Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии ҳамсояҳо аз хуруҷи фалаҷ дар Тоҷикистон


Хуруҷи фалаҷи атфол дар Тоҷикистон кишварҳои ҳамося дар Осиёи марказиро нигарон кардааст. Узбакистон ахиран марзҳои худ бо Тоҷикистонро баст ва кишварҳои дигари минтақа низ тадобири пешгиронаеро рӯи даст гирифтаанд.

Зафар Раҳимҷонов, консули Узбакистон дар Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, бинобар хуруҷи вируси фалаҷи атфол дар Тоҷикистон, Узбакистон барои ҷилагирӣ аз эҳтимоли сирояти ин вирус марзҳояш бо Тоҷикистонро масдуд кардааст.

Зафар Раҳимҷонов, консули Узбакистон дар Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, бинобар хуруҷи вируси фалаҷи атфол дар Тоҷикистон, Узбакистон барои ҷилагирӣ аз эҳтимоли сирояти ин вирус марзҳояш бо Тоҷикистонро масдуд кардааст.

Ҳоло барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон дар убуру мурури гузаргоҳҳо шароити махсус ҷорӣ шудааст. Барои ходимони дипломатӣ ва афроде, ки ба маросими таъзия мераванд ва ё бемор ҳастанд, иҷзоаи гузар дода хоҳад шуд.

Зафар Раҳимҷонов, гуфт: «Бо асари бемории фалаҷ, ки дар минтақаи Хатлон ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ хуруҷ кардааст аз 7 май мувақатан роҳои оҳан аз марзи Сурхондарё баста шудааст».

Ҳоло барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар убуру мурури гузаргоҳҳо шароити махсус ҷорӣ карда шудааст. Барои ходимони дипломатӣ ва афроде, ки ба маросими таъзия мераванд ва ё бемор ҳастанд, иҷозаи гузар дода хоҳад шуд. Кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон низ чораҳои назоратии беҳдоштиро таҳким бахшиданд.

Даври дуввуми моякӯбӣ анҷом шуд, аммо мардум огоҳӣ надорад

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт иттилоъ додааст, ки дар Русия низ тадбирҳои беҳдошти нисбати пешгирӣ аз бемории полиомиелит тақвият ёфтааст. Ва ҳамин созмон, бо такя ба сарчашмаҳои хабарии Русия гуфтааст, ки дар Иркутск вуҷуди ангезаи полиомителит дар ҷисми як кӯдаки 9 моҳаи тоҷикро тасдиқ шудааст.

Ва ҳоло ин кӯдак дар зери назорати табибон қарор дорад. Русия тасмим гирифтааст, моякӯбии гурӯҳҳои осебпазиро дар қаламраваш идома диҳад.

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт иттилоъ додааст, ки дар Тоҷикистон ангезаи бемории полеомиелит дар тани беш аз 429 нафар ба қайд гирифта шуда ва аз ин теъдод 129 нафар гирифтори бемори ба истилоҳ "фалаҷи шадиди канора" шудаанд.

Аз 129 нафар далели ошкоршуда 27 нафараш кӯдаки то 1 сола, 80 нафар аз 1 то 5 сола, 15 нафар аз 6 то 14 сола ва 7 нафар сини балоғат то 15 ва аз он ҳам боло будааст.

Шамсиддин Ҷобиров, раҳбари маркази моякӯбии вазорати беҳдошти Тоҷикситон мегӯяд, ки даври дуввуми маъракаи моякӯбӣ дар кишвар ба охир расид ва 99 дарсади афтол моякӯбӣ шудаанд.

Гулрухсор Раҳим, як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, ҳарчанд даври дуввуми маъракаи моякӯбӣ хотима ёфт, аммо то кунун мардум огоҳии комил дар бораи зарурати моякӯбӣ аз бемории фалаҷро надоранд.

Аслан муборизаи саросарӣ бар зидди полио бо иштироки Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, ЮНИСЕФ-Бунёди кӯдакони СММ ва созмони Ротарӣ Интенешенел дар соли 1988 шурӯъ ва дар соли 2003-ум муаллифони барнома иброз доштанд, ки сирояти саросарии полио 99 дар сад коҳиш ёфтааст.

Фалаҷ дар куҷо боқӣ мондааст?

Дар мамолики ғарбӣ нишоне аз ин вирус намондааст, вале дар Афғонистон, Ҳиндустон, Нигерия, Покистон ба таври муназзам ҳодисаҳои сирояти ангезаи полио ташхис мешавад.

Пол Адовоҳепке, раиси барномаи мубориза бо полио дар Нигерия, ки аз тарафи ЮНИСЕФ сарпарастӣ мешавад, мегӯяд, дар соли 2003-ум онҳо маҷбур буданд, ки муддате иҷрои барномаро мутаваққиф кунанд, зеро дар байни мардум овозаҳо паҳн шуда буданд, ки гӯё ваксина худ сабаби тавсеаи беморӣ мебошад.

Вале ба қавли Адовоҳепке, имрӯз сокинони Нигерия худ ба назди табибон рафта, дархост мекунанд, ки кӯдаконашонро бар зидди полио ем кунанд.

Ҳамингуна сару садоҳо оммавӣ низ дар Тоҷикистон дар мавриди он ки кӯмакҳо беҳдошти худ боиси ангезаи бемориҳо ҳастанд, ҷо доранд.

Тибқи иттилои Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, ки чандин сол ба ин тараф дар Тоҷикистон бемории полиомиелит ба қайд нагирифта буданд ва эпидемияи ахир комилан ғайри мунтазир будааст.
XS
SM
MD
LG