Дар ин муроҷиатнома, ки ба думболи як нишасти фаъолон субҳи рӯзи 20-уми сентябр қабул шудааст, теъдоди кушташудагони ҳамлаи дирӯз ба нерӯҳои давлатӣ 25 нафар унвон шудаааст, дар ҳоле, ки дар баёнияи вазорати дифоъ шумори куштагони ин ҳодиса 23 нафар гуфта мешуд. Ҳамчунин як мақоми умури дохила низ гуфтааст, ки дар воқеъ теъдоди кушташудагон 25 нафар аст.
Фаъолони Рашт аз Мулло Абдулло (Раҳимов) ва Алии Бедак (Аловиддин Давлатов) ба унвони раҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳи зидди давлатӣ ва омилони ҳамлаи дирӯз ёд кардаанд.
Ин фаъолон дар хитобаи худ ба мардум гуфтаанд, ки аъзои ин гурӯҳ дар макбатҳои терористии кишварҳои дигар тарбия дидаанд ва бар ивази пул мехоҳанд ҳадафҳои душманони миллати тоҷикро амалӣ кунанд.
Дар ин муроҷиъатнома омадааст, «аз шумо мардуми водии Рашт хоҳиш менамоем, ки дар якҷоягӣ бо нерӯҳои қудратии кишвар, ба хотири саркӯб намудани харобкорон ва ҷинояткорону қотилони зархарид қиём кунед».
Баёнияи вазорати дифоъ
Вазорати дифоъи Тоҷикистон бо нашри як изҳорот, ҳалокати сарбозони артиш бар асари ҳамлаи як гурӯҳи силоҳбадаст дар ноҳияи Раштро тасдиқ кард. Бино бар маълумоти расмӣ, ҳамла соати дувоздаҳуними рӯзи 19 сентябр рух дода, дар он 10 сарбози дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Пас аз ҷаласаи изтирории сарони ниҳодҳои қудратӣ дар шаҳри Душанбе, вазорати дифоъи Тоҷикистон дар як изҳороти расмӣ ҳамла ба нерӯҳои давлатӣ дар Раштро як амали террористӣ ва "кирдори номардонаву нанговар" номид ва масъулияти онро бар дӯши Аловаддин Давлатов (Алии Бедакӣ) ва Абдулло Раҳимов (Мулло Абдулло) гузошт.
Дар ҳоле изҳороти расмӣ теъдоди кушташудагонро 23 нафар зикр менамояд, хабаргузориҳо, аз ҷумла "Азия Плюс" ва РИА Новости бо такя ба манобеъи худ дар мақомоти қудратӣ, шумори кушташудагон дар ҳамлаи Раштро то 40 нафар мегӯянд. Гузоришҳои расида мегӯянд, ки аҷсоди кушташудагонро тавассути чархбол алакай ба Душанбе овардаанд.
Бино ба гуфтаи манобеъ, нерӯҳои давлатӣ рӯзи якшанбе соати тақрибан 12-30 байни рустои Навобод ва дараи Камароби ноҳияи Рашт, тақрибан 185-километрии шарқи Душанбе, ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд. Вазорати дифоъ мегӯяд, феълан ба маҳалли ҳодиса нерӯҳои изофӣ эъзом шуда, амалиёти таъқиби ҳамлагарон идома дорад.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки ба хотири ширкат дар иҷлосияи солонаи Маҷмаъи умумии СММ ба Ню-Йорк рафтааст, ба пайвандони қурбониён изҳори андӯҳ ва ҳамдардӣ карда, аз мақомоти қудратӣ хостааст, масъулони ҳамлаи ахирро ба муҷозот кашонида, амниятро дар шарқи Тоҷикистон таъмин кунанд.
Бино бар хабари аҳолии маҳаллӣ ва нақли сарбозони захмӣ дар бемористони шаҳраки Ғарм, нимирӯзии 19-уми сентябр дар даромадгоҳи дараи Камароби ноҳияи Рашт, як гурӯҳи силоҳбадаст ба 2 мошини «Урал» -и нерӯҳои давлатии Тоҷикистон ҳамла овардаанд. Мошини аввал аз зарбаи мушакандоз мунфаҷир гашта, сарнишинони мошини дувум бо ҳамлаварон даргир шудаанд.
Бархе аз манобеъ мегӯянд, сарнишинони мошини аввал дар ҳамлаи ғофилгирона аз камингоҳ аксаран ба ҳалокат расидаанд.Гуфта мешавад, 5 нафар аз кушташудагон афсарони Вазорати дифои Тоҷикистон мебошанд.
Ҳодиса аз забони сокинони маҳал
Дар ҳоле ки манбаъҳои расмӣ дар мавриди ин ҳодиса аз ироаи маълумоти бештар худдорӣ мекунанд, як зани сокини Камароб мегӯяд, бо мошини арӯсӣ равон будаанд, ки дар даромадгоҳи дара кормандони амниятӣ онҳоро нагузоштаанд пеш раванд ва гуфтаанд, дар дохил ҷанг аст:
«Ҳамаамонро аз мошин фароварданду мошинамонро барои бурдани захмиҳо ба Ғарм гирифтанд»
Хонуми дигар мегӯяд, аз Ғарм ба хонааш мерафт, аммо дар роҳ банд мондааст:
«Чархболҳоро дар тори сарамон, мошинҳои пури сарбозро дар роҳ дида, тарсидем ва ҳоло дар роҳ мондаем»
Сокинони маҳал аз парвози ду чархболи низомӣ дар фазои дараи Камароб иттилоъ медиҳанд ва соати 2-и баъд аз зӯҳр ҳаракати ду зиреҳпӯш ба сӯи дараро дидаанд.
Ҳалим, ҳамсӯҳбати мо аз деҳоти атрофи Камароб ин гуна қисса кард:
«Як зан омад барои табобати дандонҳои духтараш ва дар омади гап гуфт, ки мо аз дараи Камаробему моро намегузоранд, ки вориди дара шавем. Соатои 2 буд. Пурсидам, ки оромӣ аст, апа. Гуфт, мегӯянд, ки ҷанг рафта аст. Ба рафиқонам, ки аз он деҳот хешу табор доранд, занг задам. Онҳо даргириро таъйид карданд. Баъд буд, ки чархболҳо омаданд. Берун баромадам. Як мошини «Шевролет» омад, ки чароғҳои «аварийниаш» гирон буданд. Як ҷавони афсар аз он берун шуду аз ман роҳи бемористонро пурсид. Гуфтам, дар он гардиш аст. Ман ҳам аз пасашон рафтам. Ба чашми худам дидам, ки афсар аз яктааш фамилияашро гирифта, ҳолашро пурсид. Вай гуфт, ки гӯшам лат хӯрдааст. Дигариаш аз пой захмӣ шуда буд ва ӯро гирифта Ғарм бурданд»
Ҳуввияти гурӯҳи ҳамлавар
Ҳалим аз аз қавли ҳамсӯҳбатҳояш мегӯяд, ки як нафар аз гулулаафкан (гранатомет) ба мошини «Урал»-и сарбозоне, ки барои иваз кардани ҳамхизматҳояшон дар посгоҳ ҳаракат мекардаанд, дар байни деҳоти Шулмак ва Шулеи дараи Камароб тир кушодааст.
Дар бораи ҳуввияти гурӯҳи ҳамлавар манобеъ изҳори беиттилотӣ мекунанд. Олим Одилов, аз размандагони гурӯҳи фармондеҳи собиқи мухолифини тоҷик Мирзохӯҷа Аҳмадов мегӯяд, гурӯҳи онҳо дар ин ҳодисот даст надорад ва афродеро, ки ба нерӯҳои ҳукуматӣ ҳамла кардаанд, намешиносанд:
«Мо дар ягон кор ҳамроҳ нестем. На ба мо ва на ба нерӯҳои ҳукуматӣ кӣ будани ин афрод маълум нест. Мо шиштем дар хонаҳоямон».
Дар ҳамин ҳол, як манбаъ дар вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон гуфт, сарварони ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон як ҷаласаи фаврӣ баргузор кардаанд. Аз ин пеш дар сӯҳбати бидуни микрофон як намояндаи ниҳодҳои қудратӣ авзоъ дар Камаробро "муташанниҷ" унвон карда буд.
Мулло Абдулло ё зиндониёни фирорӣ?
Қаблан дар бораи ҳузури размандагони Мулло Абдулло, собиқ фармондеҳи Иттиҳоди мухолифини тоҷик дар дараи Камароб гузоришҳо пахш шуда буд.
Ҳафтаи гузашта сарони ниҳодҳои қудратии кишвар ба Рашт сафар ва бо фармондеҳони пешини Иттиҳоди мухолифони собиқ, Шоҳ Искандаров ва Мирзохуҷа Аҳмадов гуфтушунид карданд.
Бино бар хабарҳо, вазирони дифоъ ва умури дохилӣ, ноибони аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Додситони кулли Тоҷикистон аз ин фармондеҳон хостаанд, дар муқобили гурӯҳи Мулло Абдулло бо нерӯҳои давлат ҳамкорӣ кунанд. Ин ҳам дар ҳоле ки гуфта мешавад, барои боздошти маҳбусони фирорӣ дар ноҳияи Рашт ситоди муштаракаи сайёри ниҳодҳои қудратӣ таъсис ёфтааст.
Бино бар як хабари дигар, ҳамчунин даргирие дар деҳаи Чанорои ноҳияи Файзобод ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷаи он се корманди Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон захмӣ шудаанд ва ҳоло дар бемористони маркази ноҳия қарор доранд.
Нерӯҳои амниятии Тоҷикистон — ба хотири боздошти 25 фирории боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро дар қаламрави кишвар амалиёт мегузаронанд. То ба ҳол 7 нафари онҳо боздошт шудаанд.
Вокунишҳо
Саидумар Ҳусайнӣ, намояндаи ҲНИ дар парлумон, ки ахиран аз водии Рашт боздид кардааст, дар гуфтугӯи ихтисосие бо РО гуфт, таҳаввули вазъ дар он минтақа сахт нигаронкунанда аст.
Оқои Ҳусайнӣ гуфт, музокироти ахири вазирони қудратӣ бо фармондеҳони собиқ дар Рашт онҳоро нисбат ба ҳалли мусолиматомези мушкилоти бархоста дар он водӣ хеле хушбин карда буд, вале рехтани хун, зоҳиран авзоъро дар шарқи кишвар боз ҳам печидатар мекунад.
Фаъолони ҷамъиятӣ ва сиёсии ноҳияи Рашт, зимни муроҷиъатномае ба сокинони ин водӣ, хостори ҳамкории мардум бо нерӯҳои амниятӣ ва интизомии давлат дар амри саркӯбии гуруҳҳои мусаллаҳе шудаанд, ки рӯзи гузашта бо ҳамла ба корвони нерӯҳои давлатӣ дар дараи Камароб 25 сарбозро ба қатл расониданд.