Нусратуло Салимов, вазири тандурустии кишвар, зимни як нишасти матбуотӣ омилҳои зиёд ошкор кардани теъдоди мубталоёнии бемории ВИЧ СПИД-ро ба роҳ мондани корҳои самараноки ташхисӣ унвон кард. Вай афзуд, ки феълан дар кишвар барои табобати бемории норасоии (ВИЧ СПИД) масунияти бадан таҷҳизоти табобатӣ ва мутахассисони зарурӣ бо қадри имкон мавҷуд аст:
«Имрӯз дар кишвар 2204 нафар бемории СПИД ба қайд гирифта шудааст. 481 нафар бемор дар зери назорати табибон табобат гирифта истодаанд. Ҳамчунин 16 кӯдак аз модар сиҳату саломат ба дунё омадааст. Ин кӯдакон дар пай корҳои профилактикии табибон, ки модарони онҳоро зери назорат гирифта буданд, таваллуд шудаанд.»
50 миллион евро барои мубориза бо сил ва СПИД
Нусратулло Салимов афзуд, соли гузашта давлат дар ҳамкорӣ бо вазорат ва Фонди глобалӣ ба ташкилотҳои кӯмакрасони ҷаҳонӣ се лоиҳа дар мавриди пешгирии бемориҳои сил, ВИЧ СПИД ва вараҷа пешниҳод кард. Созмонҳои кӯмакрасон бо назардошти бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ даҳ дарсади лоиҳаро кам карда, ба Тоҷикистон ҳудуди 50 миллион евро ихтисос додаанд. Ҳоло ин лоиҳаҳо дар минтақаҳои мухталиф амалӣ шуда истодаанд.
Дар Тоҷикистон беш аз 20 созмонҳои ғайридавлатӣ ва байналмилалӣ дар самти пешгирии ВИЧ фаъолият доранд. Яке аз чунин созмонҳо созмони ғайридавлатии «Гули сурх», ки беш аз 5 сол аст ба мубталоёни ин беморӣ кумак мерасонад.
Зевар Комилова, роҳбари созмони мазкур, мегӯяд, ки ба мубталоён асосан кӯмакҳои иборат аз маводи хӯрока ва тиббӣ мерасонанд. Ҳамчунин бо мардум корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондаанд. Аммо бо вуҷуди корҳои фаҳмондадиҳӣ дар минтақаҳо занон аз ифшои беморӣ ва муроҷиат ба табиб худдорӣ мекунанд.
Вай гуфт: «Мо бо 700 нафар бемори вируси СПИД дар кишвар кор мебарем. Аз инҳо 60 нафараш занонанд ва мо бештар бо занону кӯдакон кор мекунем. Ин масъла дар минтақаҳо бениҳоят мушкил аст. Занони гирифторшуда аз ҳамсояву хешу табор, ҳатто аз оилаи худаш шарм мекунанд ва кӯшиш мекунад, ки касе хабар наёбад. Зеро медонанд, ки агар атрофиёнаш донанд, албатта дастгирӣ намеёбанд ва ба онҳо ба назари дигар нигоҳ мекунанд.»
Ду ҳазор гирифтори вируси Эйч-Ай-Вӣ дар Тоҷикистон
Ба гуфти ҳамсӯҳбатам, то ҳоло пажӯҳиши тозае дар бораи муайян кардани теъдоди занони мубталоёни бемории мазкур дар Тоҷикистон анҷом нашудааст.
Ҳарчанд, ки вазорати тандурустӣ омори мубталоёни бемории ВИЧ СПИД-ро дар ҳоли ҳозир беш аз 2 ҳазор эълон кардааст, аммо созмонҳои ғайридавлатӣ, ки дар ин самт бо мардум кор мебаранд, вазъро нигаронкунанда унвон кардаанд. Кумитаи кор бо занон низ аз шиддат гирифтани бемории ВИЧ СПИД миёни занон бонги хатар мезанад.
Кумитаи кор бо занони назди ҳукумат ҳам ахиран аз шиддат гирифтани бемории мазкур миёни занону духтарон изҳори нигарон кард. Қиматгул Алибердиева, муовини раиси Кумитаи мазкур, дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, ки Кумита барномаҳои махсуси фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботии зидди бемори вируси СПИД-ро дар минтақаҳои мухталиф ба роҳ мондааст. Натиҷаи корҳои ташкилшуда нишон дод, ки хавфи хуруҷи бемории мазкур бештар дар шаҳрҳо аст.
Хонуми Алибердиева мегӯяд: «Дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ ва минтақавӣ қариб ки нест. Бештар дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ба қайд гирифта шудааст. Иттилое, ки вазорати тандурустӣ ба мо додааст, давоми шаш моҳ 16 нафар зиёд ба қайд гирифта шудааст. Сабаби зиёдшавиаш ин аст, ки дар минтақаҳо занон камтар ба табибон мурҷиат мекунанд, ҳатто дар бораи ин беморӣ маълумот надоранд ва вақте гирифтор шуданд намедонанд».
Тавсеаи СПИД дар зиндонҳо
Моҳи апрели соли ҷорӣ Баҳром Абдулҳақов, ноиби сардори раёсати зиндонҳои Тоҷикистон, дар ҳамоиши кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе иттилоъ дода буд, ки дар зиндонҳои кишвар 40 нафар мубталои ВИЧ ба сар мебарад. Ба гуфти вай, 40 дарсади марги зиндониён дар Тоҷикистон ба далели сирояти вируси камбуди масунияти бадан рух медиҳад.
Салибан Умар, масъули барномаи мубориза бо бемориҳои силу табларзаи Фонди глобалӣ дар Тоҷикистон, мегӯяд, шароити номусоиди зиндонҳои Тоҷикистон боиси афзоиши бемориҳои СПИД ва сил дар байни маҳбусон мешавад.
Аз соли 1991 то ба имрӯз 2009 нафар гирифторони вируси норасоии масунияти бадан дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд. Ба гуфтаи масъулин, аз ин шумор 178 нафар зиндониён мебошанд.
Таърихи вируси масунияти бадан дар Тоҷикистон
Аввалин беморӣ вируси норасоии масунияти одам дар ҷаҳон соли 1981 ва дар Тоҷи¬кистон соли 1991 ба қайд гирифта шудааст. Тибқи омори расмӣ шумораи беморони ба ВИЧ инфексия гирифторшуда дар дунё рӯз ба рӯз меафзояд ва тақрибан 40 миллионро ташкил медихад.
Масъулини Маркази табобати махфии нашъамандӣ дар Душанбе мегӯянд, бештари мубталоёни СПИД аз роҳи сӯзандору ва нашъамандӣ сироят ёфтаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки таҷрибаи ҷаҳонӣ мегўяд, гирифторони СПИД асосан дар пайи алоқаи ҷинсӣ сироят меёбанд.
Силталӣ Алидодхонов, аввалин сардухтури Маркази ҷумҳуриявии профилактика ва мубориза алайҳи СПИД соле пеш дар як мусоҳибаи хеш гуфта буд, ки соли 1987, баъд аз фавти зане дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар организми вай бемории СПИД ба қайд гириф¬та шуд. Ин зан шаҳрванди Тоҷикистон буда, зуд-зуд ба шаҳри Хуҷанд ба аёдати хешу таборон ва наздиконаш меомад. Бинобар ин, метавон гуфт, ки аввалин қурбонии СПИД дар СССР шаҳрванди Тоҷикистон буд. Бинобар ин, зарурати таъсиси Маркази ташхис ва мубориза алайҳи густариши СПИД пеш омад ва соли 1990 бо фармони Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ин марказ созмон дода шуд ва Алидодхонов аввалин сардухтури он таъин гардид.
Аввалин ҳодисаи ба бемории вируси норасоии масунияти бадан гирифтор шудан бевосита дар Тоҷикистон соли 1991 сарнишинони тоҷикистонӣ аз сафари хидматӣ аз Эфиопия баргашта, дар Маскав барои ташхиси тиббӣ хун супориданд ва як нафар аз байни онҳо мунтазири натиҷаи ташхис нашуда, ба ватан баргашт ва маълум шуд, ки ба бемории вируси норасоии масунияти бадан гирифтор шудааст.
Мутахассисони тиб мегӯянд, ки бояд давлат нисбати пешгирии ин беморӣ, ки тадбирҳои ҷиддиро ба роҳ монад ва хатари пайомади бузурги онро бартараф созад вагарна солимии ҷомеа аз даст меравад.