Ин дар ҳолест, ки бар асоси қавонини Тоҷикистон дар интихоботи қарибулвуқӯъ тавасути вакилони маҷлиси маҳаллӣ дар панҷ ҳавзаи саросарӣ дар кишвар 25 нафар ба узвияти Маҷлиси Миллӣ интихоб хоҳанд шуд. Афзун бар ин, ба иттилои масъулони Кумиссиюни марказии интихобот куллияи номзадҳои пешбарӣшуда, аъзои ҳизби ҳокими халқӣ - демократ ва умдатан раисони шаҳрҳо, вилоёт ва ноҳияҳои Тоҷикистон ҳастанд.
Интихоботи берақобат
Эъломи пешбарии 27 номзад ба интихоботи вакилони Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон дар ҳолест, ки то баргузороии ин интихобот шаш рӯзи дигар боқӣ мондааст.
Он гуна, ки Муҳибулло Додоҷонов, раиси дафтари Камисюни мараказии интихоботи Тоҷикистон гуфт, аксарияти номзадҳои пешбаришуда намояндагони Ҳизби халқӣ - демократии ҳоким ҳастанд. Ӯ мегӯяд, "чаҳор нафар ғайриҳизбӣ, ду нафар аз ҳизби коммунист ва бақия ҳама аз ҳизби халқӣ - демократӣ ҳастанд"
Муҳибулло Додоҷонов ҳамчунин афзуд, ки дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе 5 номзадӣ бидуни рақиб ва танҳо дар ҳавзаи Рашту Тоҷикобод ва дар яке аз ҳавзаҳои Бадахшон барои як курсӣ ду нафарӣ рақобат хоҳанд кард. Дар ҳар сурат интихоботи вакилони Маҷлиси Миллӣ ба таърихи 25 март бидуни рақобати ҷиддӣ сурат хоҳад гирифт.
Ин дар ҳолест, ки вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ дар рӯзи интихобот 25 нафарро интихоб хоҳанд кард ва дар миёни номзадҳои пешбаришуда умдатан чеҳраҳоеро аз раисони вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои Тоҷикистон дидан мумкин аст.
Муҳаммадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе ва раиси собиқи Маҷлиси Миллӣ, Расул Қоҳирзода ва Ғайбулло Афзал, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва Бадахшон аз нахустин номзадҳо ба интихоботи қарибулвуқӯъ ҳастанд, ки пирӯзии онҳо собит аст.
Бо таваҷҷӯҳ ба чунин шеваи пешбарӣ ва интихоб Ашурбой Имомов, ҳуқуқшиноси тоҷик бар ин аст, ки Маҷлиси Миллиро наметавон ниҳоди касбии қонунгузор гуфт, «ин палата, палатаи халқӣ нест, дар интихоботи вай мардум бевосита ширкат намекунанд, ва умуман нақши вай чандон рушан нест. Касбият, яъне професиализм дар Маҷлиси Миллӣ нест. Ин хел талабот гузошта нашудааст ва Қонун низ инро пешбинӣ накардааст».
Ба Маҷлиси Миллӣ зарурате ҳаст?
Аммо Маҷлиси Миллӣ дар чӣ шароит ва замоне ва ба чӣ аҳдофе рӯи кор омад?
Сайфулло Сафаров, муъовини раиси Маркази мутолеоти стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, пас аз имзои Созишномаи сулҳи миёни давлат ва иттиҳоди мухолифони собиқ ниёзе ба чунин ниҳоди қонунгузор ба вуҷуд омад.
Ӯ гуфт: «сабаби аслии пайдо шудани Маҷлиси Миллӣ дар Тоҷикистон он буд, ки баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ бояд манфиатҳои минтақаҳо дар сатҳи олӣ риоя карда мешуд. Ин пеш аз ҳама аз ҷониби давлат ба вуҷуд омадааст. Чунки ба ҳам овардани манфиатҳои минтақавӣ ва миллӣ ва давлатӣ албатта пеш аз ҳама аз тарафҷи давлат сурат мегирад. Чун опозисиюн, аҳзоби сиёсӣ ва гурӯҳҳои дигар манфиатҳои худашонро доранд. Ва манфиатҳои онҳоро наметавон гуфт, ки ҳамаи манфиатҳо сад дар сад ба манфиатҳои милливу давлатӣ мувофиқат мекунанд. Аз ин сабаб ин бештар ба манфиатҳои давлатӣ асос ёфта буд ва ташабускори ин албатта давлат аст».
Аммо бархе аз таҳлилгарон бар ин назаранд, ки давлат дар шароити пас аз ҷангӣ то ҷое аз нерӯи опозисиюн ҳарос дошт ва ба хотири дар даст доштани нуфзуи контроли ниҳоди қонунгузорӣ, ба порлумони дупалатагӣ мувофиқат кард ва маҳз Маҷлиси Миллиро таъсис дод.
“Маҷлиси Миллӣ пешниҳоди мухолифини собиқ набуд”
Давлати Усмон, аз раҳбарони собиқи Иттиҳоди мухолифони пешин ин иддаъоро таъид мекунад вале мегӯяд, «буданд чунин як фаразияҳо. Чунки он вақт Итиҳоди мухолифин қавӣ буд ва чунин фарзияҳо ва ҳаросҳо вуҷуд дошт. Аммо пайдоиши палатаи дупалатагӣ пешниҳоди Иттиҳоди мухолифон набуд. Ин аз дохили ҳукумат садо дода буд ва баъд ҳам мо шоҳиди он шудем, ки шояд ин натиҷаи тақсим кардани қудрат шуд дар худи ҳокимияти ҳамонвақта. Чизе, ки имрӯз расман то имрӯз омада истодааст. Ҳамон чизе, ки тақсим шуда буд ва то имрӯз ба назар мерасад».
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ҷаноби Усмон, таъсиси парлумони касбӣ дар Тоҷикистон яке аз талаботҳои асосии Иттиҳоди мухолифони собиқ буд, вале на ба шеваи дупалатагӣ, балки як ниҳоди қонунгузор бо ширкати ҳама неруҳо ва намояндагони манотиқи Тоҷикистон.
Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази мутолеоти стратегӣ, ниҳоди вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мӯътақид аст, ки дар мавриди заминаҳо ва сабабҳои пайдоиши Маҷлиси дупалатагӣ, ба хусус, Маҷлиси миллӣ, набояд омилҳои дохилӣ ба назр гирифта шавад, балки таҷрибаи ҷаҳонӣ бештар маҳакии ин иқдом шудааст.
Ҷаноби Сафаров, бар ин бовараст, ки дар муқоиса ба Қирғизистон, ки аз низоми дупалатагӣ даст кашидааст, Тоҷикистон ба он авлавият қоил аст.
Даҳ соли беасари Маҷлиси Миллӣ
Аммо бештари соҳибназарон, аз ҷумла Давлати Усмон аз он изҳори таассуф мекунад, ки бо гузашти даҳ сол аз фаъолияти Маҷлиси Миллӣ муҳим ва муаассир будани ин ниҳод барои ҷомеъаи Тоҷикистон то ҳол рӯшан нашудааст.
Ҳарчанд тасвиби қонунҳои тасвибкардаи Маҷлиси намояндагон палатаи поёнӣ, таъсис ва барҳам додани воҳидҳои марзию маъмурии кишвар, таъин ва барканор кардани Додситони Кулл ва муовинони он ва интихобу фарохонди Раису муъовинони Додгоҳҳои Қонуни Асосӣ,Олӣ, Олии Иқтисодӣ аз салоҳиятҳои Маҷлиси Миллӣ аст.
Аммо таҷрибаи фаъолияти Маҷлиси Миллӣ собит кардааст, ки ин ниҳод боре лоиҳаи қонуне ва номзадии фарди пешниҳоди ба мақомҳои додситонӣ ва додгоҳиро рад накардааст ва аз хатти кашидаи давлат берун нашудааст.
25 узви Маҷлиси Миллӣ тавассути раъйгирии вакилони маҷлисҳои шаҳру навоҳӣ интихобот интихоб шуда, 8 нафари онро Президент таъин хоҳад кард. Раиси ҷумҳури пешин ҳаққи узви доимии Маҷлиси Миллиро дорад.
Ҳамакнун номи ду узви Маҷлиси миллӣ мушаххас аст, яке Қаҳҳор Маҳкамов, раиси ҷумҳури пешини Тоҷикистон ва Сайдулло Хайруллоев, раиси пешини Маҷлиси намояндагон.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон се рӯзи пеш зимни суханронӣ дар нахустин иҷлоси порлумони нав гуфт, хадамоти шоёни Сайдулло Хайруллоевро ба назар гирифта ӯро ба аъзогии Маҷлиси Миллӣ пешниҳод кардааст.