Нигаронии аввале, ки Абдусамад Самиев, мудири шӯъбаи иттилоот ва таҳлили Шӯрои амнияти Тоҷикистон, дар робита ба вазъи амнияти иттилоотии кишвар матраҳ кард, халалдор шудани фазои иттилоотӣ тавассути пахши барномаҳои радио ва телевизионҳои кишварҳои ҳамсоя, ба хусус Узбакистон буд: «дар даҳ ноҳияи марзии Тоҷикистон, умдатан дар шимоли ин кишвар даҳ шабакаи радио ва телевизиони кишвари ҳамсоя пахш мешаванд. Мо ҳамроҳи масъулони вазорати нақлиёт ва алоқа ва Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон дар куллияи ноҳияҳои вилояти Суғд будем ва аз назар гузаронидем. Воқеан барномаҳои Тоҷикистон тавассути шабакаҳои Узбакистон пахш мешаванд, Чун онҳо таҷҳизотҳо ва воситаҳои техники пурқувват доранд. Ҳатто мо дар кабинети яке аз раисони ноҳия будем, ки дар утоқи корӣ вай барномаи телевизионии Узбакистонро тамошо мекунад. Хуб дар маврид чанд дарсадро фаро гирифтани барномаҳзои шабакаҳои радиоӣ ва телевизионии Узбакистонро дақиқ кардан мушкил аст. Вале ин вуҷуд дорад. Мо пешниҳодоти худро ба Ҳукумат ироа кардем».
Ин дар ҳолест, ки ба таъкиди мақомоти Тоҷикистон, беш аз 60 дарсади ҷамъияти ин кишвар дар манотиқи марзӣ ба сар мебаранд ва бегуфтугӯ таъсири расонаҳои ҳамсоя болои зиндагии онҳо фаровон аст. Аз сӯи дигар, ба гуфтии худи ин мақомот ҳамакнун беш аз 90 дарсади қаламрави Тоҷикистон бо барномаҳои шабакаи телевизионии давлатӣ фаро гирифта шудааст.
Вале Ансор Ниёзов, як масъули Донишкадаи такмили ихтисосои Раёсати хизмати давлатии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, қоил аст, ки маҳз паст будани мӯҳтаво ва сифати барномаҳои радиоӣ ва телвизионии давлатӣ сабаби рӯ овардани шаҳрвандони кишвар ба шабакаҳои радиоӣ ва телевизионии кишварҳои ҳамсоя шудааст. Аммо ҷаноби Ниёзовро бештар он чӣ ба ташвиш андохтааст, ки матбуоти давлатӣ ва мустақил аз матолиби расонаҳои хориҷӣ, ба хусус сомонаҳои интернетӣ ба таври густурда истифода мекунанд. Дар ҳоле, ки ба таъкиди ҷаноби Ниёзов, «мушоҳидаҳои мо нишон доданд, ки ВАО, чи давлатӣ ва чи хусусӣ як зарурати дарки сиёсати амнияти иттилоотиро надоранд. Дар аксари ҳолатҳо дар ВАО, аз ҷумла дар ВАО – давлатӣ иттилоъ аз манбаъҳои хориҷӣ кӯчонда мешавад ва онро тӯтивор такрор мекунанд. Мо инро эффекти «комбакт» номида ҳастем. «Комбакт» як доруе аст, ки вақте, ки нонхурак, таракан онро мехӯрад, заҳролуд мешавад. Гарчанде ӯ фикр мекунад, ки ин доруи хуб аст. Вақте, ки ӯ заҳролуд шуд, ба назди хонаводааш меравад. Дигаронро низ заҳролуд мекунад ва ҳамин тавр доираи заҳролудшавӣ торафт зиёд мешавад. Чи тавр метавон, итиллооте, ки дар манбаъи дигар, дар давлати дигар, аз нигоҳи сиёсати давлати дигар пешниҳод карда шудааст, гирифта дар дохили худи давлат онро чоп кард. Дар ин замина чӣ ВАО-и давлатӣ ва чи хусусӣ камбудии ҷиддӣ доранд».
Ниёзов мегӯяд, дар пайи мониторинге, ки соли 2009 гузаронда шудааст, дар нисбати 254 матлаби таҳлии сайти СентрАзия. ру ба ҳисоби миёна 9, 9 нафар назари худро баён кардааст ва ҳамин тавр дар нисбати 531 матлаби Озодӣ.тҷ. 12. 7 нафар дар тамос шуда ва фикрҳои худро изҳор кардаанд. Ҷаноби Ниёзов чунин мешуморад, дар ҳоле, ки сомонаҳои дохилии тоҷикӣ чунин шеваи назардиҳӣ надоранд, ҳатман хонандаи тоҷик ба сомонаҳои расонаҳои хориҷӣ рӯ меорад, ки ба нафъи Тоҷикистон нест.
Дар маҷмӯъ, назари ҷаноби Ниёзов ва бархе аз ширкаткунандагони нишасти имрӯз ин буд, ки аз 30 ҳазор матлабе, ки дар муддати панҷ соли ахир дар расонаҳои хориҷӣ мунташир ва садо додааст, 80 дарсади он бештар характери ғаразнок, бӯҳтономез дошта ва аз ҳақиқат дур аст, ки ин ба амнияти итилоотии кишвар хатар дорад.
Аммо дар муқобили иддаъои масъулони масъулони давлатӣ, Акбари Саттор, раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон мегӯяд, «дар мавриди пахши фазоии иттилоотии кишвар тавассути шабакаҳои радиоӣ ва телевизионии ҳамсоя, беҳтарин роҳ додани литсензия ба шабакаҳои радиоӣ ва телевизионии мустақил дар худи навоҳии марзии Тоҷикистон аст. Ва Кумитаи радио ва телевизион метавонад дар шартномаҳо бо ин расонаҳои мустақил сабт кунад, ки дар баробари барномаҳои мухталифи тафреҳӣ, аз ҷумла консерту филмҳо, ахбори муҳими расмии Тоҷикистон аз манобеъи мӯътамад истифода кунанд. Аммо дар масъалаи истифодаи матлабҳо аз расонаҳои хориҷӣ, ин хатаре надорад. Танҳо расонаҳои маҳаллиро лозим аст, як бор он матлабро аз назари коршиносӣ бубинанд ва манофеъи миллиро сарфи назар накунанд».
Раиси Итиҳоди журналистони Тоҷикистон бар ин назар аст, ки расонаҳои маҳаллӣ ҳақ доранд, аз ҳар матлабе, аз ҷумла матолиби расонаҳои хориҷӣ истифода баранд, вале бояд он матлабро дар тарозуи ҳирфавият ва манофеъи миллӣ баркашанд.Аз сӯи дигар, ин суол матраҳ аст, ки оё истифодаи матлабҳои расонаҳои хориҷӣ, магар «заҳролуд» кардани мафкураи хонандаи тоҷик аст, Абдулғанӣ Маҳмадазимов, раиси сиёсатшиносони Тоҷикистон дар посухи ин суол гуфт, «Не, албатта мо наметавонем, ки аз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар канор бошем ва дарҳои худро баста кунем. Албатта матолибе, ки чоп мешавад, на ҳамааш ғаразнок ва ё душманӣ аст. Аммо вақте, ки мо аз ҳамсояҳо ва ВАО душман метарошем, ин ғалат аст».
Ҳикматулло Сайфуллозода, таҳлилгари тоҷик бар ин бовар аст, ки маҳз мунсифона, боадолатона ва шаффоф бозтоб шудани масоили мухталифи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, ва иҷтимоъ дар расонаҳои хориҷӣ, аз ҷумла Радио ва сомонаи Озодӣ хонандагонро ба хондани он водор мекунад, «ман ба фикри масъулони давлатӣ розӣ нестам. Матлабҳои расонаҳои хориҷӣ бартарият дар расондани иттилои дақиқ доранд. Дар мавриди СентрАзия дорад, мақолаҳои иғвоангез ба ҳар тарзе аз доираҳое дигар пахш мешавад ва бар зарари манфиати миллат аст. Аммо дар Озодӣ матлаби ғаразнокро дидан номумкин аст. Масъала ба он тарзе матраҳ шудааст, ки ин гуна масъалагузорӣ писанди доираҳои манфиатхоҳ нест. Ман аз Озодӣ матолиби дорои воқеъият ва ҳақиқатро мебинам ва бояд нагузорем, ки дастаки доираҳои манфиатхоҳ гардад».
Ин дар ҳолест, ки дар нишасти Шӯрои ҷамъиятӣ низ таъкид шуд, ки мушкилоти аслии амнияти иттилоъотии Тоҷикистон дар нарасидани кадрҳои ботаҷриба ва ҳирфаии журналистӣ, набуди рӯзномаи ҳаррӯза ва номукаммалии сиёсати дурусти амнияти иттилоотӣ аст.