Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суханронии Оқил Оқилов дар Ню-Йорк


Оқил Оқилов, сарвазири Тоҷикистон, зимни суханронӣ дар нишасте дар мақарри Созмони милал гуфт, бояд як василаи муассири идораи захираҳои обӣ дар ҷаҳон бунёд гардад.

Муколамаи марбут ба масоили об дар сатҳи олӣ чорабиние дар чаҳорчӯби Даҳсолаи байнулмилалии об мебошад, ки дар Ню-Йорк доир гардид. Дар нишасти мазкур сарони кишварҳо, раҳбарони ҳукуматҳо ва вазирони кишварҳои узви СММ захоири об ва аҳамияти он барои рушди давлатҳо, ҳифзи сарватҳои обӣ ва муҳити зистро баррасӣ карданд. Оқил Оқилов ба ҳайси намояндаи кишвари мубтакири ин Даҳсола дар ин муколама суханронӣ намуд.

Сарвазири Тоҷикистон гуфт, бо назардошти вазъи бӯҳронии дастрасӣ ба об дар ҷаҳон, афзоиши аҳолӣ ва таъсири тағйири иқлим ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба сӯи истифодаи оқилона ва одилона аз захираҳои обӣ қадамҳои мушаххас бигзорад ва ин захираҳо бояд бо назардошти манфиатҳои ҳамаи мардумон, рушди иқтисодии кишварҳо ва ҳимояи муҳити зист истифода шаванд.

Хабаргузории давлатии "Ховар" ҳарфҳои сарвазири Тоҷикистонро меорад, ки идораи муассири захираҳои обиро яке аз вазифаҳои аслии ҷомеаи ҷаҳонӣ номидааст. Оқил Оқилов гуфтааст, беш аз 60 дарсади захираҳои оби Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон сарчашма мегиранд, вале Тоҷикистон ҳамагӣ 15 дарсади онро истифода мебарад. Обҳои боқимондаро кишварҳои поиноб асосан барои обёрии заминҳояшон истифода мебаранд ва ин дар ҳоле, ки қариб нисфи аҳолии Тоҷикистон дастрасӣ ба оби тозаро надорад.

Сарвазири Тоҷикистон ҳамчунин аз бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар Тоҷикистон ҳарф зад ва изҳори умедворӣ кард, ки оғози фаъолияти ин нерӯгоҳҳо ҳам кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳам ҳамсоягони ин минтақаро бо нерӯи барқ таъмин мекунад.

Оқил Оқилов аз мушкили баҳри Арал низ ёдовар шуд ва бори дигар аз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бартараф кардани оқибатҳои ин фоҷеаи муҳитзистӣ ёрӣ хост.

Ӯ ҳамчунин гуфт, моҳи июни соли ҷорӣ дар пойтахти Тоҷикистон конфронси байнулмилалии сатҳи олӣ дар масъалаи об баргузор хоҳад шуд.

Қарор аст, дар аввалҳои моҳи апрел дабири кулли СММ Бан Ги Мун ба Тоҷикистон сафар карда, ҳамзамон бо баррасии масоили ҳамкориҳо бо Тоҷикистон, масъалаи баргузории ин конфронси байнулмилалӣ таҳти сарпарастии СММ-ро низ матраҳ созад.
XS
SM
MD
LG