Тибқи иттилои додситонии кулли Тоҷикистон ин парванда дар маҷмӯъ, 49 нафарро, ки умдатан пайвандони Мирзо Зиёев ва ҳаммаслаконаш ҳастанд, дар бар мегирад.
Мирзо Зиёев, ки аз фармондеҳони собиқи Иттиҳоди мухолифони пешини давлат буд, ҳамроҳ бо 11 тани дигар ба ҳангоми амалиёти нерӯҳои давлатӣ алайҳи Неъмат Азизов, аз ҳамҳорони Зиёев дар Тавилдара кушта шуд.
Тафтишот гурӯҳи 49 нафарӣ ба раҳбирии Мирзо Зиёев ва Неъмат Азизовро дар ғасби ҳукумат бо роҳи зӯрӣ, куштор, ташкили иттиҳоди ҷиноӣ ва ғайра мутаҳҳам донистааст.
Муҳаммадризо ва Сайидаҳмад Зиёевҳоро, ки Додгоҳи Олии Тоҷикистон маҳкум ба зиндон кардааст, таҳқиқи парвандаи онҳо дар боздоштгоҳи муваққати шумораи яки шаҳри Душанбе, ки бештар ба номи СИЗОИ Кумитаи давлатии амнияти миллӣ маъруф аст, сурат гирифтааст. Бозрасии ин парванда тавассути муффатишони Кумитаи амнияти миллӣ дар шаш моҳи пеш анҷом шуда буд.
Додгоҳи Олии Тоҷикистон мутобиқ ба бандҳои қонуни ҷиноӣ ва низ дар асоси таҳқиқи бозрасон, Муҳаммадризои 23 сола ва Сайидаҳмади 26 соларо дар ғасби ҳокимият бо роҳи зурӣ, ташкили иттиҳоди ҷиноӣ ва истифодаи ғайриқонунии силоҳ муҷрим дониста ва ба онҳо 28 ва 30 соли зиндонро раво дид.
Парвандаи Мирзо Зиёев ва Неъмат Азизов
Аслан ин парванда ба номи Мирзо Зиёев, вазири собиқи изтирорӣ ва фармондеҳи аршади нерӯҳои Иттиҳоди мухолифони пешини давлат ва Неъмат Азизов, аз ҳамроҳони вай марбут аст.
Юсуф Юсуфзода, корманди додситонии кулли Тоҷикистон, ҳангоми ироаи хабари поёни баррасии қазияи нооромиҳои тобистони соли гузаштаи шарқи Тоҷикистон, аз тариқи шабакаи аввали телевизиони ин кишвар дар шоми 14 декабри соли 2009 чунин гуфта буд, «тафтишот муайян намуд, ки Зиёев Мирзо, Азизов Неъмат ва дигар ҳаммаслакони онҳо бо мақсади бо роҳи зуроварӣ ғасб намудани ҳокимият, нақшаи ҷинояткорона таҳия намуда, барои содир кардни таркишҳо, тирпарониҳо, кушторҳо, ба гарав гирифтан, ки боиси халалдор сохтани амнияти ҷамъият ва тарсондани аҳолӣ мегарданд, иттиҳоди ҷиноӣ аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон ва хориҷиён таъсис дода ва ба ин ташкилоти ҷиноятӣ роҳбарӣ намуда, як қатор ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнинро содир кардаанд».
Ин парванда бо шумули Мирзо Зиёев ва Неъмат Азизов ва чанд тан аз шаҳрвандони Русия ва Узбакистон, дар маҷмӯъ 49 нафарро дар бар мегирифт. Вале ин чиз мушаххас аст, ки аз 46 нафаре, ки ҳамакнун матаҳҳамон ва муҷримони зиндаи парванда ҳастанд, умдатан хешу ақрабои Мирзо Зиёев, ба вижа бародараш - Шайх Абдусамад мебошанд.
Аҳмад, як сокини деҳаи Ҳафтчароғи ноҳияи Тавилдара дар ин бора гуфт: «Қариб, ки он афроде, ки ҳамроҳи Мирзо Зиеёв буданд ва хешу табори наздикаш ҳастанд. Бародараш Шайх Абдусамад, фарзандони ӯ, писарони худаш, боз бобои Маҳсиддин бо тахалуси Дед Маҳсиддин, ки синаш 60 болост, мебошанд. Одамон аз се қишлоқи Тавилдара, аз қишлоқи худи Мирзо Зиёев -Хуҷаихлос, баъд аз Ҳафтчароғ ва Чилдараанд».
Ба ин тартиб, гуфта мешавад, тақрибан 6 нафари дигари онҳо сокинони ноҳияи Панҷи Тоҷикистон буда, ҳудуди сӣ тани дигар аз деҳаҳои Хуҷаихлос, Ҳафтчароғ ва Чилдараи ноҳияи Тавилдара ҳастанд, ки пас аз норомиҳои шарқи Тоҷикистон ва даъд аз кушта шудани Мирзо Зиёев, боздошт шуда буданд. Ҳамчунин ду қафқозии чечентабор низ шомили ин парванда ҳастанд.
"Ин ба манфиати доираҳои алоҳида аст"
Ҳикматулло Сайфуллозода, намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки муҳокима ва ба зиндон кашондани писарони Мирзо Зиёев ва дигар афроди марбут ба қазияи нооромиҳои тобистони соли гузаштаи Тавилдара, бозиҳои доираҳои манифатхоҳ дар кишвар аст.
Ӯ мегӯяд: «Агар дар он вақт, дар зоҳири масъала, мантиқ ва раванди кор маънои дигар дошт, вале дидем, ки Мирзо Зиёев аз байн рафт ва иддае аз ҳамроҳони ӯ низ. Баъдан, қисмеро боздошт карданд, ҷавоб доданд ва боз боздошт карданд. Вақте, ки аз ин ҳодиса як сол мегузарад, ман метавонам хулоса кунам, ки ин як бозие буд, тавассути доираҳои алоҳида пиёда шуд. Манфиати худро амалӣ сохтанд. Дигар ҳамин қадар мондааст, ки боқимонда афродеро, ки боздошт кардаанд, онҳо бо иттиҳоме ба маҳбас кашида шаванд. Чун агар як нафаре аз он боздоштшудагон озод шавад, кулли парвандаҳои дигар беасос будан, дуруғ будан ва таҳмилӣ будани онҳо ошкор мешавад. Ба ҳамин хотир ҳар касе, ки боздошт шудааст, он бояд ба маҳбас кашида шавад ва озодиро дигар набинад. Инҷо фақат танҳо таҳмил кардани манфиати доираҳои алоҳида буд, ки дар қисмати шарқии Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст, ки имрӯз мо натиҷаашро дида истодаем ва агар дар маҳкама кадом парвандае ҳукм мегирад, чандон ба воқеияти имрӯзи Тоҷикистон мувофиқ нест».
Маҳкумшудагон аз шикоят худдорӣ карданд. Чаро?
Ин дар ҳолест, ки ҳарчанд дар ҷараёни амалиёти «Кӯкнор - 2009», ки ба даргирӣ миёни неруҳои давлатӣ ва гурӯҳи мусаллаҳи Неъмат Азизов, мунҷар шуд, 11 ҷангии хориҷӣ, бо шумули 8 узви Ҳаракати исломии Узбакистон низ боздошт шуда буданд. Аммо то кунун аз раванди муҳокимаи додгоҳӣ ва маҳкумияти онҳо ба зиндон хабаре дарҷ нашудааст.
Аз сӯи дигар, парванда ба ҳадде «махфӣ» аст, ки на танҳо масъулони додгоҳ ва додситонӣ, ҳатто вакилони мудофеъ ва пайвандони мутаҳҳамон ва маҳкумшудагон аз изҳори назар дар ин замина худдорӣ мекунанд.
Афзун бар ин, маҳкумшудагон, ба хусус Муҳаммадризо ва Сайдаҳмад Зиёевҳо ва пайвандони онҳо аз шикоят бурдан ба ҳукми додгоҳ худдорӣ кардаанд. Зеро гуфта мешавад, ки иқдоми онҳо ва дигарон метавонад амнияташонро зери хатар барад.
Тавилдара баъд аз як соли даргириҳои хунин
Ҳалокати фармондеҳ Неъмат Азизов дар Тавилдара
Марги Мирзо Зиёев
Шарҳи расмии ҳодисаи куштори Мирзо Зиёев