Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳорсад нозири хориҷӣ дар интихоботи Тоҷикистон


Ҳудуди 400 нозири хориҷӣ ҷараёни баргузории интихоботи парлумонӣ дар моҳи февралро назорат хоҳанд кард.

Дар ин бора Муҳибулло Додоҷонов, раҳбари дафтари Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, ба радиои “Озодӣ” хабар дод: “Сар аз рӯзи 18-уми январ 25 нозири САҲА барои муддати тӯлонӣ вориди Тоҷикистон мешаванд. Қарор аст, як ҳайъати бузурги нозирони ин созмон бо шумули 140 нафар барои кӯтоҳмуддат қабл аз баргузории интихобот ба Тоҷикистон оянд. 150 нозири дигар аз кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил низ барои кӯтоҳмуддат интихоботро назорат хоҳанд кард. Мо ҳамчунин аз кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой даъват кардем, то нозирони худро бифиристанд”.

Дар ҳамин ҳол, як ҳайъати даҳнафарӣ аз яҳудиёни бухорӣ, ки муқими Амрикову Канада ҳастанд, хостори ширкат дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ба унвони нозири хориҷӣ шудаанд. Муҳибулло Додоҷонов ширкати ҳар як аз нозирони хориҷиро дар интихобот муҳим донист ва гуфт, мақомоти кишвар ба дархости ҳамаи онҳо, минҷумла ба гурӯҳи яҳудиёни бухорӣ низ посухи мусбат додаанд.

Аммо намояндагони бештари аҳзоби сиёсии Тоҷикистон ба таъсири нозирони байнулмилалӣ барои баргузории як интихоботи шаффофу демократӣ дар кишвар бовар надоранд. Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, ки ба унвони дуввумин ҳизби қудратманд дар Тоҷикистон эътироф шудааст, мегӯяд, аз созмонҳои байнулмилалӣ ва нозирони онҳо дар ин интихобот таваққӯъи чандоне надорад: “Давраи романтизми ҳизбҳои сиёсӣ гузашт, ки мо ба созмонҳои байнулмилалӣ ва Иттиҳоди Аврупову САҲА такя мекардем ва умеди онро доштем, ки ҳатман онҳо барои мо як интихоботи софу шаффофро таъмин мекунанд. Ҳоло умед танҳо ба худи ҳизбҳои сиёсӣ аст”.



Шокирҷони Ҳаким, муовини раҳбари Ҳизби сотсиал-демократ, мегӯяд, мақомот аксаран нозирони байнулмилалиро аз кишварҳои собиқ Шӯравӣ даъват мекунанд, ки мисли Тоҷикистон бо демократия мушкил доранд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи вай, ин нозирон наметавонанд барои баргузории як интихоботи озод кӯмак кунанд: “Дар заминаи он ки мушкили демократия доранд ва умумияти ҳадафҳо низ ҳаст, кӯшиш мекунанд, ки ба камбудиҳо камтар таваҷҷӯҳ кунанд. Ин боис ба нигаронӣ ва ҳамчунин омили сусттар пеш рафтани равандҳои демократӣ будааст”.

Оқои Ҳаким дар идомаи сӯҳбаташ афзуд, ҳизби сотсиал-демократ талош кардааст, ки барои назорат аз ин интихобот нозирони дохилии худро ҳам омода кунад. Бо ин ҳол, мақомот зоҳиран барои баргузории як интихоботи шаффофу демократӣ талош мекунанд.

Муҳибулло Додоҷонов мегӯяд, ба иловаи нозирони байнулмилалӣ, нозирони аҳзоби сиёсӣ ва журналистон ҳам раванди ин интихоботро назорат ва ҳамчунин дар шумориши раъйҳо ширкат хоҳанд кард: “Барои чӣ маҳдудият бошад? Агар журналистон беғаразона аз ин интихобот назорат намоянд, бигузор дар рӯзи ҳисоби овозҳо низ ширкат кунанд. Касе монеъи ҳузури онҳо намешавад”.

Интихоботи гузаштаи порлумонӣ дар Тоҷикистон дар моҳи феврали соли 2005 доир шуд, ки натиҷаҳои онро баъзе аз аҳзоби сиёсӣ, аз ҷумла коммунистҳо, наҳзатиҳо ва сотсиал-демократҳо ғайридемократӣ ва ғайриқаноатбахш арзёбӣ карданд. Ҳамчунин, нозирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо он маъракаро ҳамроҳ бо тақаллуб ва қонуншиканӣ арзёбӣ карда, адами ҳузури намояндагони аҳзоб дар қитъаҳои райдиҳӣ, мудохилаи мақомоти маҳаллӣ, раъйдиҳии як нафар ба ҷои аъзои хонавода ва ҷамъбасти якҷонибаи интихобот ба суди ҳизби ҳокими таҳти раёсати президент Раҳмонро камбуди асосӣ унвон карда буданд. Камбудиҳое, ки мақомоти Тоҷикистон онҳоро рад мекунанд.
XS
SM
MD
LG