Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"66 ҳазор доллар додам, вале бе хонаву дар мондам"


Зуҳро Раҳматуллоева
Зуҳро Раҳматуллоева

Беш аз чиҳил нафар дар шаҳри Душанбе шикоят доранд, ки ба ширкати бинокории "Салмон Иншоот" пул дода, аммо бо гузашти солҳо соҳиби манзил нашуданд. Онҳо мегӯянд, намояндагони ширкатро намеёбанд, то ба суолҳояшон посух гиранд. Дар Додгоҳи ноҳияи Сино гуфтанд, ки раиси ширкат зиндонӣ карда шудааст.

"Ман 66 ҳазор доллар додам. Барои як манзили якҳуҷраӣ ва як хонаи дуҳуҷраӣ. Ҳардуи онро ба панҷкасӣ фурӯхтаанд," – шикоят кард Зуҳро Раҳматуллоева, сокини шаҳри Душанбе.

Давлатмаҳмад Бегмаҳмадов
Давлатмаҳмад Бегмаҳмадов

Баландошёнае, ки аз сӯи ширкати “Салмон Иншоот” сохта шудааст, дар кӯчаи Ал-Берунии пойтахт ҷойгир аст. Давлатмаҳмад Бегмаҳмадов ҳам мегӯяд, баъди як сол зиндагӣ дар манзили харидааш хабардор шуд, ки хонаи ӯро ба чанд каси дигар фурӯхтаанд.

Ин сокини Душанбе гуфт: “Хонаро бо мақсаде харидам, ки зиндагӣ кунам. Ҳамроҳи аҳли оила чор сол дар иҷора нишаста, ҳамин хонаро харидам. Ҳозир маро мекӯчонанд, ба куҷо меравам?"

Ӯ гуфт, 12 сол дар муҳоҷирати корӣ буд, то соҳиби хона шавад: "Имрӯз мегӯянд, мекӯчонем. Зарари моро кӣ медиҳад? Мо хонаро аз “Салмон Иншоот” харидаем, аз кӯча нахаридаем.”

Дар Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гуфтанд, ки Интизор Асадбеков, мудири ширкати "Салмон Иншоот", 14 сол зиндонӣ шуд, вале бо далели он ки ҳукм қувваи қонунӣ нагирифтааст, наметавонанд ҷузъиётро расонаӣ кунанд.

Бино ба санадҳое, ки Радиои Озодӣ дастрас кард, додситонӣ Асадбековро ба қаллобиву сохтакорӣ муттаҳам кардааст.

Талошҳои мо барои ёфтани вакили мудофеи Интизор Асадбеков то ин дам бенатиҷа монд. Ду манбаи огоҳ аз парванда гуфтанд, "ӯ дар мурофиаҳои додгоҳӣ на ҳама иттиҳомҳоро ба дӯш гирифт".

Муштариён аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва таъкид мекунанд, ки бо гузашти бештар аз 3 моҳ додрас нусхаи ҳукмро ба онҳо намедиҳад. Ин дар ҳолест, ки қонунгузории Тоҷикистон дастрасии ҷабрдидаро ба ҳукм пешбинӣ намудааст.

Ҷалол Бахталиев, сокини шаҳри Душанбе ва яке аз ҷабрдидаҳо гуфт, “мо пулро ба ширкати "Салмон Иншоот" додем, на ба Интизор Асадбеков. Дар ширкат хазинадор аст, муҳосиб аст. Ҳамаашон айбдор. Асадбековро мепурсанд, мегӯяд, ман пулро дар сохтмон истифода бурдам."

Ҷалол Бахталиев
Ҷалол Бахталиев

Ин афрод шахсеро бо номи Маҳдӣ Каримзода “одами асосӣ” дар кори ширкат меҳисобанд, ки ба қавли онҳо “ӯ низ бояд посухгӯ бошад”. Як намояндаи ширкат чизи дигар мегӯяд.

Саидмуъмин Саидов, намояндаи ваколатдори ширкати “Салмон Иншоот”, гуфт: “Маҳдӣ Каримзода ва Саидакмал Боқиев бо Интизор Асадбеков шартнома бастаанд, шартномаи саҳмгузорӣ. Аризаи аввал аз ҷониби ин ду нафар ба Прокуратура пешниҳод шудааст. Дар асоси аризаи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Сипас шаҳрвандони дигар ариза навиштанд, ки ҷабрдида эътироф карда мешаванд.”

Феълан маълум нест сарнавишти даҳҳо ҷабрдида чӣ хоҳад шуд. Мегӯянд, то ин дам муроҷиатҳояшон ба Додситонии кул ва ҳукумати Душанбе бенатиҷа мондааст. Ягона талабашон ин аст, ки ё пулҳояшонро пас бидиҳанд ва ё бо манзил таъмин кунанд.

Видеоро дар инҷо бинед:

"Як хонаро ба чанд кас фурӯхтааст"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:56 0:00


XS
SM
MD
LG