Муҳаммадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати дохилаи Тоҷикиcтон гуфт, боздошт дар қаламрави ноҳияи Файзобод, 50-километрии шарқи пойтахти Тоҷикистон аз сӯи нерӯҳои махсуси ин вазорат анҷом ёфтааст:
«Боз як узви гурӯҳи муташаккили мусаллаҳе, ки аз маҳкамаи тафтишотии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон фирор намуда буданд, дастгир шуд. Абдурасул Мирзоев, соли таваллудаш 1958, сокини шаҳри Душанбе мебошад, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин равонаи зиндон шуда буд».
Абдурасул Мирзоев соли гузашта дар Имороти Муттаҳидаи Араб боздошт ва моҳи январи соли равон ба Душанбе истирдод шуд. Додгоҳи Олии Тоҷикистон ӯро бо 8 моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла ҳифзи ғайриқонунии аслиҳа, таҳияи табаддулоти давлатӣ, ғоратгарӣ ва гаравгонгирӣ муҷрим шинохта, ба 30 соли зиндон маҳкум кард.
"Абдурасул шахси солеҳ буд"
Дар ҳамин ҳол, Ойиша Мирзоева, хоҳари ӯ мегӯяд, Абдурасул шахси мутадаййин ва солеҳ буд. Дар қиёс бо бародараш Ғаффор камгап буд, фақат тиҷорат мекард ва сарварии Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистонро ҳам ба зимма дошт, ки бо ибтикори ӯ дар кишвар чандин мусобиқоти байнулмилаливу минтақавӣ низ баргузор шудаанд:
«Баъд он қадаре, ки додари Ғаффор буд, гуфта, бо ӯ ҳамин гуна рафтор мекунанд? Хайр, тақдирамон будааст. Чӣ кор кунем? Дастамон ба осмон намерасад. Замин сахт, осмон баланд. Ҳоло Ғаффор ҳам дарак надорад, ки додараш ин гуна рафтор кардааст».
Аммо хонум Мирзоева мегӯяд, аз хабари зиндаву саломат пайдо шудани бародараш ором гирифтааст, вагарна нигарон буд, ки ӯро ба қатл расондаанд.
2 сентябр, қабл аз Абдурасул Мирзоев, вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон Иброҳим Насриддинов, яке аз се созмондиҳандаи фирор аз боздошгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро низ дар ноҳияи Файзобод боздошт карда буд.
Қабл аз боздоштҳои ахир тахмин зада мешуд, ки фирориён ба самтҳои дараи Ромиту Файзобод ва водии Рашт панаҳ бурдаанд. Аммо ду боздошти ахир на он қадар дур, дар масофаи 50 километр аз пойтахти Тоҷикистон ба вуқӯъ пайвастанд.
Сухангӯи вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон гуфт, дар асл макони боздоштҳо аз ҳам фарқ мекунанд, аммо ба хотири халал нарасонидан ба таҳқиқот, номи маҳал тағйир дода мешавад. Оқои Асадуллоев гуфт, боздошти ду нафар фаъолиятҳои ҷустуҷӯиро тақвият додааст:
«Заминаи дастгир шудани дигарон фароҳам шудааст. Корҳои таҳқиқотию ҷустуҷӯӣ дақиқан идома доранд. Умедворем, ки дигар аъзоёни гурӯҳ ба зудӣ дастгир мешаванд»
Аммо мақомоти Тоҷикистон дар бораи 23 фирории дигар, аз ҷумла 11 шаҳрванди хориҷӣ – 5 табааи Русия, 4 шаҳрванди Афғонистон ва 2 тан аз Ӯзбакистон то ба ҳол иттилое намедиҳанд.
Тадобири шадиди амнияти дар кишвар
Дар пайи фирори 25 зиндонӣ аз боздошгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаби 23 августи соли равон, дар шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе таркишҳо ба вуқӯъ пайвастанд, ки талафоти ҷонӣ низ дар пай доштаанд.
Ахиран Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ба хотири ҷилавгирӣ аз омоли террористӣ дар фурудгоҳҳои кишвар тадобири ҷадид амниятиро рӯи даст гирифт.
Маҳмадюсуф Шодиев, сухангӯи фурудгоҳ мегӯяд, «халқаи саввум» - и амниятӣ дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон эҷод шудааст:
«Масалан, дар фурудгоҳи Душанбе аз ин ба баъд гуселкунандагон аз шлагбаум, посгоҳи 100 метр дур аз бинои фурудгоҳ убур карда наметавонанд».
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, вазъи кишвар таҳти назорати пурраи нерӯҳои амниятии кишвар аст, аммо коршиносон бар инанд, ки ҳаводиси ахир бар иловаи нигарониҳо, эътимоди мардумро ба ҳукумати Тоҷикистон костааст.