Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додрасҳо бо нашрияҳо мусолиҳа накарданд


Амриддин Сафоев, додраси Додгоҳи ноҳияи Сино, баррасии даъвои се додрас аз болои нашрияҳои "Озодагон", "Фараж" ва "Азия-Плюс"-ро то нимаи аввали моҳи март мавқуф гузошт.

Вай дар ин бора рӯзи 23-юми феврал дар дуввумин ҷаласаи ибтидоӣ, ки бо ширкати се додрас, сардабирони нашрияҳо ва намояндагони созмонҳои хабарнигорӣ баргузор шуд, иттилоъ дод.

Ин барои бори дуввум аст, ки Додгоҳи ноҳияи Сино баррасии даъвои се додрас аз болои се нашрияи мустақили Тоҷикистонро ба таъхир меандозад. Қаблан, дар оғози моҳи феврал дар нахустин ҷаласаи ибтидоӣ Амриддин Сафоев замони баргузории мурофиаро ба рӯзи 23 –юми феврал таъйин карда буд. Вале ин бор ӯ санаи дақиқи баргузории мурофиаро нагуфт ва танҳо ишора кард, ки мурофиа пас аз анҷоми интихоботи парлумонии 28-уми феврал баргузор хоҳад шуд.

Марат Мамадшоев, муҳаррири ҳафтаномаи “Азия-плюс”, ки дар ҷаласаи ибтидоии додгоҳ ба унвони ҷавобгар ширкат мекард, гуфт, ки чунин амалкарди додрас фаъолиятҳои мустақилонаи ӯро таҳти шубҳа қарор додааст.

Вай афзуд, “барои чӣ додрас, ки ҳамаи ҳуқуқро дорад, санаи дақиқи баррасии даъворо эълон накард? Ӯ чиро интизор аст? Илова ба ин, вақте дар бораи таваққуфи баррасии парванда сӯҳбат мекард, аз интихобот ёдоварӣ кард. Дар ҳоле ки мо дар бораи интихобот ҳатто калимаеро ҳам ба забон наовардем. Инро чӣ хел фаҳмидан мумкин: оё баъд аз ин ӯ бо касе машварат мекунад?”

Баҳси додгоҳии се нашрияи мустақил бо ду додраси Додгоҳи олӣ ва як додраси шаҳри Душанбе дар охири моҳи январ, баъд аз нашри изҳороти Солеҳҷон Ҷӯраев, собиқ додситони кул ва вакили дифоъ, дар бораи вуҷуди мавориди фасод дар Додгоҳи олӣ оғоз ёфт. Нур Нуров, Улуғбек Мамадшоев ва Фахриддин Додометов, нашрияҳои “Озодагон”, “Фараж” ва “Азия-плюс”-ро бо иттиҳоми тӯҳмат ва паст задани обрӯву эътибори инсон ба додгоҳ кашида, 5,5 миллион сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ талаб карданд. Ҳамчунин, бино ба даъвои додрасон муаллифи матлаб дар ин нашрияҳо - Солеҳҷон Ҷӯраев, собиқ додистони кул ва вакили дифоъ, низ бояд 1,1 миллион сомонии дигар ба онҳо ҷуброн пардохт кунад.

Дар ҳоле ки Солеҳҷон Ҷӯраев дар ҷаласаи ибтидоии додгоҳ пешниҳоди мусолиҳа бо даъвогаронро дар миён гузошт, се додрас аз даъвои худ ҳимоят карда, пешниҳоди мусолиҳаро напазируфтанд. Пас аз ин, оқои Ҷӯраев шикояти худ аз болои даъвои се додрасро дар ҳаҷми 20 саҳифа ба қозии парванда пешниҳод кард ва гуфт, ки иловатан панҷ сабти овози Нур Нуровро дар бораи вуҷуди фасоди молӣ дар Додгоҳи олӣ пешниҳод мекунад: “Агар додрасҳо аризаи даъвогии худро бигиранд…Бовар дорам, ки мегиранд. Чунки ҳамаашон таҳти фишори раиси Додгоҳи олӣ аризаҳои худро навиштаанд. Ман нисбат ба додрасҳо коре надорам, ман барои беадолатӣ дар Додгоҳи олӣ ва нақзи ҳуқуқи инсон мубориазаамро идома медиҳам”.

Солеҳҷон Ҷӯраев ҳамчунин аз мақомоти расмии Тоҷикистон интиқод кард, ки пас аз як моҳи нашри изҳороташ дар бораи вуҷуди фасод дар Додгоҳи олӣ то ҳол ба ӯ посух нагуфтаанд. Вай аз қозии парванда хост, ки бо истифода аз ҳуқуқҳояш аз мақомот низ ҷавоби ин изҳоротро талаб кунад. Аммо дар баробари ин ҳама даъвоҳои ҷавобгарон се додраси даъвогар сукут ихтиёр карда буданд, мисли ин ки “cукут аломати ризост”.
XS
SM
MD
LG