Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд ин гуна садоҳои таркишмонанд дар ду - се нуқтаи шаҳр, аз ҷумла дар наздикии бозори собиқи Зарнисор ва маҳаллаҳои Автовакзал ва Профсоюз шунида шудааст, гурӯҳи тафтишотӣ то ҳол мушаххас накардааст, ки воқеъан ин инфиҷорҳо бар асари таркиши чӣ маводе рух додааст.
Маҳмадулло Асадуллоев дар ин бора гуфт: «Ягон нафар зарар надидааст. Тахминан дар ҷои беодам рух додааст. Яке дар наздикии Автовокзал. Дигараш дар наздикии бозори собиқи Зарнисори маҳаллаи Зарафшон. Ду ё се таркиш будааст, вале яго нишон пайдо нашудааст. Ба ҷуз ҳамон як садо. Мутахассисони соҳаи криминалистикаи вазоррати корҳои дохилӣ чунин ақида доранд, ки ин таркишҳои гӯё як намуд пиротехникае ҳаст, ки аз кардон тайёр мешавад ва ҳангоми таркиш танҳо аз он садо мебарояду халос. Дигар чизе боқӣ намемонад».
Аммо таҳқиқи мо мушаххас кард, ки дар воқеъ яке аз ин таркишҳо дуртар аз бозори собиқи Зарнисор, дар наздикии мактаби шумораи 86 - маҳаллаи Зарафшон иттифоқ уфтодааст.
Шоҳидон қисса мекунанд
Зеро ҳангоме, ки аз ин маҳал боздид кардам, гурӯҳе аз кормандони пулис ва нерӯҳои амниятӣ ҷойи ҳодисаро печонда буданд ва касеро наздик шудан намемонданд. Ҳатто аз сӯҳбат бо ман худдорӣ карда ва нагузоштанд, ки аксе низ бардорам. Чан тан аз сокинони маҳаллаи Зарафшон ва фурӯшандагони бозори собиқи Зарнисор дар сӯҳбат бо мо чунин изҳори назар карданд.
Як мӯйсафеди 70 сола гуфт, «тахмианан соатҳои 10 буд, як садои баланд баромад, ростӣ тарсидем».
Зане, ки саргарми фурӯши нон дар бозори собиқи Зарнисор аст, мегӯяд: «Ман дар ҳамин бозори Зарнисор савдо мекардам. Яке садои баланд шуд, ки бозорро ба ларза даровард. Овози таркиш милси овози хлопушка набуд, аз он баландтар буд. Не, ин хлопушка набуд. Мисли, ки газ метаркад ё чизе макафад, ба ҳамон монанд буд. Ҳама бачаҳо, мардум давида ба сӯи овози таркиша рафтанд, Такодав шуд».
Як ҷавони дигари тарбузфурӯш афзуд: «Соатҳои даҳ буд, ки ман аллакай дар хона будам, ҳамроҳи модарам. Ногаҳон як садои гӯшхарош шуд ва ман ба модарам рӯ оварда гуфтам, ки «оча, чизе таркид!».
Афзун бар ин бештари сокинони шаҳри Душанбе, ки дар дигар аз гӯшаҳои пойтахт ба сар мебаранд, гуфтанд, ки шабонгоҳ садои таркишеро шуниданд, ки шабеҳи инфиҷори маводи тарканда будааст.
То кунун ҳеҷ касе ва гурӯҳе масъулияти ин инфиҷорҳоро бар ӯҳда нагирифтааст. Аммо ин суол матраҳ аст, ин таркишҳо чи ангезаеро метавонанд дар пай дошта бошанд ва ба чи хотире созмон дода шудаанд.
Ҳадаф аз роҳандозии таркишҳо чӣ буд?
Саймиддин Дӯстов, коршиноси тоҷик ҳадафи аслӣ аз ин гуна таркишҳоро даҳшатафканӣ дар миёни мардум медонаду халос.
Ӯ мегӯяд: «Дар чанд соли ахир таркишҳо рух додаанд, аммо омилони онҳо ошкор нашудаанд, ки албатта шубҳаро дар миёни ҷомеъа ва ҳамин тавр фарзияҳоро зиёд менамояд. Аммо агар ҳадафи гурӯҳе вайрон кардани вазъ дар Тоҷикистон бошад, ӯ метавонад аз таркишҳои бузургтаре истифода кунад. Вале агар ҳадафи ин гуна таркишҳо зарар расондан ба ҳукумат бошад, пас интихоби маҳалли таркишҳо аблаҳона менамоянд. Ба ин далел, ман фикр мекунам, ки ҳадафи аслӣ даҳшатафканӣ дар миёни мардум ва тарсондани онҳо аст».
Аммо таркишҳо дар Душанбе дар ҳоле иттифоқ уфтодааст, ки ҷомеъаи Тоҷикистон машғули таҷлил аз Рӯзи Ваҳдати миллӣ аст. Мақомоти расмии кишвар дар раъси президент Эмомалӣ Раҳмон, ба манзури ширкат дар тантанҳаои идона дар вилояти Бадахшон қарор дорад ва ҷашни расмии Рӯзи Ваҳдати Миллӣ ба таърихи 27 июн дар маркази шаҳри Хоруғ баргузор хоҳад шуд.
"Таркиш кори дасти мухолифони сулҳ аст"
Ҳикматуллои Сайфуллозода, коршиноси Маркази таҳлили «Диалог» вуқӯъи таркишҳо дар Душанберо ба ин рӯз марбут медонад ва мегӯяд: «Ҳамон гурӯҳҳое, ки дар оғоз ба ваҳдат ва ба созиш расидани тарафҳои сулҳи тоҷикон мухолф буданд, пайт мекобанд, фурсати мунсоиб меҷӯянд ва аз худ дарак медиҳанд, ки мо ҳеҷ гоҳ қабул надорем ин созишро намеписандем ва паём мефиристанд, ки кадом корҳое эҳтимол сурат мегирад».
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилоъи масъулони вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ба манзури таъмини амнияти сафари президент Раҳмон ба Бадахшон ва таҷлили Рӯзи Ваҳдат, куллия кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ дар ҳолати омодабош қарор доранд ва дарроҳҳои аслии пойтахт, посгоҳҳои вижа, бо шумули маъмурони БДА ва воҳидҳои махсуси вазоррати дохилӣ ташкил ёфтааст.
Ин дар ҳолест, ки дар гузашта, дар рӯзҳои ҷашн, неруҳои махсуси вазорати корҳои дохилӣ дар роҳу ҷодаҳо ба чашм намерасиданд. Бархе аз таҳлилгарон иллати ин амрро ба ҳаводиси ахири Қирғизистон рабт медиҳанд ва мегӯянд, эҳтимол дорад, неруҳои интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон аз паёмади ташаннуфи авзоъ дар кишвари ҳамося нигарон ҳастанд.
Аз сӯи дигар, бидуни шак, вуқӯъи силсилатаркишҳо дар шаби чаҳоршанбе ба фаъолияти омодабошии сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон афзудааст.
Зимнан, дар ду моҳе қабл низ дар шаҳри Душанбе инфиҷоре рух дода буд, ки як корманди вазорати корҳои дохилӣ, ки маводи тарканда дар худрави хусусии вай ҷо шуда буд, ҷон ба саломат бурд.
Тобистони соли гузашта низ ду маврид инфиҷор дар шаҳри Душанбе ба вуқӯъ пайваст, аммо талафоти ҷонӣ дар пай надошт.