ба ин далел ин кор сурат гирифт».

Бар асоси қонун, дар бораи интихоботи порлумони Тоҷикистон ҳар ҳизби сиёсӣ ҳаққи пешниҳоди 22 нафар номзадро аз тариқи феҳрасти ҳизбӣ дорад, ки ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳурӣ марбут мегирад. Аммо сабаби камтар муаррифӣ шудани номзадҳо аз ҳизби демократ мушкилоти молӣ дар ҷиҳати пардохти гарави интихоботӣ арзёбӣ шуд. Зеро, ба таъкиди Масъуд Собиров, раҳбари ин ҳизб, пардохти маблағи гарав, ки муодили 1, 5 ҳазор доллари амрикоӣ аст, барои аъзои ҳизб гарон аст. Вале бо ин вуҷуд Собиров мегӯяд, номзадҳои ҳизб, ки метавонанд ғайриҳизбӣ бошанд, аз тариқи ҳавзаҳои якмандатӣ низ барои ширкат дар интихобот пешниҳод хоҳанд шуд. Ин дар ҳолест, ки ҳамакнун ҳизб номзадии Ҷӯъмахон Темурзодаро аз ҳавзаи интихоботии «Ҳамадонӣ» муаррифӣ кардааст.

Масъуд Собиров: «таҳлилҳои мо бар ин аст, ки аз ҳизби демократ ҳадди ақал ду нафар вориди порлумон хоҳад шуд».

Ба гуфтаи Масъуд Собиров, ин ҳизб бештар аз 6 ҳазор узв дорад. Дар ҳамин ҳол дар оғози анҷумани рӯзи шанбеи ҳизби демократ, раҳбари ҳизб Масъуд Собиров, аз мақомаш истеъфо дод, вале вакилон бо баргузории интихоботи озод бо аксари раъйҳо ӯро дубора ба раёсати ҳизб пазируфтанд. Собиров сабаби ин иқдомашро ба пайвастани созмони вилоятии ҳизби демократ дар вилояти Бадахшон, ки муддати даҳ соли ахир дар таркиби ҷиноҳи Маҳмадрӯзи Искандаров фаъолият доштааст, марбут донист. Чун ба гуфтаи Собиров, вай севу ним соле пеш ба ҳангоми интихоб шуданаш ба раҳбарии ҳизб ваъда кардааст, ки агар битавонад, яке аз гурӯҳҳои парокандаро ба ҳам биорад, аз мақомаш канор хоҳад рафт.

Муродҳусайн Мирҳасанов, раиси созмони вилоятии ҳизби демократ дар вилояти Бадахшон, сабаби пайвастан ба ҳизби Масъуд Собировро дар сиёсати сахтгиронаи ҷиноҳи Маҳмадрӯзи Искандаров нисбат ба ҳукумат донист. Вай гуфт, «раҳбарони ҳизб ба сиёсати давлат мухолифати шадид доранд, ки ин дуруст нест. Ҳизби демократ бояд дар ҳамкорӣ бо давлат фаъолият дошта бошад. Вале ин маънои онро надорад, ки мо мушкилотро нагӯем. Бояд мушкилотро матраҳ кунем, вале на таври мухолифати шадид.»

Ин дар ҳолест, ки Муродҳусайн Мирҳасанов ба унвони муовини аввали ҳизби демократи Тоҷикистон пазируфта шуд ва гуфт, талош хоҳад кард то бо раҳбарияти ҳизб барои сарҷамъкардани ҳама демократҳо дар ин ҳизб саҳми муносиб мегузорад.

Ҳамчунин, анҷуман Ҳайдулло Абдуллоев, муовини собиқ, Амирхон Сафаров, раҳбари созмони шаҳрӣ ва вилоятии ҳизб дар Кӯлоб ва Барот Мақсудов, аз нахустин аъзои ин ҳизбро ба мақомҳои муовинони раҳбари ҳизби демократ интихоб кард.

Ҳизби демократии Тоҷикистон дар авоили даҳаи 1990 ба вуҷуд омад ва ҷойгоҳи хосеро дар миёни ҷомеа касб карда буд. Вале бо бурузи ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон маҳбубияти ҳизб коҳиш пайдо карда ва ҳизб ба гурӯҳҳои алоҳида тақсим гардид. Дар канори ҳизби демократ ба раҳбарии Масъуд Собиров, ки аз сӯи Вазорати адлия эътироф шудааст, шохаҳои ин ҳизб ба раҳбарии Маҳмадрӯзӣ Искандаров ва Саидҷаъфар Исмонов низ вуҷуд доранд.
XS
SM
MD
LG