Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

В. Азизов: "Ҳунари Кароматулло маро ба эстрада овард"


Валиҷон Азизов, ҳунарманди ҷавон ва шинохтаи тоҷик, пас аз пароканда шудани гурӯҳи ҳунарии «Эҳсон» ба сифати ҳунарманди соҳибсабки эстрада муаррифӣ шуд.

Ӯ дар соли 2003 ба гурӯҳи ҳунарии «Эҳсон» пайваст ва се соли баъдӣ сурудҳои дугона бо Ғолибҷон Юсуфов, муассиси ин гурӯҳ, оғози муаррифии ин ду ҳунарманд буд. Аммо дар соли 2006 Валиҷон бо сабаби ба ҳам наомадани иттифоқи назарҳо бо Ғолибҷон ин гурӯҳро тарк кард.

Пас аз тарки гурӯҳи «Эҳсон» кардан атрофи номи Валиҷон Азизов дар матбуот сӯҳбатҳо зиёд шуд ва ӯ ахиран тасмим гирифт, ки роҳи ҳунарро мустақилона пеш бигирад.

Валиҷон Азизов дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд дар риштаи Шашмақом таҳсил кардааст ва мегӯяд, аммо муҳаббати зиёд ба эстрада ва ҳунарии волои хонандагии ҳунарманди шаҳири тоҷик Кароматуллоҳи Қурбон ӯро сарояндаи поп кард. Дарси Шашмақомро аз ҳунарманди маъруфи тоҷик Ҷурабеки Мурод гирифтааст.

Валиҷон дар ҷаҳор соли ахир чаҳор албоми сурудҳои худро нашр карда ва дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд консертҳо баргузор намудааст.

Валиҷон ахиран тасмим гирифтааст, ки аз Хуҷанд ба Душанбе кӯч бандад ва зиндагиву эҷодро дар пойтахти Тоҷикистон идома диҳад. Аммо ӯ ҳоло дар Душанбе иҷоранишин аст ва аммо умед дорад, ки пойтахти кишвар ба рушди ҳунараш мусоидат хоҳад кард ва дар рақобати ҳунарии миёни ҳунармандони маъруфи кишвар устувор монад.

Валиҷон Азизов меҳмонии "Ситораборон"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:49 0:00
XS
SM
MD
LG