Нафъи ҳамаи минтақа
Генерал Аҳмад Ваҳидӣ аз сатҳи ҳамкориҳои низомӣ бо Тоҷикистон изҳори хушнудӣ кард ва гуфт, ин сафараш дар робита ба «таҳаввули ҷадиде дар равобит барои баҳрагирӣ аз зарфиятҳоест, ки то кунун камтар истифода шудааст ва умедворем, то онро фаъол кунем».
Вазири дифоъи Эрон равобити дифоъӣ бо Тоҷикистонро дар ҷиҳати тақвияти сулҳ ва пойдории амният дар минтақа муҳим арзёбӣ кард ва гуфт, ки «ин ҳамкориҳо манфиате барои ҳама кишварҳои минтақа хоҳад буд».
Вазири дифоъи Эрон вазъи ноороми Афғонистонро яке аз аз омилҳои густариш ва тақвияти ҳамкории низомӣ бо Тоҷикистон талаққӣ кард ва гуфт, «мавқеъи геополитикӣ ҳосиле аз иртиботу ҳамкориҳои ин се кишвар метавонад таъинкунанда бошад ва ҳам метавонад кумак кунад, ки ба таъмини субот ва ҳалли баъзе аз масоил, монанди маводи мухаддир, терроризм ва баъзе аз ноамниҳои дигар, ки метавонад дар сояи ин ҳамкориҳои сеҷониба ҳатман тақвият бибахшад».
Авлавияти сафар ба Тоҷикистон
Сафари вазири дифоъи Эрон ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки тамрини баҳрии Эрон зери номи «Вилоят-89» дар Халиҷи Форс имрӯз ба марҳалаи ниҳоӣ мерасад. Аммо вазири дифоъ дар рӯзи охирини ин тамринот, ки Эрон ба ин восита тавони мушакҳояш дар муқобили ҳамлаи эҳтимолии Исроилро ба намоиш мегузорад, дар Тоҷикистон қарор гирифтааст.
Вазири дифои Эрон дар посух ба зарурати сарфи назар кардани охирин рӯзи тамринот ва авлавият гузоштани сафар ба Тоҷикистон, гуфт, «ин сафар бо даъвати Шералӣ Хайруллоев, ҳамтои тоҷикам, сурат гирифта, чун бояд зудтар ин сафар анҷом мешуд, аммо гирифториҳо монеъи анҷоми ин сафар шуд. Ба ҳар ҳол лозим буд, ки ба ин даъват ҳар чӣ зудтар посух бидиҳем. Ба ҳамин далел, ман фикр кардам, ки метавонам дар охирин рӯзи размоиш дар Эрон набошам, балки дар ин ҷо дар миёни дӯстони тоҷикам қарор бигирам».
Мавзӯъи Роғун
Вазири дифоъи Эрон дар посух ба суоли он ки оё Эрон дар ҳалли ихтилоф миёни Тоҷикистон ва Узбакистон бар сари эҳдоси неругоҳҳо чи кумаке карда метавонад, гуфт, « ба ҳар ҳол кишварҳои ҳамсоя бояд ба ҳамдигар ҳамкорӣ дошта бошанд, зеро роҳи пешрафти ҳар кишваре аз масири ҳамкорӣ бо кишварҳои дигар сурат мегирад. Табиатан, агар ҳар ду кишвар аз Эрон дархосте дошта бошанд, Эрон кумаки худро дареғ нахоҳад кард ва фикри мо низ ин аст, ки бояд кумак кард. Аз сӯи дигар, тарҳҳое, ки дар Тоҷикистон сурат мегирад ба нафъи миллати Тоҷикистон аст ва инро тақвият бахшид ва дар ин замина бояд кумак кард».
Ҳамчунин, вай таъкид кард, ки «Тоҷикистон манбаъи саршоре аз об дорад ва истифода ва баҳрабардорӣ аз инҳо ҳам кумак мекунад барои Тоҷикистон ва он барқи тавлиди аз онро ҳатто барои кишварҳои дигар ҳам бояд истифода шавад ва набояд ин табиати худододро раҳо кард ва дар ин роҳ лозим бошад, Эрон кумаки лозимро метавонад бикунад».
Дидорҳо дар Тоҷикистон
Аҳмад Ваҳидӣ, вазири дифоъи Эрон субҳи имрӯз, 13-уми май, ҳамчунин бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидор кард, вале хабарнигорон ба ин мулоқот роҳ дода нашуданд ва феълан хабаре роҷеъ ба мавзӯъи сӯҳбати раисҷумҳур Раҳмон бо вазири дифоъи Эрон нашр нашудааст.
Интизор меравад, пас аз зӯҳри имрӯз Аҳмад Воҳидӣ бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ ва раисони ҳар ду палати порлумони Тоҷикистон – Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Шукурҷон Зуҳуров мулоқот кунад.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, фардо вазири дифоъи Эрон аз маҳалли сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда-2, ки тавассути ширктаҳои эронӣ бунёд мешавад, дидан мекунад.
Собиқаи ҳамкориҳои низомӣ
Собиқаи ҳамкориҳои низомӣ ва низомиву техникии Эрон ва Тоҷикистон ба соли 1997 бар мегардад. Аз он сол то кунун Эрон дар омӯзиш додани кадрҳои низомии тоҷик, муҷаҳазсозии техникии нерӯҳои мусаллаҳ ва таъминоти артиши навпои Тоҷикистон кӯмак кардааст.
Аз ҷумла, бо мусоидати Эрон корхонаи таҳиякунии либоси низомӣ барои сарбозону афсарони артиши Тоҷикистон роҳандоӣ шуда ва даҳҳо мутахассисони тоҷик дар муассисаҳои таълимии Эрон омӯзиш дидаанд.
Тоҷикистон ва Эрон якдигарро шакирони табиӣ унвон мекунанд.
Дар ҳафтаи гузашта таҳти раёсати муовини вазири корҳои хориҷии Эрон Ҳасан Қашқовӣ як ҳайати ҳукумати ин кишвар барои баррасии имкони лағви низоми раводид миёни ду кишвар ба Душанбе омада буд.
Аммо дар мавриди лағви раводид шаҳрвандӣ миёни ду кишвар тавофуқ ҳосил нашуд. Ду ҷониб танҳо барои додани раводиди сесола барои сармоягузорон ва раводиди яксола барои донишҷуён ба тавофуқ даст ёфтанд.
Назарҳо ба сафари вазири дифои Эрон
Аммо акнун суоли матраҳ ин аст, ки чаро дар ҳамин мақтае аз вақт вазири дифои Эрон ба Тоҷикистон сафар кард ва чаро вазири дифои Тоҷикистон ҳам сафари ҳамтои эронии худро дар пасманзари таҳаввулоти ҷории дунё муҳим арзёбӣ кард.
Ба эътиқоди бархе соҳибназарон дар фурсати кунунӣ Эрон, ки барномаи ҳастаиша баҳсбарангезтар мешавад, манфитдори ҷалби бештари шарикон дар саҳнаи байналмилалӣ аст.
Эрон бар сари барномаҳои ҳастаияш бо Ғарб ихтилофоти ҷиддие дорад ва ахиран Омрико ва кишварҳои ғарбӣ аз ташдиди таҳримҳо алайҳи Эрон сухан гуфтаанд.
Ба назари бархе таҳлилгарон, Эрон ба миёнҷигарии ва истифода аз имкони Тоҷикистон дар созмони ҳамкориҳои Шанхай низ манфиатдор аст.
Аммо дар айни ҳол равобити Тоҷикистон бо Узбакистони ҳамсоя аз як сӯ ва аз сӯи дигар бо шарики суннатияш Русия ба тирагӣ гароида ва дучори мушкили ҷиддӣ шудааст. Ва дар чунин ваъияте, ба гуфтаи таҳлилагрон, Тоҷикистон мехоҳад ҳампаймони наве дар канори худ дошта бошад.
Равобити Тоҷикистон бо Узбакистон ва Русия бар сари ихтилофи назар дар мавриди сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба сардӣ гароида аст.
Бархе дигар таҳлилгарон сафари вазири дифои Эронро як сафари рамзӣ унвон мекунанд ва мегӯянд, ҳалли масоили чандоне ба ин сафарҳо вобаст анамебошад.
Аммо ин назар низ матраҳ аст, ки Тоҷикистон дар сурате, ки равобиташ бо шарикони собиқаш ба сардии бештар мегарояд, гузинаи дигаре барои ҷуброн кардани ҷои онҳо, ҷуз наздикӣ ба Эрон ва Афғонистон надорад.