Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимматзода дар канори Нурӣ ба хок супурда шуд


Муҳаммадшариф Ҳимматзода, раҳбари рӯҳонии Ҳизби наҳзати исломӣ, собиқ вакили порлумон ва аз чеҳраҳои намоёни мазҳабӣ дар Тоҷикистон, баъд аз зӯҳри рӯзи чоршанбе, 17-уми март, дар гӯристони Сари Осиёи шаҳри Душанбе дар канори қабри Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба хок супорида шуд.

Дар маросими ҷанозаи ӯ, ки дар масҷиди Имом Бухорӣ, маъруф ба масҷиди “Нурӣ”, дар шафати манзилаш баргузор шуд, дӯстону наздикон, аъзо ва ҷонибдорони ҳизби наҳзат ва ҳамчунин афроди наздик ба ҳукумат ширкат доштанд.

Кабирӣ: “Устод Ҳимматзода шаҳиди зинда буд”

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ ва яке аз шогирдони ӯ гуфт, Муҳаммадшариф Ҳимматзода тӯли шаш соли беморияш ин ҳизбро раҳнамоӣ мекард ва беҳтар аз ҳама барои онҳо такягоҳ буд. Оқои Кабирӣ ба истилоҳи худаш Ҳимматзодаро “шаҳиди зинда” номид: “Устод Ҳимматзода тӯли 6 сол ҳамчун шаҳиди зинда дар болои бистари беморӣ агарчӣ комилан худро ба тақдири Худованд супорида буданд, вале барои зинда мондан ба хотири мову шумо талош мекарданд. ”.

Муҳиддин Кабирӣ дар ҳоле суханронӣ мекард, ки масъулони Ҳизби наҳзати исломӣ барои дархости худ аз мақомоти шаҳрдорӣ ва дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ барои ташкили як ҳамоиш ба маросими ҷанозаи Муҳаммадшариф Ҳимматзода дар беруни масҷиди Имом Бухорӣ посухи мусбат дарёфт накарданд.

Аз нахустин муҳаққиқони Имоми Аъзам

Эшони Нуриддинҷон, Эшони Аллома ва Ҳоҷӣ Мирзо аз рӯҳониёни саршиноси кишвар ва ҳамчунин Шайх Амонулло Неъматзода, раҳбари Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон, дар сӯҳбатҳои худ аз Муҳаммадшариф Ҳимматзода ба унвони донишманди қавии ислом ном бурданд. Онҳо гуфтанд, ки Ҳимматзода аз нахустин нафароне будааст, ки ба таҳқиқи таърих ва зиндагиномаи Имом Абӯҳанифа, маъруф ба Имоми Аъзам, даст задааст.

Дар ин бора Ҳоҷӣ Мирзо, рӯҳонии маъруф дар Кӯлоб, гуфт: “Муҳаммадшариф Ҳимматзода бародари имонӣ ва исломии мо ва як мусулмони комил буданд. Дар баробари мазҳаби ҳанафӣ низ талошҳояшон барҷаста буд. Яке аз нишонаҳои он “Зиндагӣ ва осори Имом Абӯҳанифа” аст, ки ба дасти ҳамагон расидааст”.

Тасаллияти ҷониби ҳукумат

Маъсулони ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфтанд, ки дар нисфирӯзи чоршанбе Шукурҷон Зуҳуров, раиси тозаинтихоби Маҷлиси Намояндагон ба манзили ӯ омада ва марги ӯро ба хонавода ва раҳбарияти ҲНИТ таслият гуфтааст.

Абдунабӣ Сатторзода ва Сайфулло Сафаров, ду корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди раиси ҷумҳур, низ дар ин маросим ширкат доштанд. Абдунабӣ Сатторзода, ки қаблан дар ҷараёни созишномаи истиқрори сулҳ бо Муҳаммадшариф Ҳимматзода кор кардааст, шахсияти ӯро нотакрор хонд ва марги ӯро ба ҷомеаи кишвар бохти дигаре унвон кард.
“Марги устод Ҳимматзода як зоеъаи бузург на танҳо барои ҳамкоронашон, балки барои тамоми Тоҷикистон аст. Махсусан, ки эшон як шахсияти бузурги сиёсӣ ва диниву мазҳабӣ ба шумор мераванд. Чанд соле, ки дар порлумон низ буданд, беҳтарин пешниҳодҳоеро барои қонунгузорӣ карда буданд”,-афзуд ӯ.

Сайфулло Сафаров, марҳум Муҳаммадшариф Ҳимматзодаро рӯҳонии мӯътадил азрёбӣ кард, ки бо навиштаву мавқеъгириҳояш дар як вақт ҳам ба диндорон ва ҳам ба аҳли дунявият писанд меомад: “Ӯ Исломро бисёр васеъ мефаҳмид. Исломе, ки ӯ мефаҳмид, мисли исломи Имоми Аъзам барои ҳамаи мо қобили қабул буд. Ва мо ҳамавақт ӯро эҳтиром мекардем ва мекунем”.

Мухолифи гирдиҳамоии 1992

Абдуллоҳ Ҳакими Раҳнамо, аз таҳлилгарони тоҷик, мегӯяд, Муҳаммадшариф Ҳимматзода на танҳо дар дин, балки дар сиёсат низ шахсияти мӯътадил буд. Ба гуфтаи вай, ӯ ҳамчунин дар сиёсат дурандеш будааст ва пайомади корро аз қабл медонистааст: “Масалан, яке аз нуктаҳое, ки эшон ҳамеша мухолиф буданд ин ҳамроҳ шудани ҳизби наҳзат ба гирдиҳамоиҳои солҳои 1992-юм буд. То охирин рӯз ҳам гуфта буданд, ки ин иштибоҳи бузург буд. Агарчӣ он солҳо аксарият ин фикрро қабул накарданд, аммо баъд аз гузашти солҳо маълум шуд, ки фикри эшон хеле дурбинона будааст”.

Мулло ва сиёсатмадор

Дар рӯзи видоъ бо Муҳаммадшариф Ҳимматзода шогирдону наздиконаш низ аз ӯ ба некӣ ёд мекарданд. Сайид Иброҳими Назар, яке аз ҳамсафону пайравони оқои Ҳимматзода дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, Муҳаммадшариф Ҳимматзода комилкунандаи Сайид Абдуллоиҳи Нурӣ буд: “Худованд ҳардуи инҳоро дар замоне офарид, ки якдигарро комил мекарданд. Мо ин ду шахсиятро наметавонем бигӯем, ки танҳо мулло буданд, ё сиёсатмадор. Ин ҳарду шахсияти комил буданд. Вақте бо онҳо аз ислом ҳарф мезадӣ, муллову донимшанд буданд, вақте дар бораи сиёсат ҳарф мезадӣ, сиёсатмадори комил буданд”.

Муҳаммадшариф Ҳимматзода, раҳбари рӯҳонии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, солҳои ахир аз бемории саратон ранҷ мекашид ва роҳ гашта наметавонист. Вай яке аз муассисони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва аз ҳамроҳони Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари пешини Иттиҳоди мухолифин ва поягузори ҷараёни муқовимати сиёсӣ-мазҳабӣ дар Тоҷикистон буд.

Вай дар нахустин анҷумани баъди даргузашти муассиси ҳизби наҳзат Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар соли 2006 ба мақоми пешвои маънавии ин ҳизб баргузида шуд. То замони ҷангҳои дохилӣ ӯ раёсати ин ҳизбро бар ӯҳда дошт. Баъди имзои Созишномаи сулҳи мухолифин бо ҳукумат ӯ чанд муддат сафир оид ба супоришҳои махсуси давлати Тоҷикистон буд.

Дар интихоботи соли 2000 ва 2005-уми Маҷлиси намояндагон аз феҳристи ҳизбӣ вориди порлумон шудааст. Аммо аз соли 2005 ба сабаби беморӣ наметавонист дар ҷаласоти Маҷлиси намояндагон ба таври мустақим ҳузур дошта бошад ва соли 2009 аз ин вазифаи худ ба далели норизоиятияш аз қабули қонуни нави озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ истеъфо дод.

Вай дар синни 59-солагӣ дар шаҳри Душанбе дар манзили худ аз дунё чашм пӯшид. Дар ҳамон синну соле, ки Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар соли 2006 фавтида буд.
XS
SM
MD
LG