Ба гуфтаи ӯ, сарусадоҳо дар ин маврид ва ҳамчунин дар бораи даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистон дар низои қавмӣ дар ҷануби Қирғизистон аз сӯи нотавонбинҳои оромиву субот дар Тоҷикистон паҳш мешавад.
Қирғизистон – занҷираи заиф?
Дар як сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ генерал Абдулло Назаров гуфт, “баъзе кишварҳои абарқудрат хостории оромии авзои минтақа нестанд ва талош доранд, ки суботро ба ҳам зананд. Онҳо ҳаракат карданд, ки дар Тоҷикистон ҳамин гуна нооромиҳо рӯй диҳанд ва аммо натавонистанд. Ҳукумати Тоҷикистон побарҷой аст, нерӯманд аст, қавӣ аст, фақат аз ин рӯ онҳо натавонистанд, ки ин корро анҷом диҳанд. Ва аммо дар ҷое, ки занҷираи заъиф ёфтанд, корашонро карданд. Умуман, ин гуна ҳодисаҳо дар Қирғизистон бори аввал рӯй надодааст, дар даврони шӯравӣ ҳам, агар дар ёдатон бошад, дар Ӯш миёни қирғизҳову ӯзбакҳо ҳамин гуна муноқиша рух дода буд. Он ҷо ҳам вазъи фавқулоддаву соати комендантӣ ҷорӣ карда буданд. Бетартибиҳои зиёд рӯй дода буд он вақт. Абарқудрат бо истифодаи ҳамин чиз ва бо назардошти он ки дар он мавзеъ ҳамин гуна нозукиву ҳассосият аст, барои мавқеъашро дар минтақа устувор кардан ҳамин корро анҷом додааст. Ин ҷо ягон каси дигар айбдор нест. Баъдан, заъфи мақомоти худи Қирғизистон ҳам ҳаст, ки ин ҳодисаҳоро пешгирӣ карда натавонистанд. Дар ҷое, ки ҳукумат қавӣ нест, дар ҷое, ки мухолифони ҳукумат мардумро мехезонанд, дар ҷое, ки мақомоти махсус амнияти мардумро таъмин карда наметавонанд, ҳамин хел ноҷӯриҳо мешавад. Ва чӣ қадаре, ки ноҷӯриву нооромӣ бошад, ҳамон қадар гурӯҳҳои ҷинояткор аз он манфиат мебардоранд".
Тоҷикҳо дар ҳаводиси Ӯш даст надоранд
Радиои Озодӣ: -Қаблан бархе нашрияҳо бо такя ба муовини раиси кумитаи миллии Қирғизистон Қубод Байболов навишта буданд, ки дар низоъи қавмӣ дар Ӯшу Ҷалолобод сокинони Тоҷикистон ҳам даст доранд...
Абдулло Назаров: -Бале, ба ҳамон кас тӯҳмат зада гуфтанд, гӯё изҳор карда бошад, ки тоҷикҳо он ҷо даст доранд. Корманди масъул инро рад карда гуфт, ки “ман ин гапро нагуфтаам, ин хел нест, тоҷикҳо даст надоранд”. Ва бубинед, дар Қирғизистон касе ҳам ба тоҷикҳо кордор нашудааст. Агар тоҷикҳо даст медоштанд, ҳатман ягон ҳодиса ва гапу хабару сарусадо мешуд. Ман дар Ӯшу дигар мавзеъҳо бо нафарҳои зиёде сӯҳбат кардам, ки шаҳрвандони мо ва ҳаммиллатҳои моянд. Онҳо гуфтанд, ки ба онҳо касе сару кор нагирифтааст, ягон кас болояшон таъзиқу фишор ҳам наовардааст...
Акнун навбати Тоҷикистон аст?
Радиои Озодӣ: -Бархе коршиносони минтақаиву ғарбӣ ҳадс мезананд, ки нооромиҳо дар Осиёи Марказӣ идома хоҳад кард ва акнун, аз нигоҳи онҳо, навбати Тоҷикистон аст. Ин ҳадсзаниҳо ягон воқеият, ягон появу бунёд доранд?
Абдулло Назаров: -Ягон воқеият надорад. Гап сари он, ки бархе гурӯҳҳо “дезинформация” ё ахбори гумроҳкунанда паҳн мекунанд. Вақте ки ман дар ин ҷо, дар Бадахшон таъин шудам, дар интернет навиштанд, ки “Бадахшан на грани социалного взрыва” (“Бадахшон дар остонаи таркиши иҷтимоист”). Гӯё ин ҷо он қадар талотумҳо бошад, он қадар намоишҳо бошад, мақомот кор намекарда бошанд. Дар асл, бубинед, ахиран президенти мамлакат омад ва мардум чӣ қадар бо хушиву хурсандӣ пешвозаш гирифтанд. Раисиҷумҳур танҳо миёни мардум мегашт. Дар Бадахшон он қадар иншоотҳо сохта шуданд, он қадар варзишгоҳҳо сохта шудаанд. Шаҳри Хоруғро шинохта намешавад, мардум ҳама ба корҳои созандагӣ машғуланд. Аммо овоза карданд, ки он ҷо ноором аст, яъне манзурашон он аст, ки он ҷо бояд ноором бошад... Ин гурӯҳҳо худашон ин гуна хабарҳои гумроҳкунанда паҳн мекунанду баъд корҳои тахрибкоронаашонро ривоҷ медиҳанд. Лекин, ман боз таъкид мекунам, ки дар Тоҷикистон ягон хел нооромӣ нест ва намешавад, зеро ҳукумат қавист, мақомоти қудратӣ амнияти мардумро таъмин мекунанд ва мардуми тоҷик ҳам ба такрори нооромиҳо роҳ намедиҳад. Касе ки чӣ қадар кӯшише ба харҷ надиҳад, чӣ қадаре душманӣ ҳам накунад, чӣ қадар ҳасудӣ ҳам накунад, Тоҷикистон ноором намешавад.
Тошканд – сарпарасти Ҳаракати исломии Ӯзбакистон?
Радиои Озодӣ: -Ва таҳдиди оромиву субот аз сӯи гурӯҳҳои мазҳабии пинҳонкор ҳам мавҷуд нест?
Абдулло Назаров: -Дар Тоҷикистон гурӯҳҳои пинҳонкор нестанд, ин гурӯҳҳо дар қаламрави Афғонистон ҳузур доранд. Он ҷое, ки солҳо боз ҷанг идома дорад, ҳатман ин гуна гурӯҳҳо пайдо мешаванд. Бархе аз аъзои ин гурӯҳҳо аз Афғонистон ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад, ва аммо мардум дар бораи онҳо ба мо хабар медиҳад, мо онҳоро дастгир мекунем ва онҳо мувофиқи қонун ҷазо мегиранд....
Радиои Озодӣ: -Манзури ман гурӯҳҳое чун Салафия, Ҳизбуттаҳрир, Ҷомеъаи таблиғ ва Ҳаракати исломии Ӯзбакистон аст...
Абдулло Назаров: -Ҳар гурӯҳе, ки хилофи қавонини Тоҷикистон фаъолият мекунад, новобаста ба мансубияташ ба дину мазҳаб, муҷозот мешавад. Дар бораи Ҳаракати исломии Ӯзбакистон, худатон хуб медонед, ки аз сӯи кӣ сарпарастӣ мешавад. Дар ин бора дар интернет ҳам зиёд навиштанд. Вақте, ки бархе аз кормандони хадамоти амниятии Ӯзбакистон ба кишварҳои аврупоӣ фирор карданд, онҳо рӯирост гуфтанд, ки Тоҳир Юлдошев кист ва аз сарпарасташ ҳам кист. Ва суоле дар миён аст, ки чаро ин гурӯҳ Ҳаракати исломии Ӯзбакистон ном дорад ва аммо фақат алайҳи Тоҷикистон ва Қирғизистон тахрибкорӣ мекунад? Ҷавоби ин суол, гумон мекунам, рушан аст...