Сафҳои тӯлонӣ дар нуқтаҳои ваксинзанӣ
Бо сафҳои навбати тӯлонии волидону атфоли зиёд дар нуқтаҳои ваксинзанӣ, сӯҳбату мулоқоти вижаи табибон бо волидону омӯзгорон дар боғчаву мактабҳои миёна, намоишу пешниҳоди барномаву наворҳои тарғиботӣ, тариқи расонаҳо маъракаи саросарии моякӯбии алайҳи фалаҷи атфол оғоз шуд.
Ҳарчанд аксар модарони тоҷик роҷеъ ба ин марази сироятӣ ва нишонаҳову роҳҳои гузариши он чандон иттилои комил надоранд, аммо бо шунидани ваҳшату кушанда будани ин мараз дафъатан ҳама волидон ба хотири ҳифзи ҷони фарзандонашон сӯи дармонгоҳу марказҳои саломатӣ мешитобанд.
Санам Мирзоева, табиби оилавӣ дар дармонгоҳи марказии пойтахт, дар сӯҳбат бо "Ояндасоз" гуфт, сокинон ин маъракаро воқеан ҷиддӣ қабул карда, ширкати густарда доранд, ки ин ба қавли ӯ метавонад ба рафъи хуруҷи нигаронкунандаи полиомелит дар кишвар мусоидат кунад.
Ба ин тартиб, то 5-уми июн бояд як миллион тифли то 6-сола аз воксин алайҳи фалаҷ бархурдор шаванд.
Маризие, ки ҷон ва ҳам дасту пойро мегирад
Табибон мегӯянд, эмкунӣ ин роҳи ягонаи ҷилавгирӣ аз вируси хатарноки полеомелит – фалаҷи кӯдакона аст, ки бинобар оморҳо дар тайи як моҳи хуруҷаш дар Тоҷикистон боиси фавти 12 кӯдак ва сироятёбии 171 нафари дигар гаштааст.
Аввалин гирифтори ин беморӣ дар Тоҷикистон маълум нест, вале муайян шудааст, ки вируси полиомелит аз Ҳиндустон, ки манбаи ин беморӣ аст, оварда шудааст.
Мунира Каримова, мудири шӯъбаи беморхонаи бемориҳои сироятии Душанбе, мегӯяд, феълан дар ин муассиса атфоли то 10-солаи гирифтори фалаҷ табобат мегиранд, аммо ӯ аз овардани омори дақиқи ин беморон худдорӣ кард. Ӯ гуфт, шумори ин гуна беморон зиёд нест ва ҳоли аксарияти маризон аллакай беҳбуд ёфтааст.
Ба гуфтаи Мунира Каримова, полиомелит, ки аксаран чун фалаҷи кӯдакона ёд мешавад, барои афроди то 30-сола низ хатар дорад, бахусус ба онҳое, ки эм нашудаанд ва бинобар паст будани масъуния, баданашон тавони мубориза бо ин вирусро надорад.
Полиомелит ё фалаҷ, чун дигар бемориҳои сироятии рӯда шадид оғоз ёфта, баландшавии ҳарорати бадан, беҳолӣ, дарди сар, дилбеҳузурӣ ва беҳаракатии дасту пой аз нишонаҳои аввали сироятёбӣ ба он аст.
"Ба тозагӣ риоя кунед"
Ин беморӣ аз чанд марҳила иборат аст. Марҳилаи аввал, ки дар бархе ҳолатҳо то 40 рӯз идома мекунад, марҳилаи ниҳоӣ аст, ки аломатҳои беморӣ мушаххас намешавад ва боиси хуруҷи беморӣ шуда, ба фалаҷшавии дасту пойи кӯдак ё ба аз пой афтонидани ӯ мерасад. Мунира Каримова, масъули беморхонаи бемориҳои сироятии пойтахт, гуфт, беморӣ ба воситаи об, дастони ношуста, риоя накардани қоидаҳои беҳдорӣ, тариқи бозичаҳои кӯдакона мегузарад.
Вале мегӯяд, хонум Каримова, беҳтарин роҳи ҷилавгирӣ аз ин ва дигар бемориҳои сироятӣ миёни кӯдакон ин риояи қоидаҳои беҳдорӣ аст, вале, ба қавли ӯ, кӯдакон имрӯз аз оддитарин қоидаҳои беҳдорӣ огоҳ нестанд ва аз сӯи волидон ба ин масъала чандон таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намешавад.
Мунира Каримова, табиби бемориҳои сироятӣ таъкид мекунад, ки волидон бояд ба хотири пешгирӣ аз хуруҷи маризиҳои сироятӣ ба фарзандон аз хурдсолӣ риояи беҳдошту, фарҳанги тозагиро омӯзанд.