Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рашод Ҳусейн: «Аз таъсиси комиссия хушҳолем»


Амрико аз таъсиси комиссияи ҳуқуқи башар дар назди Созмони конфронси исломӣ, истиқбол мекунад.

Ин матлабро Рашод Ҳусейн, фиристодаи Иёлати Мутаҳҳидаи Амрико дар СКИ, рӯзи чаҳоршанбеи 19-уми май, пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, баён кард.

Рашод Ҳусейн: «Мо аз ин иқдом хушнуд ҳастем ва омодагиҳо ва тасмимгириҳои ҳукумати мо дар ҳамкорӣ бо ин комиссия аст. Дар мулоқот бо раисҷумҳур оид ба ҳуқуқи комили инсон, ҷиҳати риояти унсурҳои асосии эътиқоду дину мазҳаб таъкид намудем. Бахусус, оид ба озодиҳои инсон ҷиҳати риояи пиёдасозии дини мубини ислом, озодии пушиш ва ҳиҷоб матраҳ шуд».

Рашод Ҳусайн назари худро дар бораи вазъи озодии эътиқодоти динӣ дар Тоҷикистон чунин баён кард: «воқеан он сиёсате, ки Амрико дар Тоҷикистон пиёда месозад, ба хотири таъмини риояти ҳуқуқ озодиҳои инсон, ба хусус мусалмонон, ки 97 дарсади ҷамъияти ин кишварро ташкил медиҳанд, мебошад. Мо бештар корҳои ташвиқиро ба роҳ мемонем, то ҳукумат ҳуқуқ озодиҳои дин, эътиқод ва мазҳабро фароҳам кунад, на ин ки унсурҳои асосии эътиқодот маҳдуд нагардад».

Ба гуфтаи фиристодаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, дар мулоқот бо раисҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди иҷрои уҳдадориҳое, ки дар ҳамкории Амрико, бо ҷомеаи мусалмонӣ бояд пиёда шаванд, изҳори назар сурат гирифта ва табодули афкор дар робита ба тасмимгирҳо ва омодагии Барак Обама, раисҷумҳури Амрико, оид ба ин минтақа ва рӯи кор доштани дар бисёре аз масоил ва ҳалли қазияҳо дар манотиқи даргир баргузор шуд.
XS
SM
MD
LG