Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Танзими таҳсили ҷавонон дар мадрасаҳои хориҷӣ


Идораи умури дин дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар ҳоле барномаи танзим ва назорати таҳсили ҷавонони тоҷик дар мадрасаҳои динии кишварҳои хориҷиро ба ҳукумат пешниҳод кардааст, ки то кунун иттилои расмие дар бораи теъдод, шароити будубош ва таҳсили онҳо вуҷуд надорад.

Идибек Зиёев, раҳбари шӯъбаи дин дар вазорати фарҳанг, яке далели сафари худсаронаи ҷавонони тоҷик ва таҳсили онҳо дар мадрасаҳои динии кишварҳои хориҷиро дар адами қарордоди ҳамкорӣ бо кишварҳои исломӣ донист. Вай гуфт, агарчӣ то имрӯз вазорати фарҳанг барои омода кардани мутахассисони дунявӣ бо кишварҳои мухталиф қарордод бастааст, аммо барои таҳсили донишомӯзон дар мадрасаҳои динӣ қарордодеро то ҳол имзо накардааст: “Агар ин масъала дар сатҳи болоӣ ҳалли худро ёбад, ҳам барои донишомӯзон ва ҳам барои кишварҳои қабулкунанда ба манфиат хоҳад буд. Зеро он вақт бо мувофиқаи мақомот таҳсил мекарданд ва тибқи қарордод рафтор ва шароити будубоши онҳо низ танзим мешуд. Мутаассифона, то ҳоло дар нисбати донишомӯзони мо дар мадрасаҳои динӣ таҳсил мекунанд, чунин як робитаи дуҷониба вуҷуд надорад”.

Идибек Зиёев мегӯяд, феълан донишомӯзони тоҷик барои таҳсил дар мадрасаҳои динӣ ба кишварҳои исломие чун Арабистони Саудӣ, Покистон, Лубнон, Миср ва Эрон мераванд, ки давлати Тоҷикистон дар бораи шароит ва шеваи таҳсили онҳо тақрибан чизе намедонад. Гузашта аз ин, ба гуфтаи ӯ, аксари ин донишомӯзон бо ақоиде бармегарданд, ки барои пайравони мазҳаби ҳанафӣ, ки аксари кулли сокинони Тоҷикистон аз он пайравӣ мекунанд, бегона будааст.

Ин нуктаро Абдуҷалол Ализода, раиси Донишкадаи исломӣ дар Душанбе, ки як сол пеш ба донишкадаи давлатӣ табдил шуд, сарфи назар намекунад. Вай мегӯяд, баъд аз он ки роҳҳо барои таҳсили ҷавонон дар мадрасаҳои динӣ боз шуд, баҳсҳои мазҳабӣ натанҳо дар масоҷид, балки ҳатто ба дохили хонаводаҳои тоҷик роҳ ёфтааст: “Дар як оилаи тоҷик аллакай ду–се ақида пайдо шудааст. Яке ақидаи шиа дорад, дигаре ақидаи салафиву ҳанафӣ. Баъд аз ин, чӣ хел оила ором мемонад? Душманони ислом метавонанд бо эҷоди ҳамин гуна ҷангҳои идеологӣ миёни мусулмонҳо тафриқа андозанд”.

Ин гуфтугузор дар ҳолест, ки тайи солҳои охир мавзӯъи таҳсили ҷавонон дар мадрасаҳои динии хориҷӣ ва бо ақоиди мухталиф баргаштани онҳо мавриди баҳси хосу ом қарор дорад. Зеро, аксари пайравони ҷараёнҳои тозапайдои Салафия ва Ҷамоати Таблиғ, ки дар солҳои ахир дар Тоҷикистон зуҳур карда ва бо шеваи намозгузориву баҳсҳои мазҳабияшон фарқ мекарданд, аз ҷумлаи онҳое буданд, ки дар Арабистони Саудӣ ва ё Покистон таҳсил дидаанд.

Дар ҳамин ҳол, соҳибназарон бо ишора ба ин мушкил тасмими вазорати фарҳанг барои назорати таҳсили толибилмони тоҷик дар мадориси хориҷиро дуруст медонанд ва мегӯянд, ки он мушкиле дар роҳи таҳсили ин мардум дар оянда эҷод нахоҳад кард. Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд: “Аслан ҷойи бадӣ надорад, вақте ки як давлат тамоми ҳаракатҳои донишҷӯёни худро мехоҳад зери назорат гирад. Мо набояд назоратро танҳо падидаи манфӣ ҳисоб кунем. Шояд ки бақайдгирӣ ва назорат барои ҳамкорӣ ва кӯмак ба донишҷӯён ҳам бошад. Чунки як донишҷӯ метавонад дар хориҷи кишвар ба мушкил рӯ ба рӯ гардад ва мақомот бояд дар ин бора иттилоъ дошта бошанд”.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносон дар солҳои наздик ба низом даровардани раванди сафар ва таҳсили ҷавонони тоҷик дар мадрасаҳои динӣ дар кишварҳои исломиро номумкин медонанд. Ба назари онҳо, беҳтар аст, барои ҷилвагирӣ аз афкори ифротии ҷавонон ва пайвастани онҳо ба гурӯҳҳои тундрав бояд аз синни мактабӣ ақидаи мазҳабии онҳоро устувор кард. Вале то замоне ки муассисаҳои таълимии динӣ дар худи Тоҷикистон заъифу маҳдуд боқӣ мемонанд, ҳаракати толибилмони тоҷик барои таҳсил дар мадориси хориҷӣ коҳиш нахоҳад ёфт.

Фирдавс, як таҳсилдидаи мадраса дар Арабистони Саудӣ, мегӯяд, заъфи мадрасаҳои динӣ дар кишвар сабаб шудааст, ки онҳо барои таҳсил ба кишварҳои исломӣ раванд.

Дар худи Тоҷикистон, ки ба гуфтаи мақомот бештар аз 90 дарсади сокинонаш аз дини мубини ислом пайравӣ мекунанд, ҳамагӣ худуди бист мадрасаи динӣ амал мекунад. Аммо ин мадрасаҳо таҳти назорати ҳукумат қарор доранд ва барномаҳои таълимии онҳо низ танҳо бо иҷозаи вазорати маорифи Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ мешаванд.

Ҳамчунин, раҳбарони ин мадрасаҳо ва Донишкадаи исломии Тоҷикистон, ки то як соли пеш донишкадаи ғайрирасмӣ буд, бо иҷозаи Вазорати маориф таъйин мекунанд ва ҳамеша мударрисони ин таълимгоҳҳо бояд аз имтиҳоноту аттестатсияҳои давлатӣ гузаранд. Илова ба ин, тибқи Қонуни баҳсбарангези озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ ин мадрасаҳо аз қайди Вазорати адлия мегузаранд ва барои фаъолияти худ иҷозатномаи Вазорати маорифро низ бояд бигиранд.
XS
SM
MD
LG