Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳёи мавзӯъҳои "мамнӯъ" дар матбуоти Тоҷикистон


Бо як нигоҳ ба мӯҳтавои нашрияҳои мустақили чопи Душанбе мешавад хулоса кард, ки дигар дар матбуоти Тоҷикистон гӯиё мавзӯъи мамнӯъ боқӣ намондааст.

Агар дар гузашта нашрияҳо ҷуръат надоштанд, ки дар бораи аҳли оилаи раисҷумҳур матлабе нашр кунанд ва ё вазиру вазоратеро мавриди танқиди шадид қарор диҳанд, ҳоло ин мавзӯъҳо барои онҳо қариб маъмулӣ шудааст.

Шахси аввали кишвар дар саҳфаи матбуот

Ҳафтаномаи «Факти и комментарии» интихоботи раисҷумҳурии соли 2013-ро «Мушкили соли 2013» унвон карда, навиштааст, Эмомалии Раҳмон бояд дар фикри вориси хеш бошад, зеро Маскав аз сиёсатҳои Тоҷикистон қаноатманд нест. Ба ҳамин маънӣ як матлаб дар ҳафтаномаи «Бизнес и политика» ҳам нашр шудааст.

Ҳафтаномаи «Нигоҳ» дар матлабе ҳукуматдоронро ба он муттаҳам мекунад, ки «18 сол аст мансаб доранд ва танҳо ба дарди худ, хешу табор ва маҳаллашон мехӯранд».

Ин ҷо суоле пайдо мешавад, ки ин ҳама ҷасорати расонаҳои чопии Тоҷикистон аз куҷо маншаъ мегирад, то куҷо ба ҷомеа таъсир дорад ва то кай идома хоҳад ёфт?

Саймуддин Дӯстов, муассиси ҳафтанома мегӯяд, раванде, ки шурӯъ шудааст, ба ҷасорати рӯзноманигорон аслан бастагӣ надорад: «Ин як равандест, ки ду сол ба ин сӯ идома дорад, аммо ҷомиа онро дидан намехост. Ман соли дуввум аст мегӯям, ки дар Тоҷикистон озодии баён сад дар сад таъмин аст. Ба фикрам, раисҷумҳури кишвар Эмомалии Раҳмон низ барои офаридани чунин як фазо розигии ҳадди ақал ботинии худро додааст. Албатта, ин ба фоидаи ҳам ҳукумати Эмомалии Раҳмон ва ҳам давлатдории тоҷикон аст».

Баҳси тунди нашрияҳо дар бораи IRS

Азизи Нақибзод, хабарнигори ҳафтаномаи «Озодагон» дарвозаҳои ширкати, ба истилоҳ пулчинаки IRS дар масири Душанбе—Чаноқро «дарвозаҳои зулм» унвон кардааст. Вай мегӯяд, лаҳни шадиди матлаб реша дар рӯҳияҳои ҳукмрон дар ҷомиаи Тоҷикистон дорад, ки ба истилоҳ «косаи сабраш лабрез шудааст».

Аммо оқои Нақибзод мегӯяд: «Ҳанӯз ҳам гапҳои ногуфта дар матбуоти тоҷик зиёданд. На ҳама гапҳо гуфта шудаанд. Он чӣ мо мегӯем, 30—40 дарсади мушкилоти Тоҷикистон аст»

Шӯҳрат Қудратов, коршиноси умури ҳуқуқ далели фошгӯии матбуоти Тоҷикистонро ба ҷавон шудани насли рӯзноманигорон мебинад: «Вақтҳои охир дар матбуот мақолаҳои зиёд дар бораи раисҷумҳуру оилааш ва аъзои ҳукумат нашр мешавад, ки як сабаб дорад: ба майдон рӯзноманигорони насли нав омаданд, ки ҷанги шаҳрвандиро надидаанд ва наметарсанд»

Марат Мамадшоев, муҳаррири ҳафтаномаи «Азия — плюс», ки иттилоъи ба Ҷамолиддин Нуралиев, домоди раисҷумҳури Тоҷикистон рабт доштани ширкати IRS - ро нашр карда буд, фошгӯии имрӯзи расонаҳои мустақилро раванди бебозгашт унвон карда, мегӯяд, нерӯе пеши роҳи ин озодбаёниро наметавонад бигирад ва агар бигирад, маҳз он раванд муваққатӣ хоҳад буд:

«Ҳукумат ҳам якдаста нест. Он ҷо консерваторон ҳам ҳастанд, либералҳо ҳам. Ҳоло ба назар мерасад, бозӣ ба нафъи либералҳо аст».

Матбуоти озод ва камхонанда

Дар ҳамин ҳол, иддаи дигар аз коршиносон бар онанд, ки агарчи ҳафтаномаҳо фош мегӯянд ва ҳукумату сиёсатҳои раисҷумҳурро мавриди интиқод қарор медиҳанд, ҳарфи онҳо то мардум намерасад ва қабл аз ҳама сирф бо далоили фаннӣ.

Ба истилоҳи Саймуддин Дӯстов, «панҷгонаи муваффақ»-и расонаҳои мутақили Тоҷикистон - «Нигоҳ», «Озодагон», «Фараж», «Миллат» ва «Азия-плюс» аз 5 то 15 ҳазор нусха ва ҳамон «Факти и комментарии» ҳудуди 500 нусха нашр мешаванд. Ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон 7 миллиону 300 ҳазор нафар ба сар мебарад.

Талошҳои фишор ба расонаҳои мустақил

Аммо дар ҳоли ҳозир доираҳои наздик ба ҳукумати Тоҷикистон даъват ба бастани рӯзномаҳои мустақил мекунанд. Эшони Саидҷони Сорбонхӯҷа, муовини муфтии ҷумҳурӣ ва раиси Шӯрои уламои вилояти Хатлон дар як ҷаласаи ҳукуматӣ ба ҳозирин хитоб кард: "Дар кадом вазифае набошем; олими дин ҳастем, ё коркуни давлатӣ, вазир ё дигар мансабдор, аз Худо битарсем, ба қадри миллату давлатамон бирасем..."

Дар ҳамин ҳол, Иброҳим Усмонов, собиқ мушовири раисҷумҳур ва ҳоло устоди журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон раванди мазкурро як навъ эътирози пассиви матбуот унвон мекунад, ки хусусияти умумисиёсӣ надорад:

«Яъне ин ҳамаро беҳтар аст кашидани гапҳои маъмул ба саҳифаҳои матбуот шинохт. Зеро ин гуна гапҳоро дар кӯчаҳо ҳам шунидан мумкин аст. Аммо дар шароити кунунии ҷомиаҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон ин матолибро мешавад ба ҷуръату ҷасорат ҳам рабт дод, ки ба дарди ҷомиа мехӯранд. Ин раванд давоми ҳамон анъанаҳоест, ки гурӯҳе мехоҳанд дар Тоҷикистон ба озодии баён майдони фарох ба вуҷуд ояд. Ва шояд бар ин замина ҳам ҳаст, ки шароити Тоҷикистон ба ин раванд мувофиқ мешавад».


Бо он вуҷуд ки ҳукумати Тоҷикистон то ба ҳол дар баробари матолибе, ки ахиран нашр шудаанд, вокунише нишон надодааст, дар ибтидои сол ниҳодҳои ҳукуматӣ ва додгоҳҳо нашрияҳои «Озодагон», «Фараж», «Миллат», «Азия-плюс» ва «Пайкон» - ро бо иттиҳоми паст задани шаъну шараф ба додгоҳ кашида буданд ва то ба ҳол ин қазияҳо ниҳоӣ нашудаанд. Коршиносон мегӯянд, ин як раванди пойдор метавонад бошад, агар худи ҷомиа дар он ширкат кунад, аммо дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ин эҳсос намешавад.
XS
SM
MD
LG