Ин хабарро сардабирони нашрияҳои мустақил низ таъйид карда ва гуфтанд, ки масъулони чопхонаи «Мушфиқӣ» дар ин бора ба онҳо рӯзи душанбе, 2-юми август, яъне ҳамагӣ ду рӯз қабл аз замони чопи ҳафтаномаҳо иттилоъ додаанд.
Гурӯҳе аз рӯзноманигорон ин қазияро ба тунднависии ахири бархе аз ин нашрияҳо бастагӣ медиҳанд.
Вале Умед Сатторов, мудири чопхонаи «Мушфиқӣ», ба радиои Озодӣ гуфт, танҳо ба иллати пеш омадани мушкили фаннӣ, онҳо аз сардабирони ин нашрияҳо хостаанд, то рӯзномаҳои худро муваққатан дар матбааи дигаре ба чоп расонанд.
«Мошинаи чопкунӣ вайрон шудааст. Мо аз онҳо хостем, ки муваққатан дар ҷои дигар чоп кунанд. Мошинаи хурд дорем, ки бо он танҳо нашрияҳои худамонро чоп мекунем», -афзуд вай.
Талоши ҳафтаномаҳо барои нашри шумораи нав
Нашрияҳои мустақили «Пайкон», «Озодагон», «СССР», «Миллат» ва «Боргоҳи сухан» то кунун дар чопхонаи «Мушфиқӣ» ба нашр мерасиданд. Ҳоло масъулони ин нашрияҳо дар пайи пайдо кардани чопхонаи дигаре ҳастанд, то шумораи нави ҳафтаномаҳояшон то субҳи панҷшанбе ба дасти хонандагон расад.
Ҷумъабой Толибов, сардабири ҳафтаномаи «Пайкон», гуфт, бо пеш омадани мушкил дар чопхонаи «Мушфиқӣ», ба матбааи «Интишор», ки мансуб ба Акбари Саттор, раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон аст, муроҷиат кардаанд. Оқои Толибов мегӯяд, агарчӣ то кунун дақиқ нест, ки шумораи нави ҳафтаномааш дар ин нашриёт ба чоп хоҳад расид ё на, вале ба ҳар қиммате, ки набошад нашрияро чоп мекунад.
«Аз сабаби ин ки ин ҳолат ба сари мо ногаҳон омад, мо барои хонандагони худ шуда ба ҳар шарту шароит розӣ ҳастем. Бигзор нарх дандоншикан ҳам бошад, мо ҳафтаномаро чоп мекунем. Шумораҳои баъдиро бошад, машварат хоҳем кард», -илова кард ӯ.
Омодагии "Интишор" барои чопи "Пайкон"
Аммо ҳуқуқшинос Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, дар сурате ки нашрияҳо бо чопхонаи «Мушфиқӣ» қародод имзо кардаанд, пас ин чопхона муваззаф аст, ки нашри навбатии ҳафтаномаҳоро дар коргоҳи худ ва ё берун аз он ба нархи арзон ва ё гарон ба чоп расонад.
Оқои Қудратов мегӯяд, дар сурати нақз шудани ин банди шартнома, масъулони нашрияҳо метавонанд, ки барои ҷуброни он зараре, ки ба онҳо расидааст, чопхонаро ба додгоҳ кашанд.
Мушкили фаннӣ ё сиёсӣ?
Аммо Мухтор Боқизода, раиси созмони Хазинаи гиромидошти журналистон, ин қазияи ҳафтаномаҳоро на мушкили фаннӣ ва ё ҳодисаи тасодуфӣ, балки бештар мушкили сиёсӣ медонад.
Вай мегӯяд, дар гузашта низ баъзе аз рӯзномаҳои озодбаён, аз ҷумла «Рӯзи нав»-у «Нерӯи сухан» ба ин гуна мушкилоти фаннии чопхонаҳо дучор омада буданд, ки бо гузашти солҳо ин мушкил ҳалли худро пайдо накардааст.
Аз ин рӯ, ба бовари ӯ, ҳадаф аз ин ҳама эҷоди мушкилҳо ҷилавгирӣ аз чопи рӯзномаҳоест, ки аз ҳадди барояшон муайянкардаи ҳукумат убур мекунанд.
Усулҳои фишор ба расонаҳо
Дар панҷ соли гузашта барои аксарияти нашрия, телевизионҳои хусусиву радиоҳои мустақил чунин мушкили фаннӣ пеш омада, то кунун барои баъзеи онҳо рафъ нашудааст. Барои мисол, то ҳоло телевизиони Симои мустақили Тоҷикистон, танҳо ба далели мушкили фаннӣ наметавонад, барномаҳои худро пахш кунад.
Радиои Имрӯз низ чандин бор барои интиқод аз давлати Тоҷикистон ба мушкили фаннӣ мувоҷеҳ шуда, мавҷи худро аз даст дода буд.
Ҳамин тавр, соҳибназарон мегӯянд, давлат мехоҳад, ки тавассути чопхонаҳо аз нашри ҳафтаномаҳое ҷилавгирӣ кунад, ки дар ду-се моҳи гузашта боҷуръатона ба мавзӯъоти то ин дам табуи матбуоти Точикистон, аз ҷумлаи масоили марбут ба хонаводаи раиси ҷумҳур даст задаанд.
Онҳо мегӯянд, шояд мушкили фаннии «Мушфиқӣ» ҳам паёме барои он рӯзноманигорон аст, ки аз гилеме, ки хукумат барои онҳо густурдааст, фаротар по нагузоранд.
Гурӯҳе аз рӯзноманигорон ин қазияро ба тунднависии ахири бархе аз ин нашрияҳо бастагӣ медиҳанд.
Вале Умед Сатторов, мудири чопхонаи «Мушфиқӣ», ба радиои Озодӣ гуфт, танҳо ба иллати пеш омадани мушкили фаннӣ, онҳо аз сардабирони ин нашрияҳо хостаанд, то рӯзномаҳои худро муваққатан дар матбааи дигаре ба чоп расонанд.
«Мошинаи чопкунӣ вайрон шудааст. Мо аз онҳо хостем, ки муваққатан дар ҷои дигар чоп кунанд. Мошинаи хурд дорем, ки бо он танҳо нашрияҳои худамонро чоп мекунем», -афзуд вай.
Талоши ҳафтаномаҳо барои нашри шумораи нав
Нашрияҳои мустақили «Пайкон», «Озодагон», «СССР», «Миллат» ва «Боргоҳи сухан» то кунун дар чопхонаи «Мушфиқӣ» ба нашр мерасиданд. Ҳоло масъулони ин нашрияҳо дар пайи пайдо кардани чопхонаи дигаре ҳастанд, то шумораи нави ҳафтаномаҳояшон то субҳи панҷшанбе ба дасти хонандагон расад.
Ҷумъабой Толибов, сардабири ҳафтаномаи «Пайкон», гуфт, бо пеш омадани мушкил дар чопхонаи «Мушфиқӣ», ба матбааи «Интишор», ки мансуб ба Акбари Саттор, раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон аст, муроҷиат кардаанд. Оқои Толибов мегӯяд, агарчӣ то кунун дақиқ нест, ки шумораи нави ҳафтаномааш дар ин нашриёт ба чоп хоҳад расид ё на, вале ба ҳар қиммате, ки набошад нашрияро чоп мекунад.
«Аз сабаби ин ки ин ҳолат ба сари мо ногаҳон омад, мо барои хонандагони худ шуда ба ҳар шарту шароит розӣ ҳастем. Бигзор нарх дандоншикан ҳам бошад, мо ҳафтаномаро чоп мекунем. Шумораҳои баъдиро бошад, машварат хоҳем кард», -илова кард ӯ.
Омодагии "Интишор" барои чопи "Пайкон"
Акбари Саттор, раиси Иттиҳоди қурналистони Тоҷикистон, мегӯяд, чопхонаи "Интишор" омодааст яке аз ҳафтаномаҳоро чоп кунад
Дар ҳамин ҳол, Акбари Саттор низ мегӯяд, ӯ омода аст, ки нашрияи «Пайкон»-ро дар «Интишор»-и худ ба чоп расонад, аммо ба шарте ки, ба гуфтаи ӯ, масъулони «Пайкон» ҳаққи хадамоти онҳоро муносиб пардохт кунанд. Аммо ҳуқуқшинос Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, дар сурате ки нашрияҳо бо чопхонаи «Мушфиқӣ» қародод имзо кардаанд, пас ин чопхона муваззаф аст, ки нашри навбатии ҳафтаномаҳоро дар коргоҳи худ ва ё берун аз он ба нархи арзон ва ё гарон ба чоп расонад.