20:30 Масъулини бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иддаъо доранд, ки дар 40 қитъа аз 59 қитъаи овоздиҳии шаҳри Хуҷанд кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ намояндагони ҳизби мазкурро аз хонаи шумориши овозҳо берун кардаанд. Илҳомҷон Ёқубов аз масъулини бахши суғдии Ҳизби наҳзати исломӣ гуфт, дар ин бора протоколҳо омода кардаанд, вале масъулини комиссияҳои интихоботӣ аз имзо гузоштан зери он саркашӣ мекунанд.
20:00 Дари сандуқҳои раьй дар саросари Тоҷикистон баста шуданд.
19:14 Бино ба маьлумоти Комиссияи маказии интихобот, то соати 18-и вақти Душанбе дар саросари Тоҷикистон 80,2 дарсади раъйдиҳандагон сари сандуқҳои раъй омада ва мавқеъи худро муайян намуданд. Яъне 2 миллиону 918 ҳазору 343 нафар то соати 18 овоз додаанд. Аз ҷумла дар Душнабе 75,2 дарсад, вилояти Суғд бештар аз 81,6 дарсад, дар вилояти Хатлон 82,4 дарсад, дар Бадахшон 85,4 дарсад ва дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 76 дарсад то соати 18 раъй додаанд.
Камисюни макази интихобот ва раъйпурсӣ мегӯяд қитъаҳои раъйгирӣ дар соати 20:00 ба вақти Душанбе баста хоҳанд шуд.
18:11 Гузориши муфассали хабарнигори Озодӣ аз ҷараёни интихобот бо истифода аз мушоҳидаҳои раъйдиҳандагони оддӣ ва нозирон дар торнамои Озодӣ нашр гардид.
18:00 Ба иттилоъи Гулноз Мирзоева, консули Тоҷикистон дар Бишкек, то соати 6-и шом ба вақти пойтахти Қирғизистон 63 дарсади раъйдиҳандагон аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон муқим дар Бишкек дар интихобот иштирок карданд. Дар қитъаи раъйдиҳии Бишкек 600 шаҳрванди Тоҷикистон сабти ном шуда будаанд.
17:21 Маълумоти расмии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон: То соати 16-и пас аз зӯҳр дар саросари кишвар 73,8 дарсади раъйдиҳандагон (ду миллиону 685 ҳазору 761 нафар) дар интихобот иштирок кардаанд. Дар вилояти Суғд ин шумор 73,7 дарсад, дар вилояти Хатлон 77,2 дарсад, дар вилояти Бадахшон 80,3 дарсад, дар Душанбе 68,4 дарсад ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 70,2 будааст.
16:50 Ситоди марказии Ҳизби наҳзати исломӣ дар як нома унвонии расонаҳои хабарӣ иттилоъ додааст, ки масъулони Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ донишҷўёнро маҷбур кардаанд, ки ба ҷонибдории ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ овоз диҳанд. Вале сухангӯи Комиссиюни марказии интихобот ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин робита ба комиссиюн ягон шикояте сурат нагирифтааст.
16:30 Саввумин нигористони акс аз ҷараёни интихобот дар паҳлӯи рости ҳамин саҳифа нашр гардид.
16:20 Навори видеоии раъйдиҳии Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, ва сӯҳбати ӯ пас аз раъйдиҳӣ дар торнамои Озодӣ нашр шуд.
15:18 Маълумоти расмии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон: То соати 14-и пас аз зӯҳр дар саросари кишвар 64,7 дарсади раъйдиҳандагон (ду миллиону 357 ҳазору 70 нафар) дар интихобот иштирок кардаанд. Дар вилояти Суғд ин шумор 65,6 дарсад, дар вилояти Хатлон 68,4 дарсад, дар вилояти Бадахшон 65,7 дарсад, дар Душанбе 60,4 дарсад ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 59,4 будааст.
15:15 Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон хабар дод, ки интихоботи порлумонии Тоҷикистон дар намояндагиҳои ин кишвар дар Исломобод, Дубай ва Токио ба анҷом расид. Интихобот дар Русия идома дорад ва охирин арқом аз он ҷо иштироки бештар аз 73.000 раъйдиҳанда дар интихобот будааст.
14:55 Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон нахустин шикоятро дарёфт кардааст. Ин шикоят аз номи рӯзноманигорони ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ба КМИР ворид шудааст. Абдумудассир Аҳмадзода ва Маҳмадалии Мақсадулло, хабарнигорони «Тоҷикистон», гуфтаанд, дар ҳавзаи интихоботии рақами 7-и ноҳияи Фирдавсӣ аз фаъолияти рӯзноманигории онҳо монеъ шудаанд. Муҳибулло Додоҷонов, масъули КМИР, гуфт, ин қазия баррасӣ хоҳад шуд.
14:30 Навори аудиоии сӯҳбати Муҳиддин Кабирӣ ва Раҳматулло Зойиров пас аз раъйдиҳияшон дар торнамои Озодӣ нашр шуданд.
14:20 Навори видеоии сӯҳбати Эмомалӣ Раҳмон ва раъйдиҳии ӯ, раъйдиҳии Рустами Эмомалӣ ва модараш, раъйдиҳӣ ва сӯҳбати Қаҳҳор Маҳкамов ва раъйдиҳии Маҳмадсаид Убайдуллоев дар торнамои Озодӣ нашр шуд.
14:00 Наворҳори аудиоии сӯҳбати Эмомалӣ Раҳмон ва Қаҳҳор Маҳкамов пас аз раъйдиҳияшон дар торнамои Озодӣ нашр шуданд.
13:26 Хабарнигори Озодӣ аз Панҷакент иттилоъ дод, ки Мавлон Раҷабалиев, номзади ҲХДТ ба вакилии маҷлиси вилояти Суғд аз ҳавзаи рақами 26-и Панҷакент, дар пайи таҳдиди ашхоси номълум ба ҷони ӯ, номзадии худро бозпас хондааст. Вале пас аз баррасии қазия номзадии ӯро дубора барқарор кардаанд.
Бо номзади ҲНИТ дар ҳавзаи мазкур Ашӯралӣ Абдулҳаев низ чунин ҳодиса рух додааст. Муовини аввали бахши ин ҳизб дар Панҷакент ба радиои Озодӣ гуфт, ашхоси номаълум бо таҳдид аз ҷаноби Абдулҳаев талаб кардаанд, ки аз ширкат дар интихобот даст кашад. Дар пайи ин ҳодисаҳо номзади сеюми ҳавза ҳам аз идомаи сабқат даст кашидааст.
13:00 Маълумоти расмии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон: То соати 12-и субҳ дар саросари кишвар 51,4 дарсади раъйдиҳандагон (як миллиону 846 ҳазору 306 нафар) дар интихобот иштирок кардаанд. Дар вилояти Суғд ин шумор 48,4 дарсад, дар вилояти Хатлон 57,1 дарсад, дар вилояти Бадахшон 56,1 дарсад, дар Душанбе 51,5 дарсад ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 47,2 будааст.
12:50 Комиссияи ҳавзаи интихоботии рақами 16, шаҳри Хуҷанд Фарида Ёқубова, намояндаи ҲНИТ-ро аз узвияти ин комиссия хориҷ карда, сабаби онро иштирок надоштани хонум Ёқубова дар чанд ҷаласаи комиссияи мазкур хондаанд. Ҳамчунин, гуфтаанд, ки чун номзадии шавҳараш – Илҳоми Ёқуб ба ҳайси номзад ба интихоботи парлумонӣ гузошта шудааст, хонум Ёқубова ҳаққи узвият дар комиссияи интихоботии ҳавзаро надорад. Масъулини бахши ҳизби наҳзати исломӣ дар вилояти Суғд мегӯянд, ки ба ин амали комиссияи ҳавзавии рақами 16 розӣ нестанд ва ба зудтарин фурсат ба додгоҳ ва комиссияи ҳавзаи инфиродии Хуҷанд, рақами 13 шикоят мебаранд.
12:10 Бино ба иттилои ситоди Ҳизби наҳзати исломӣ, номи Ҳикматулло Сайфуллозода, номзади ин ҳизб ба вакилии парлумон, аз рўйхати овоздиҳандагони ҳавзаи Синои пойтахт ҳазф шудааст. Ҷаноби Сайфуллозода ин амалро нақзи ҳуқуқи шаҳрвандии худ унвон мекунад ва мегӯяд, беш аз даҳ сол аст, ки дар ин ноҳия ба сар мебарад.
12:03 Шариф Мухторов, нозири Давлати Усмон дар қитъаи рақами 16-и ҳавзаи Баҳористони Рашт, ба радиои Озодӣ гуфт, ки шоҳиди ҳолатҳои нақзи қонун, аз ҷумла раъйдиҳии як нафар ба ҷои якчанд кас, шудааст. Вале масъулони қитъа шикояти ӯро ба назар нагирифтаанд.
11:55 То ин соат наздик ба 30 дарсади раъйдиҳандагон дар ҳавзаи рақами 26-и Қурғонтеппа овоз додаанд. Нозирони ин ҳавза ба хабарнигори Озодӣ гуфтанд, ки дар ҷараёни интихобот қонуншиканиҳои ҷузъӣ, назири раъйдиҳии як нафар аз номи аъзои хонавода ва ҳузури корманди пулис дар толори раъйдиҳӣ, мушоҳида шудааст.
11:48 Хабарнигори Озодӣ аз 8 қитъаи ҳавзаи ноҳияи Рашт дидан кард ва мегӯяд, ширкати мардуми ин минтақа дар интихобот хеле фаъол аст. Вай гуфт, дар баъзе аз қитъаҳо, аз ҷумла деҳаи Дашти Рашт, то соати 11.00 тамоми раъйдиҳандагон овоз додаанд.
11:29 Аз панҷ нафар номзадҳо дар ҳавзаи интихоботии ноҳияи Данғара 3 нафар номзадии худро бозпас гирифтаанд. Холов Сайдулло, номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва ду номзади инфиродӣ аз зумраи онҳо мебошанд. Ҳоло дар ин ҳавза Каримов Маҳмадраҳим аз ҲХДТ ва Тағоев Саидалӣ аз ҲНИТ бо ҳам рақобат доранд. Ба гуфтаи Сайдулло Абдуллоев, раиси комиссиюни ҳавзаи мазкур, то соати 11.00 дар ин ҳавза беш 30 ҳазор нафар раъй додаанд, ки 35,5 дарсади интихобкунандагонро ташкил медиҳад.
11:15 Маълумоти расмии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон: То соати 10-и субҳ дар саросари кишвар 32,1 дарсади раъйдиҳандагон (як миллиону 155 ҳазору 542 нафар) дар интихобот иштирок кардаанд. Дар вилояти Суғд ин шумор 31,4 дарсад, дар вилояти Хатлон 33,8 дарсад, дар вилояти Бадахшон 32,2 дарсад, дар Душанбе 33,5 дарсад ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 30,3 будааст.
11:06 Раъйдиҳӣ дар қитъаи рақами 27-и ҳавзаи ноҳияи Файзобод баъд аз тоза кардани роҳ аз барфи якметрӣ шурӯъ шудааст. Хабарнигори Озодӣ аз ин минтақа хабар дод, ки бо сабаби банд будани роҳҳои деҳот сокинони маҳаллӣ дар интихобот ширкати фаъол надоранд. Баъзе аз раъйдиҳандагон бо хару аспҳо ба қитъаи раъйдиҳӣ меоянд. Масъулони ин қитъа тасмим гирифтаанд, ки барои овоздиҳандагони деҳоти дур аз шоҳроҳ қуттиҳои сайёр ташкил кунанд.
10:36 Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ ва номзад ба вакилӣ, пас аз овоздиҳӣ дар қитъаи рақами 32-и интихоботии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт гуфт, то ин соат нозирони Ҳизби наҳзати исломӣ аз як қатор ҳолатҳои тақаллубкорӣ дар манотиқи мухталифи кишвар гузориш додаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин дар қитъаҳои раъйдиҳии бархе аз сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷ қонуншиканиҳо ба мушоҳида расидааст. Вале ҷаноби Кабирӣ аз ном бурдани чунин сафоратхонаҳо худдорӣ кард. Раҳбари ҲНИТ фазои интихоботро дар маҷмӯъ умедворкунанда номид, аммо гуфт, тақаллубкориҳо бовар ба шаффофияти интихоботро зери суол мебаранд.
10:27 Маълумоти расмии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон: Дар ду соати аввали раъйдиҳӣ, то соати 8-и субҳ дар саросари кишвар 12,3 дарсади раъйдиҳандагон дар интихобот иштирок кардаанд. Дар вилояти Суғд ин шумор 13,9 дарсад, дар вилояти Хатлон 10,8 дарсад, дар вилояти Бадахшон 17,2 дарсад ва дар Душанбе 14,5 дарсад будааст.
10:20 Нозирони қитъаи рақами 32-и интихоботии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт мегӯянд, ки ба далели боронгариҳо ширкати мардум дар ин участка хеле кам аст ва ба далели камии овоздиҳандагон ҳолатҳои тақаллуб мушоҳида нашудааст. Дар ҳавзаи интихоботии ноҳияи Шоҳмансур нозирон аз Ҳизби наҳзати исломӣ ва ду нозири инфиродӣ ширкат доранд.
10:12 Баргаи нахустини раъй дар минтақаи раъйдиҳӣ дар Маскавро ба қуттии раъйдиҳӣ Абдумаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия, гузошт. Шоҳини Самад, корманди масъули сафорати Тоҷикистон дар Маскав, гуфт, ҳавзаи интихоботии Маскав аз соати 6-и субҳ ба вақти пойтахти Русия боз шуд ва раъйдиҳандагон низ аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон дар Маскав ба минтақаи раъйдиҳӣ омада истодаанд. Қуттиҳои райъдиҳӣ барои муҳоҷирони тоҷик ҳамчунин дар шаҳрҳои дигари Русия – Санкт Петербург, Новосибирск, Самара, Волгоград, Кемерово, Перм, Екатеринбург ва ғ. гузошта шудаанд.
10:00 Эмомалӣ Раҳмон, раиси комиссияи ҳавзавии рақами 34-и Кӯлоб, ба хабарнигори Озодӣ гуфт, то соати 9:00-и субҳ даҳ дарсади раъйдиҳандагони ин ҳавза дар интихобот ширкат кардаанд.
09:55 Абдулло Ҳабибов, раиси комиссиюни ҳавзаи интихоботии ноҳияи Сино, иддаои Раҳматилло Зойиров – раҳбари ҲСДТ ва яке аз номзадҳои умдаи ин ҳавза дар мавриди ҳолатҳои қонуншиканиро рад кард ва гуфт, ин изҳороти ҷаноби Зойиров асосе надорад . Зеро, ба таъкиди вай, то ҳол ба комиссиюни ҳавзавӣ ҳеҷ гуна эроду шикоят аз сӯи ҳеҷ нозире ва ҳизби сиёсие ворид нашудааст.
Раиси комиссиюни ҳавзаи Сино мегӯяд, «бо гузашти се соат аз оғози раъйдиҳӣ фазои интихоботӣ босубот ҷараён дорад ва интихобкунандагон ба ҳавои боронӣ нигоҳ накарда, барои раъйдиҳӣ ба пояи қуттиҳои раъй меоянд». Ба таъкиди вай, то соати 08:00-и субх 7 дарсади раъйдиҳандагони ҳавзаи Сино овоз додаанд.
09:45 Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, пас аз раъй додан бо хабарнигорон сӯҳбати кӯтоҳ кард ва гуфт, «Интихобот барои Тоҷикистон чорабинии бисёр ҳам муҳим аст. Барои пешрафту рушди ҳам иқтисодӣ ва ҳам иҷтимоӣ, ва аз лиҳози боз ҳам баланд гардидани обрӯю мартабаи давлати тоҷикон дар арсаи байнулмилалӣ интихобот ҳар чӣ қадар шаффоф, озод ва демократӣ гузарад, ҳамон қадар барои кулли мардум ва давлат муҳим аст.»
09:10 Дар чанд минтақаи раъй, ки хабарнигори мо дар Кӯлоб дидан кард, ҳузури мардум хеле зиёд будааст. Масъулони ҳавзаҳои маҳаллӣ гуфтаанд, ки ширкати мардум ба хусус ҷавонон дар интихобот бесобиқа густарда аст. Ҳамзамон дар қитъаи рақами 20-и Кӯлоб хабарнигори мо афроде мушоҳида кардааст, ки берун аз қитъаи раъйдиҳӣ ба ҷои дигарон варақаҳои интихоботиро пур карда, ба дасти онҳо месупурдааст.
09:00 Нахустин президенти Тоҷикистон ва узви Маҷлиси Миллӣ Қаҳҳор Маҳкамов пас аз додани раъй дар минтақаи раъйдиҳии воқеъ дар мактаби 53-и пойтахт ба хабарнигорон гуфт, "ман барои рушди демократия, барои пешрафти Тоҷикистон овоз додам. Барои нафаре раъй додам, ки миллат ва ватани худро дӯст медорад".
08:40 Раҳматулло Зойиров, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократӣ ва яке аз номзадҳои интихоботӣ аз ҳавзаи Сино пас аз раъйдиҳӣ дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки дар соатҳои аввали интихобот бархе аз қонуншиканиҳо ба мушоҳида расидааст. Вай афзуд, «нозирони мо якчанд ҳолати қонуншикании марбут ба овоздиҳии як нафар ба ҷои якчанд кас, манъи наворбардорӣ дар участкаҳои интихоботӣ ва маҳдудиятҳо барои ширкати нозирони ҳизбро ба қайд гирифтаанд». Яке аз қонуншиканиҳои дағал, ба гуфтаи раҳбари ҲСДТ, ин будааст, ки дар яке аз қитъаҳои ҳавзаи Сино нафари масъул дар назди ғурфа нишаста ва баргаҳоро пур карда, ба дасти овоздиҳандагон месупурдааст.
08:20 Раиси ҳавзаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Абдулло Ҳабибов мегӯяд, ки дар баъзе минтақаҳои райъдиҳии ин ҳавза аз ҷониби Ҳизби наҳзати исломӣ ҳолатҳои қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ба ҷои нозирони сабтшудаи ин ҳизб нафарони дигар ба ҳавзаи мазкур фиристода шудаанд, ки ин гуна амалҳо метавонад ба рафти интихобот халал ворид кунад.
Аз сӯи дигар яке аз нозирони ИДМ ба хабарнигори Озодӣ дар ҳавзаҳои рақами 43 ва 44 гуфт, ки шоҳиди ворид шудани ду нафарӣ ба ғурфаи овоздиҳӣ шудааст, ки қонуни интихобот чунин амалро иҷозат намедихад.
08:00 Хабарнигори мо аз участкаи рақами 45-и ноҳияи Синои пойтахт гузориш дод, ки субҳи рӯз ширкати мардум дар ин ҳавза густурда ва дастаҷамъона ба назар намерасид. Масъулини участкаи интихоботӣ гуфтаанд, ки тайи ду соати аввали интихобот ҳудуди 10 дарсади сокинон раъй додаанд. Дар участкаи 45 нозирони чаҳор ҳизб - ҲХДТ, ҲНИТ, ҲСДТ ва Ҳизби комунист ширкат доранд. Дар сӯҳбат бо хабарнигори Озодӣ онҳо аз раванди интихобот изҳори қаноатмандӣ кардаанд ва гуфтаанд, то ин соат ягон ҳолати қонуншиканӣ мушоҳида нашудааст.
07:45 Намояндаи ситоди марказии ҲНИТ дар сӯҳбати телефонӣ ба радиои Озодӣ хабар дод, ки нозирони ин ҳизб дар ҳавзаҳои Ғончӣ, Спитамен, Шаҳристон ва Истаравшан шоми дирӯз шоҳиди ҳолатҳои имзогузорӣ ба варақаҳои холии раъйдиҳӣ шудаанд.
07:30 Хабарнигори Озодӣ баъд аз боздид аз якчанд ҳавзаи интихоботии шаҳри Душанбе иттилоъ дод, ки сокинони пойтахт субҳи барвақт ба овоздиҳӣ шурӯъ кардаанд. Бештари раъйдиҳандагони участкаҳои 43 ва 44-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар сӯҳбат бо хабарнигори мо гуфтаанд, ки ба ҷонибдории Ҳизби халқӣ-демократӣ овоз додаанд.
Комиссиюни марказии интихобот ва раъпурсии Тоҷикистон гуфтааст, 3.486.400 нафарро ба унвони раъйдиҳанда дар интихоботи порлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ сабти ном кардааст. Ба гуфтаи масъулини Комиссиюни марказии интихобот, 3067 қитъаи раъйгирӣ дар саросари Тоҷикистон ва 34 маркази раъйгирӣ дар хориҷ аз ин кишвар таъсис шудааст. Интихоботи порлумонии имрӯзро 526 нозири хориҷӣ ва 25 ҳазор нозири дохилӣ назорат мекунанд.
Тавассути ҳавзаи ягонаи интихоботӣ дар интихоботи имрӯз 8 ҳизби сиёсӣ ва тавассути 41 ҳавзаи инфиродии интихоботӣ 144 номзад рақобат хоҳанд кард.Дар ҳавзаҳои инфиродӣ 39 нафар номзади Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, 20 нафар аз Ҳизби наҳзати исломӣ, 9 нафар аз Ҳизби коммунист, 7 нафар аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, 4 нафар аз Ҳизби кишоварзӣ ва 2 номзад аз Ҳизби сотсиал-демократ рақобат хоҳанд кард.