Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ислоҳи қонуни иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ


Давлати Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба «Қонун дар бораи Иттиҳодияҳои ҷамъитӣ» -ро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ироа кардааст.

Ба гуфтаи масъулони Вазорати адлияи Тоҷикистон, нукоти аслии ин тағйироту иловаҳо тартиби бақайдгирии созмонҳои маҳалии Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва барҳамдиҳии онҳо аст, ки тибқи он бахшҳои созмонҳои ҷамъиятӣ бояд дар маҳаллҳо аз қайд гузаранд.

Коҳиши созмонҳои иҷтимоъӣ

Тибқи иттилоъи масъулони Вазорати адлияи Тоҷикистон, агар соли 2007 дар ин ниҳоди давлатӣ 3 130 созмону итиҳодияи ҷамъиятӣ сабти ном шуда бошад, пас ҳоло теъдоди ин муассисаҳо ба 2130 адад мерасад. Ба ин тартиб, фаъолияти ҳазор созмону иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон барҳам хӯрдааст. Сабаб чист?

Давлат Сулаймонов, раиси бахши иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва аҳзоби сиёсӣ дар Вазорати адлияи Тоҷикистон, мегӯяд, бисёре аз созмонҳои ҷамъиятие, ки раҳбарашон миллати ғайритоҷик будаанд, Тоҷикистонро тарк карданд ва ба ин далел фаъолияти созмонҳояшонро низ қатъ кардаанд. Ҳамчунин, аз назари ҷаноби Сулаймонов, кам шудани теъдоди созмонҳои ҷамъиятӣ дар қамларави кишвар сабаби дигар низ дорад, «бисёре аз ташкилотҳо бо грантҳо фаъолият мекунанд. Аммо вақте, ки грант дарёфт карда наметавонанд, дар ин ҳолат дигар фаъолият карда наметавонанд. Пас аз он ки қонун қабул шуд, ин созмонҳо дубора худро сабти ном накарданд».

Нуриддин Қаршибоев, раиси Итиҳодияи миллии расонаҳои мустақили хабрии Тоҷикистон, бар ин назар аст, ки барйерҳо ё маҳдудиятҳои зиёде, аз ҷумла, дахолати ниҳодҳои андоз ба фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ дар бештари маворид монеъи фаъолияти муназзами созмонҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ шудааст. Зеро, ба гуфтаи вай, имрӯз ҳар ниҳоди давлатӣ ба тарзи худ созмонҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва аз ҷумла расонаҳоро низ сабти ном мекунанд. Вай гуфт, ҳатто иттилоъ дорад, ки бархе аз расонаҳо аз тариқи «равзанаи ягона», ки тавассути Кумитаи андоз сурат мегирад, дар ин ниҳод аз қайд гузаштаанд ва ин ниҳоди давлатӣ низ онҳоро маҷбур кардааст, ки аз қайди ин кумита гузаранд. Дар ҳоле, ки ниҳоди аслии масъули сабти ном – Вазорати адлия мебошад.

Нуриддин Қаршибоев бар ин назар аст, ки беҳтар аст, то созмонҳои ҷамъиятии назири расонаҳо танҳо дар як ниҳод ва он ҳам дар вазорати адлия аз қайд гузаранд, то тавонанд фаъолияти худро ба таври бояду шояд ба роҳ монанд. Давлат Сулаймонов, масъули шӯъбаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва аҳзоби сиёсӣ, низ аз тариқи «равзанаи ягона» ё дар Кумитаи андоз сабти ном шудани созмонҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро нодуруст мешуморад ва мегӯяд, «дар ҳақиқат вақте, ки бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ аз 1-уми июли соли 2009 ба ихтиёри Кумитаи андоз дода шуд, ба ҳангоми баланс супоридан дар мақомоти андоз хунукназарӣ сурат гирифта ва шояд аз надонистани қонун бошад. Ба мо низ бисёр аризаҳо дохил шудааст ва дар онҳо омадааст, ки мақомоти андоз маҷбур мекунад, то омада аз сари нав аз қайд гузаранд. Ин мувофиқи қонун умуман нодуруст аст».

Тағйироту иловаҳо ба қонун

Ин дар ҳолест, ки дар ҳафтаи гузашта давлати Тоҷикистон ба парлумони ин кишвар пешнависи тағйироту иловаҳо ба «Қонун дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъитӣ» -ро ироа кард. Масъулони Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯянд, ин ислоҳия тартиби бақайдгирии созмонҳои маҳалии созмонҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва барҳамдиҳии онҳоро дар бар мегирад. Зеро, ба таъкиди Давлат Сулаймонов, «дар пайи ба Кумитаи андоз бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ба роҳ монда шуд, сабти номи (филиалҳо) бахшҳо ва намондагиҳои созмонҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва барҳамдиҳии ин муассисот дар асоси қонуни онҳо пеш бурда мешуд. Ба ин далел, зарурат пеш омад, ки ба қонун дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъитӣ тағйирот ворид карда шавад. Ин пешнавис низ ба ин хотир аст»

Ба ин тартиб, ҷаноби Сулаймонов мегӯяд, пас аз баррасӣ ва тасвиби ин пешнавис аз сӯи парлумон дафтари намояндагиҳо ва бахшҳои созмонҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар маҳаллҳо, аниқтараш дар идораи адлияи шаҳру вилоят ба қайд гирифта мешавад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи дафтари марказии созмонҳо ва иттиҳодияҳои ҷаъмиятӣ дар Вазорати адлия дар шаҳри Душанбе сабти ном мешаванд ва ҳоҷате ба сабти дафтарҳо ва намояндагиҳои онҳо дар маҳаллҳо нест. Бархе аз соҳибони созмонҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ин тартибро шеваи «бюрократӣ» -и меросмонда аз замони Шӯравӣ медонанд. Аммо масъулони Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯянд, ин ба нафъи худи созмонҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъитӣ аст ва ин тартибро моддаи 56-уми қонуни гражданӣ низ пеншбинӣ кардааст.

Созмонҳои ҷамъиятӣ - таҳти назорат

Дар ҳар сурат, ҳуқуқдонҳо иқдоми давлат барои сабти номи созмонҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар маҳаллҳоро талоше дар ҷиҳати таҳти назорат гирифтани фаъолияти созмонҳои иҷтимоъӣ медонанд. Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони Тоҷикистон, мегӯяд, «қаблан созмонҳои ҷамъиятии маҳаллӣ дар шакли хаттӣ ба мақомоти маҳаллӣ аз замони таъсисашон хабар медоданд, то ки мақомоти давлатии маҳаллӣ дар ҷараён бошад. Ҳамакнун агар давлат мехоҳад ба қонун дар бораи тартиби ба қайдгирии созмонҳои ҷамъиятии маҳаллӣ тағйирот ворид кунад, пас ин кушиши таҳти назорати ҷиддитар гирифтани фаъолияти ниҳодҳои маданӣ мебошад, ки хуб нест».

Ҷаноби Ҳакимов бар ин назар аст, ки иқдоми ахири давлат аз таҷрибаи Қирғизистон бар меояд. Зеро, ба гуфтаи вай, дар минтақа дар муқоиса ба ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар ҷунбишҳои сиёсӣ, созмонҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ фаъол ҳастанд ва кушиш кардаанд, ки ҳамагуна таҳаввулотҳоро ба анҷом расонанд ва ташаббускори таҳаввулотҳои ҷиддӣ буданд. Ба ин далел, ӯ мӯътақид аст, ки ҳукумат аз фаъолтар шудани иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳамчун ниҳоди муҳими ҷомеъаи шаҳрвандӣ дар ҳарос аст.

Дар соли 2005 Қирғизистон вориди эътирозҳои густарда тавассути табақаҳои мухталифи ҷомеъа гардид, ки дар ниҳоят ба инқилоби ба истилоҳ «лолаӣ» мунҷар шуд ва ҳукумати Аскар Акаев, раиси ҷумҳури пешин аз ҳам пошид. Гуфта мешавад, дар ин таҳаввулот саҳми созмонҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъитӣ ва ҳамзамон дасти ҳомиёни онҳо аз хориҷ низ бузург дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG