Қаҳрамонеро, ки фашист накушт, тоҷик кушт?
Ҳайдар Қосимов иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва охирин Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон будааст, ки дар 70-солагӣ, моҳи марти соли 1993, пас аз оташ зада шудани манзили зисташ дар ноҳияи Вахшу фирорӣ шудани хонаводааш ба ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон, аз сӯйи афроди мусаллаҳ ба қатл расидааст.
Фарзияҳои қатли Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гуногунанд. Таърихнигорон мегӯянд, Ҳайдар Қосимов дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ узви ягон ҷониби даргир - фронти халқӣ ва ё нерӯҳои мухолифин набуд ва танҳо қурбони маҳалгароиҳои ҳамватанонаш шудааст. Номзади улуми таърих Зебониссо Сатторова мегӯяд, барои қотилони Ҳайдар Қосимов танҳо ҳамин далел кофӣ буд, ки вай зодаи ноҳияи Комсомолобод буд.
Набераи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Зафар Ҳайдаров ҳам ба ин фарзия мувофиқ аст. Зафар нақли бибияшро ба ёд меорад, ки:
«соли 1992 аз номи бобои раҳматиам номаи саропо тӯҳбат ба унвони мардуми минтақаи Кӯлоб навиштаанд, ки гӯё вай гуфтааст, «шумо бар зидди мардуми мо ҷанг карда истодаед, ман ҳам акнун ба даст силоҳ гирифта, бар зидди шумо ҷанг хоҳам кард». Ин суханҳои тӯҳматомез ҳеҷ мантиқӣ нест. Бобои ман Қаҳрамони СССР буд, вай ҳеҷ гоҳе миёни маҳалҳои кишвар фарқ намегузошт, бо ҳама баробар буд. Шояд ҳамин мактуби пурғараз ҳам сабаби марги бобоям шуда бошад…»
Додситонии вилояти Хатлон мегӯяд, қатли Ҳайдар Қосимов кори дасти афроди мусаллаҳест, ки сабукрави «ГАЗ-24» ва нишону медалҳои тиллоии ӯро зӯран аз худ кардаанд. Варқа Зайниддинов, сухангӯи додситонии минтақа, мегӯяд, дар он замон дар қаламрави ноҳияи Қумсангир гурӯҳҳои зиёди муташаккили мусаллаҳ мавҷуд буд.
Ашки шодӣ дар Берлин, ашки ҳузн дар Вахш
Ҳайдар Қосимов дар беш аз ҳазор муҳорибаи хунини Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар солҳои 1941-1945 ширкат варзида, барои шикаст додани нерӯҳои алоҳидаи душман дар Берлин ва дигар хизматҳои шоёнаш бо нишони тиллоии «Қаҳрамони Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ» қадр карда шудааст.
Назофат Ҳайдарова, келини марҳум Ҳайдар Қосимов, мегӯяд, бо ҳама сахтиҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ вай аз фронт бо унвони олии «Қаҳрамони ИҶШС» солим ба зодгоҳаш - ноҳияи Вахш баргашт, аммо дар кӯҳансолии худ аз дасти ҳамватанонаш кушта шуд. Хонум Ҳайдарова мегӯяд, солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон Ҳайдар Қосимов рӯҳан зиёд азият мекашид ва аз ҷавонони деҳ даъват мекард, ки даст аз низоъҳо бардоранд, сӯйи ҳам тир накушоянд. Аммо дигар ҳарфи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, марди бообрӯву соҳибэҳтиромро касе гӯш намедод.
Келини қаҳрамон ба ёд меоварад:
«Ёдам ҳаст, ки вай рӯйи хараки ҳавлӣ нишаста, ғарқи андеша мешуд, ки чаро тоҷикон вориди низоъ шуданд, чаро бо ҳам забон намеёбанд, мегуфт. Калонсолону муллоҳои деҳро даъват карда, мегуфт, ки мардумро ба иттиҳод бикашанд, аз гирифтани силоҳ ба даст даст кашанд. Аммо вайро «Коммунисти сурх» бароварданд, гуфтанд, ки ин зидди мо гап мезанад. Бечораро беҳурматӣ карданд, оқибат, вай кушта шуд. Ҳатто ҷасадашро аз маҳалли наздик ба фурудгоҳи Қумсангир тайи як моҳ намегузоштанд, ки бигирем ва бообрӯ ба хок супорем…»
Дафтарчаи хотираҳо
Феълан аз Ҳайдар Қосимов фарзандону набераҳо танҳо ду ҷомадон санаду дафтари хотираҳои ӯро ба мерос гирифтаанд. Осори оташсӯзиҳои манзили Қаҳрамон дар деҳаи Туркманистони ноҳияи Вахш ҳанӯз ҳам боқист. Ҳайдар Қосимов ҳар рӯзи оғози ҷанги шаҳрвандиро дар дафтари ёддоштҳояш сабт карда, аммо афроди номаълум навиштаҳои ӯро оташ задаву нобуд кардааанд.
Зафар Ҳайдаров, набераи Ҳайдар Қосимов, аз охирин навишта аз ёддоштҳои бобояш иқтибос меоварад:
«6-уми майи соли 1992. Имрӯз чоршанбе. Дирӯз тарафи оппозитсия ҳамла оварда, идораи телевизиони Тоҷикистон гирифта шудааст. Пас аз ин хонаи ҳукуматро ҳам дар дасти худ гирифтааст. Ҳоло субҳи 6-уми май. Ҳаво абрӣ, кам-кам борон меборад. Президент Раҳмон Набиев аз радио баромад карда, халқро ба ҳимояи ватан даъват карда истодааст. Ҳоло ҳам комитети телевизион дар ихтиёри майдони шаҳидон аст. Пагоҳӣ хабар доданд, ки чанд нафар кушта шудаасту, якчанд нафар ярадор шудааст…»
На ҳарфи нав, на дасти ёрӣ
Мақомоти додситонӣ ва раёсати умури дохилаи вилояти Хатлон мегӯянд, то ҳанӯз тафтиши парвандаи қатли охирин Қаҳрамони тоҷикистонии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳайдар Қосимов идома дорад, аммо мақомот ҳарфи наве дар робита ба ин парванда гуфта наметавонанд.
Пайвандони қаҳрамон мегӯянд, манзили худро бо кӯмаки СММ қисман бозсозӣ кардаанду ҳоло ҳам қисме аз манзили зисти Ҳайдар Қосимов хароб боқӣ мондааст. Зафар мегӯяд, ягона ёрие, ки аз мақомот дар ин солҳо дарёфт кардаанд, он буд, ки чанд сол пеш, дар пешорӯи 9-уми май, аз ҷамоат ба пушти дарашон як халта гандум оварда партофтанд. Тамом.