Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падидаи нав: Шартномаи никоҳ


Масъулони Кумитаи кор бо занон бо таҳия ва пешниҳоди як санад аз мақомот ва парлумони Тоҷикистон хостаанд, ки аҳднома ё шартномаи никоҳро қонунӣ созад.

Дар ин бора Хайринисо Юсуфӣ, раиси Кумитаи кор бо занон ва ҳоло номзад ба мақоми вакили Маҷлиси Намояндагон аз феҳристи ягонаи ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, ки дар баробари журналистон сӯҳбат мекард, иттилоъ дод.
Он занони фоҳишае, ки дар кӯча ҳастанд, бо алам мегӯянд, ки шавҳаронашон бегуноҳ онҳоро талоқ додааст. Баъд аз талоқ аз шавҳарони худ чизе ба мерос нагирифтаанд ва бидуни сарпарасту манзил бо бачаҳояшон дар кӯча мондаанд...


ҶИЛАВГИРӢ АЗ ТАЛОҚ

Хонуми Юсуфӣ гуфт, тасмими онҳо барои қонунӣ кардани шартнома миёни зану шавҳар ҷиддист ва барои ҷилавгирӣ аз афзоиши талоқ дар кишвар гирифта шудааст: “Агар аҳдномаи никоҳ бошад, мард пеш аз он ки зани худро талоқ диҳад андеша мекунад. Яъне фикр мекунад, оё занеро, ки талоқ медиҳад бо молу амвол таъмин карда метавонад ё не. Ҳоло ки шартнома нест, бе ягон андеша зани худро талоқ медиҳанд ва аз пайи зани дигар мераванд. Умед дорам, ки ин мавзӯъ ҳалли мусбати худро пайдо мекунад ва бояд ҳамин хел ҳам бошад”.

“ҲАҚҚИ ЗАНРО НОДИДА МЕГИРАНД”

Хайринисо Юсуфӣ дар идомаи сӯҳбаташ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки дар соли гузаштаи 2009 теъдоди талоқ нисбат ба издивоҷи навхонадорон бештар будааст. Вай гуфт, дар соли гузашта теъдоди хонаводаҳои азҳампошида ба 5 840 расид, ки дар қиёс ба як соли пеш ҳудудан 500 ҳодиса зиёдтар ба қайд гирифта шудааст.

Аммо хонум Юсуфӣ гуфт, ҳамаи занони ин хонаводаҳои азҳампошида аз он шиква кардаанд, ки шавҳаронашон ба ҳангоми талоқ ҳаққи онҳоро нодида гирифтаанд: “Он занони фоҳишае, ки дар кӯча ҳастанд, ҳангоми гузаронидани рейдҳо бо алам мегӯянд, ки шавҳаронашон бегуноҳ онҳоро талоқ додааст. Баъд аз талоқ аз шавҳарони худ чизе ба мерос нагирифтаанд ва бидуни сарпарасту манзил бо бачаҳояшон дар кӯча мондаанд. Мо ҳам аз ин гуна ҳодисаҳо дар изтироб шудем”.

Гурӯҳҳои дигари ҳимояткунанда аз ҳуқуқи занон дар Тоҷикистон дар ин маврид бо Кумитаи кор бо занон иттифоқи назар доранд. Марям Давлатова, сардабири маҷаллаи “Равзана” дар Душанбе, мегӯяд, қонунӣ кардани аҳдномаи никоҳ агарчӣ дар кулл наметавонад ба мушкили талоқ ва нақзи ҳуқуқи занон расидагӣ кунад, аммо то андозае ба устувории хонаводаҳо ва таъмин шудани занону кӯдакон, ки аксаран баъд аз талоқ бесарпаноҳ мемонанд, кӯмак менамояд.

АҲДНОМА: ҲАҚҚИ МАҲР?

Вале Хайринисо Юсуфӣ, раиси Кумитаи кор бо занон дар ҳоле хабари пешниҳоди санад барои қонунӣ кардани аҳдномаи никоҳро изҳор дошт, ки қаблан баъзе аз хабаргузориҳои кишвар сару садоҳое дар барои қонунӣ кардани маҳр дар Тоҷикистонро нашр карданд. Мақомоти Кумитаи кор бо занон мегӯянд, аммо аҳднома ҳаққи маҳр нест, балки шартномаи расмиест, ки миёни зану шавҳар баста мешавад ва онҳо миёни ҳам ҳаққу ҳуқуқ ва дороиҳои худро расман тақсим мекунанд.

Зубайдуллоҳи Розиқ, узви Маҷмаи уламои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳам миёни ин ҳарду тафовутеро мебинад. Вай мегӯяд, ҳаққи маҳр ҳаққи зан аст, ки қабл аз бастани никоҳ худи зан онро барои мард таъйин мекунад.

Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон анъанаҳое ҷорист, ки пеш аз тӯй хонаводаи домоду арӯс миёни ҳам машварат мекунанд ва ҷониби домод муваззаф мешавад, ки ба хонаи арӯс аз хӯрданиҳову пӯшиданиҳо фиристад ва ин дар Тоҷикистон ба номи “қалин” маъруф аст. Анъанаи дигаре, ки бо номи “ҳаққи шир” ё “ширбаҳо” маъмул аст, аз сӯйи бархе аз коршиносон ба унвони хурофот дониста мешавад ва онҳо мегӯянд, ки бештар ба ҳадя додан шабеҳ асту халос.
XS
SM
MD
LG