Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси Итиҳоди нашрияҳои мустақили Тоҷикистон


Дар Тоҷикистон бо ташаббуси сардабирони се ҳафтанома созмони нави рӯзноманигории «Иттиҳоди нашрияҳои мустақили Тоҷикистон» таъсис ёфт.

Ин барои бори нахуст аст, ки се нашрияи мустақили ҷудогона «Нигоҳ», «Фараж» ва «СССР» бо имзои як аҳднома сомзони наверо таҳти унвони «Иттиҳоди нашрияҳои мустақили Тоҷикистон» таъсис додаанд.

Саймиддин Дӯстов, ношири нашрияи «Нигоҳ» ҳадафҳои созмони навро чунин баён кард, «Таъмини рушди устувори нашрияҳо, тақвияти амалии ҳамгироии журналистӣ, таъмини сиёсати ягонаи ҳифз аз манофеъи миллӣ дар фазои итилоотӣ ва дифоъ аз манофеъи тарҳи неругоҳи барқ- обии «Роғун» аз ҳадафҳои аслии ин созмон унвон шудааст».

Эътилофи нав дар ҳоле таъсис ёфт, ки то кунун созмонҳо ва муассисаҳои арсаи рӯзноманигорӣ, назири Иттифоқи журналистони
Вакте, ки мавзӯи таъсиси иттиҳоди се нашрия матраҳ аст, албатта мушкилоте пеш хоҳад омад, ба хусус ба хам овардани хабарнигорон. Зеро дар муддати чаҳор сол ин барои ман мушкилотеро фароҳам овард...
Тоҷикистон, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили хабарӣ, Эътилофи расонаӣ ё Медиа Алянс, Анҷумани хабарнигорони расонаҳои форсизабон ва ғайра дар ин кишвар фаъолият доранд.

Сайёфи Мизроб, сардабири нашрияи «СССР» мегӯяд, бештар патриотизм ва ҳисси ватанхоҳӣ се нашрияро ба ҳам овардааст, «мо ба хубӣ эҳсос мекунем, ки сари тарҳи Роғӯн ҷангҳои бузурги итилоъотӣ оғоз меёбанд ва матбуот, ба хусус мабуот, давлатӣ ва мустақил наметавонад, дар атрофии худ қудрати бузургеро дар симои хонандагон ва сокинони Тоҷикистон фароҳам наорад.Ба ин далел шароит ва вазъи феълӣ, ба хусус бархӯрдҳо ва ҷанги итилоотӣ аз мо даъват мекунад, то ба ҳам иттиҳод бибандем ва аз манфиатҳои миллӣ пуштибонӣ кунем.»

Аз сӯҳбат бо Хуршеди Атовулло, сардабири ҳафтаномаи «Фараж» маълум гардид, ки яке аз ҳадафҳои ниҳоии таъсиси «Иттиҳоди нашрияҳои мустақили Тоҷикистон» аз сухан ба амал гузаштан аст, «фикр мекунем, ки нихоят аз он ваъдахое, ки дар коғаз аст, ба амал бигзарем. Ва ин рахбарони се нашрия аз ӯхдаи ин кор мебраоянд. Чун созмонҳо ва он Шӯрои ВАО низ, бештар дунболи сухан хастанд».

Ин дар ҳолест, ки Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили хабарии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки ҳадафи масъулони «Нигоҳ», «Фараж» ва «СССР» манофеъи шахсист, «пеш бурдани ҷомеаи рӯзноманигорӣ не, балки хадафхои худро доранд. Чун ин ҷо мавзӯи дарёфти грантҳо аз созмонҳои байналмилалӣ аст. Дар холе, ки барои дарёфти кӯмакҳо салиқа ва пешниҳоди дурусти лоиҳа зарур аст».

Ин дар ҳолест, ки ҳарчанд нашрияҳои «Нигоҳ» ва «СССР» аъзои ҳеҷ як созмони рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон нестанд, аммо ҳафтаномаи «Фараж» узви ҳам Эътилофи расонаҳои Тоҷикистон мавсум ба «Медиа Алянс» ва Анҷумани миллии расонаҳои мустақили хабарист.

Нуриддин Қаршибоев, мегӯяд, «Фараж» ҳамроҳ бо «Нигоҳ» ва «СССР» танҳо нашрияҳое ҳастанд, ки дар таъсиси Шӯрои ВАО, ки моҳи октябри соли гузашта сурат гирифт, на фақат ширкат накарданд, балки тасмим дар ин бораро низ эътироф накарданд. Ба ин далел чунин ба назар мерасад, ки ин вазъ заминаро барои таъсиси созмони нав бо ширкати се нашрияи мустақил фароҳам кардааст. Зеро ин тарҳ аз сӯи САҲА сармоягузорӣ шудааст. Ин аст, ки мавзӯи истифода аз грантҳо ё кӯмакҳои билоивази созмонҳои байналмилалӣ мавриди баҳсу баррасиҳои ниҳодҳои рӯзноманигории Тоҷикистон будааст.

Аммо муассисони Иттиҳоди нашрияҳои мустақили Тоҷикистон бар ин таъкид доранд, ки дар мушкилтарин вазъ онҳо ҳамдигарро аз лиҳози молӣ низ дастгирӣ хоҳанд кард, ки яке аз муқаррароти сегонаи ҷадид аст.

Акбари Саттор, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон низ аз чунин ҳамраъйии сегонаи «Нигоҳ», «Фараж» ва «СССР» тақдир кард, вале, бар ин аст, ки ба ҳам овардани журналистон кори хеле мушкил барои ин созмон хоҳад буд, «вакте, ки мавзӯи таъсиси иттиҳоди се нашрия матраҳ аст, албатта мушкилоте пеш хоҳад омад, ба хусус ба хам овардани хабарнигорон. Зеро дар муддати чаҳор сол ин барои ман мушкилотеро фароҳам овард».

Аммо масъулони Иттиҳоди нашрияҳои мустақили Тоҷикистон мегӯянд, дари созмон барои ҳама хабарнигорон ва ноширон боз аст ва гурӯҳеро ба манзури таъсиси Маҳфили сармуҳаррирон низ ташкил кардаанд. Афзун бар ин созмон ният дорад, то дар шаҳри Роғун, маҳалли сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ Бунгоҳи хабарии ягонаро таъсис бидиҳад ва дар канори таҳияи саҳифа ва гӯшаҳои доимӣ бахшида ба тарҳи миллии «Роғун» дар ҳар яке аз нашрияҳои вобаста ба созмон, ҳар сол китоберо таҳти унвони «Хроникаи сохтмони Роғун» чоп хоҳад кард, ки омили таъмини шаффофияти корҳои сохтмонӣ дар ин тарҳ аст.

Аммо Иброҳим Усмонов, устоди Донишгоҳи миллӣ ва раиси Шӯрои ВАО мегӯяд, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки «Роғун» сирф идеаи миллӣ аст, беҳтар аст, то номи созмон иваз карда шавад.
XS
SM
MD
LG