Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин муассисаи хусусии таъмини амният


Ширкати «Ред Лайн» (Хати сурх) нахустин муасиссаи хусусии амниятӣ ва муҳофизатӣ дар Тоҷикистон аст, ки хадамоти таъмини амният ва муҳофизатро дар кишвар анҷом медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон то кунун ниҳоди махсуси муҳофизатии вазорати корҳои дохилӣ чунин хадамотеро аз аҳди шуравӣ то кунун анҷом медиҳад.

Аммо ширкати «Ред Лайн» соли 2006 дар вазорати адлияи Тоҷикистон сабти ном шудааст ва то кунун бештар амнияти биноҳои созмонҳо ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва байналмилалиро таъмин кардааст.

Ин ширкат ҳамчунин аз таъминкунандаҳои аслии амнияти баргузории консертҳои овозхонони саршиноси хориҷӣ дар толорҳо ва варзишгоҳҳои Тоҷикистон будааст.

Шараф Ҳабибов, раиси ширкати «Ред Лайн» ба радиои Озодӣ гуфт, пурсарусадотарин консерти Ораш, овозхони эронӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе, аз сӯи ҳамин ширкат таъмини амният ва муҳофизат шудааст.

Консерте, ки дар рӯзи нахустин баргузор нашуд ва шӯру мағалеро дар варзишгоҳ ба бор овард ва дар натиҷа, на танҳо курсиҳои варзишгоҳ, балки теъдоде аз мошинҳои атрофи стадион низ шикастта шуданд. Гуфта мешуд дар пайи ин ҳодиса нафар низ маҷрӯҳ шуда буданд.

Мусоҳиба бо Шараф Ҳабибовро ин ҷо бишнавед:

XS
SM
MD
LG