Моҳи апрел нерӯҳои муштараки Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар машқгоҳи мавсум ба Чорух Даррони гарнизони Хуҷанд размоиши низомии муштаракеро баргузор мекунанд. Ахиран, ҳайъатҳои кишварҳои мазкур дар Хуҷанд дар ин маврид ба тавофуқи ниҳоӣ расиданд. Ҷониби Узбакистон гуфтааст, дар ин машқи низомӣ ширкат нахоҳад кард.
Дар пасманзари омодагиҳои кишварҳои узви СПАД ба машқи низомии муштарак дар минтақаи Суғд мавзӯи аслии баҳси миёни коршиносон ва таҳлилгарони минтақа ин аст, ки оё воқеан хатари истифода аз нерӯҳои муштараки ин ниҳоди ҳарбиву сиёсӣ алайҳи хатари нерӯҳои террористӣ дар ин минтақа вуҷуд дорад? Ва ё Русия бо ин роҳ барои Узбакистон ва ҷаҳониён ҳузури низомии худ дар минтақа ва бозигари аслӣ будани худро ёдовар мешавад?
Норизоии Тошканд аз Душанбе сари бунёди нерӯгоҳи Роғун ва тақсими захоири оби минтақа ахиран муносибати миёни ин давлатҳоро тира кардаааст. Бархе аз таҳлилгарон, дар ҳалли ин муноқиша кор гирифтани Узбакистон аз амалиёти тахрибкоронаро низ дур аз эҳтимол намедонанд.
Неъматуллоҳи Мирсаид, таҳлилгари масоили минтақаӣ, мегӯяд, бо истифода аз ин вазъи ҳассос Русия мехоҳад, ҳузури низомии худро чун «миёнҷии аслӣ» дар минтақа тақвият бахшад. Вай меафзояд, «дар ҳоле, ки ҳузури НАТО дар Осиёи Марказӣ бештар мешавад, Русия бо ин машқи муштараки ҳарбӣ мехоҳад, ба кишварҳои ҷаҳон нишон диҳад, ки аз ин минтақа нарафтааст ва мехоҳад ҳузури худ дар Қирғизистону Тоҷикистон вусъат бахшад.»
Аз сӯи дигар, аз нигоҳи ин коршинос, Русия аз гармии нави муносиботи Тошканд бо кишварҳои Ғарбу Амрико ва қаробат ҷустан бо НАТО нороҳат шудааст ва бо баргузории машқи низомии кишварҳои узви СПАД дар Хуҷанд мехоҳад, ҳузури худ дар ин минтақаро ба Узбакистонро ёдовар кунад.
Ба гуфтаи бархе аз манобеъ, баъд аз анҷоми машқи низомӣ эҳтимол дорад, як баталони Русия дар шимоли Тоҷикистон мустақар гардад, вале манобеи расмӣ ин хабарро таъйид накарданд.
Сарони Узбакистон ва Беларус, ду кишвари узви ин созмон моҳи июни соли гузаштаи 2009 бо мухолифатҳои худ бо назари Маскав, ки дар раъси созмони мазкур қарор дорад, аз имзо зери санадҳои идомаи ҳамкорӣ бо ин созмони сиёсиву ҳарбӣ худдорӣ варзиданд, ки маънии амалан берун рафтани ин кишварҳо аз ин созмони сиёсиву низомиро дорад.
Узбакистон пешниҳод карда буд, ки аз нерӯҳои муштараки СПАД дар мавориди эҳтимолии муноқишаҳои низомии миёни кишварҳои узви ин ниҳод кор гирифта нашавад. Дар ҳоли ҳозир 5 кишвар Русия, Арманистон, Қазоқистон, Қирқизистон ва Тоҷикистон дар узвияти ин созмон қарор доранд.
Дар пайи муноқишаҳои ахири лафзии Тошканду Душанбе, бинобар хабарҳои дарёфтӣ, ин ду давлати ҳамсоя нерӯҳои худро дар хати марз тақвият бахшидаанд ва тартиби убуру мурури шаҳрвандон ҳамдигарро шадидтар кардаанд.
Ахиран мақомоти марзбонии Узбакистон аз боздошти 30 шаҳрванди Тоҷик дар минтақаи Бекобод, ҳаммарз бо вилояти Суғд хабар доданд, вале мақомоти марзбонии тоҷик онро беасос ва иғвоангез хонданд.
Вале Владимир Устинов, сардори омодагии фаврии ҳарбии ситоди муттаҳидаи Созмони СПАД дар Хуҷанд, дар ҷавоб ба саволи хабарнигорон, ки оё то чӣ андоза дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ эҳтимоли кор гирифтан аз нерӯҳои мусаллаҳи СПАД алайҳи нерӯҳои террористӣ вуҷуд дорад, хеле эҳтиёткорона сӯҳбат кард ва гуфт, он дар чаҳорчӯби барномаҳои нақшавии ин ниҳод анҷом мегирад.
Вай афзуд, «дар ин маврид ҳамин қадар гуфта метавонам, ки чунин хатар то чӣ андоза бузург ё хурд аст, ситоди ягонаи СПАД вуҷуд дорад ва чорабиниҳои худро барои адои вазифаҳои ин созмон ба иҷро мерасонад.»
Вале коршинос Тилав Расулзода мегӯяд, дар чунин вазъ баргузор гаштани машқи муштараки нерӯҳои СПАД дар вилояти Суғд ба шиддати авзоъ меафзояд ва ин, аз нигоҳи вай, бар манфиати давлати Тоҷикистон нест.
Ин коршинос меафзояд, «беҳтар мебуд, Тоҷикистон аз узвияти СПАД берун равад ва мавқеи худро бетараф ва беғараз эълон кунад. Ба умеди ворид шудани чанд сарбозаш дар нерӯи зудамали СПАД нагашта, беҳтар мебуд мисли Узбакистон ба артиши миллии худ такя кунад ва онро тақвият бахшад.»
Аз нигоҳи вай, Тоҷикистонро намебояд ба сиёсати «духура»-и Русия умед баст, зеро бо гузаштҳо ва нарм шудани мавқеи кишварҳо дар рӯ ба рӯи Русия он метавонад ҳар лаҳза тағйир ёбад.
Игор Шувалов муовини сарвазири Русия дар Душанбе изҳор дошт, ки нругоҳҳои бузурги обии Осиёи Марказӣ, манзур дар Тоҷикистон ва Қирғизистон, ба манфиатҳои кишварҳои дигари ин минтақа мухолиф намеоянд ва ба ташаннуҷи муносибатҳо мунҷар нахоҳанд кард. Зимнан, кишварҳои минтақа ин изҳороти муовини раҳбари давлати Русияро ҳар як ба гунае мувофиқ ба хостҳои худ шарҳ доданд.
Аммо коршиносон ва таҳлилгарони суғдӣ эҳтимоли иттифоқ афтодани низоъҳои низомӣ миёни Узбакистон ва Тоҷикистонро чун идомаи муноқишаҳо сари бунёди Роғун ва талоши захоири обӣ дур аз эҳтимол меҳисобанд.
Неъматуллоҳи Мирсаид, таҳлилгари масоили минтақаӣ, гуфт «ихтилофоте, ки байни Тошканду Душанбе вуҷуд дорад ва ҳарчанд марзҳо баставу давлатмардон ба муносибатҳои озоду дӯстонаи ин ду халқ монеъ мешаванд, ин ихтилофот, ба назари ман, то бархӯрди мусаллаҳона нахоҳад кашид.»
Аз нигоҳи ӯ, давлатҳои минтақа ҳам дарк кардаанд, роҳҳои дипломатии ҳалли баҳсҳо вуҷуд дорад, ки беҳтар аз ҷангу муноқиша аст.